logo

иҷтимоиёт

БО ҲАМДЕҲАГОНАМ ИФТИХОР ДОРАМ

«Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мо каси дигаре обод намекунад».

Ин суханони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ҳамдеҳагонам дар мағзи дилу ҷонашон эҳсос мекунанд. Ин аст, ки ҳанӯз 4-5 сол пеш ба ободонии деҳаашон – Баракат, воқеъ дар деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор, оғоз карда буданд. Эшон аз эълоншавии солҳои 2019 – 2021 чун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рӯҳбаланд буда, ният доранд, ки дар партави ин ташаббуси Ҷаноби Олӣ иқдомоти хешро боз ҳам бештар намоянд. Аз ҷумла, бародарон Ҳасану Ҳусейн ва Тоҳир Назаровҳо ҳамин шабу рӯзҳо аз пайи бунёди китобхона, варзишгоҳ ва ободонии яке аз кӯчаҳои асосии деҳа мебошанд. Онҳо дар чорчӯбаи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба муносибати Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, майдони маркази деҳаашонро ободу зебо гардонда, дар он сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо баландии 18 метр бунёд намуданд. Бешубҳа, ин ташаббус боз ҳам дар баландтар гаштани ифтихори миллӣ ва ватандории шаҳрвандон нақши муассир мегузорад.
Сокинони деҳа кору пайкори хешро дар асоси иқдомот ва ташаббусҳои Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ карда, роҳи харобгаштаи байни деҳаҳои Даҳбед ва Баракатро, ки тақрибан 3 км аст, дастаҷамъона аз таъмир бароварданд. Абдумалик Файзов ва Абдураҳмон Юсуфов дар маркази деҳа мағозаҳои молу маҳсулоти омехта эъмор намуданд. Бо ибтикори соҳибкор Ашӯралӣ Ҳакимов бошад, мушкилоти аз солҳои 80-уми асри гузашта вуҷуддоштаи сокинони деҳа рафъ гардид. Ӯ аз ҳисоби худ ва ҳамрустоҳояш ба деҳа хати оби ошомиданӣ кашид.
Бародарон Ҳамзахон ва Динмуҳаммад Юсуфовҳо низ дар сафи сокинони ташаббуспешаи деҳа қарор доранд. Аз ҷумла, Динмуҳаммад аз болои селдараи байни деҳаю мактаб пули пиёдагузар сохта,  мушкилоти мардуми деҳа, махсусан, мактаббачагонро бартараф намуд. Динмуҳаммад Юсуфов ғайр аз ин, аз болои канали байни деҳа пули мошингузар сохта, ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 57 хати оби ошомиданӣ гузаронд. Ҳамзахон Юсуфов бошад, теппаҳои қад-қади селдараро, ки садсолаҳо боз барои ҳар пиёдагард бисёр хатарнок буд, ба масофаи зиёда аз 800 метр тахту ҳамвор намуда, роҳи мошингузар сохт. Инчунин, дар деҳа бинои зебои хизматрасонӣ бунёд кард, ки дар он ҳаммом, мағоза, чойхона, сартарошхона ва толори варзиш ҷойгиранд. Мавсуф ҳоло ният дорад, ки дар ин ҷо боз осорхона, бунгоҳи тиббӣ, дорухона ва маркази компютерӣ таъсис дода, мушкили эҳтиёҷмандонро осон гардонад.
Китобхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 57 солиёни зиёд имкони фаъолият надошт. Бо дастгирии Ҳамзахон китобхона таъмир гардида, ба ихтиёри хонандагон гузошта шуд.
Ба ҷуз ин, сокинони саховатпешаи деҳа ҳоло ният доранд, ки қад-қади роҳу кӯчаҳо ва ҷӯю заҳбурҳо дарахтони ороишию сояафкан шинонда, ҳусни деҳаашонро боз ҳам зеботар гардонанд.
Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2019    №: 12    Мутолиа карданд: 160

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед