logo

фарҳанг

ЁДИ НАВИСАНДАРО ГИРОМӢ ДОРЕМ

Аброр Зоҳир чун нависанда дар охири солҳои 80 - уми асри гузашта зуҳур кард. Аввалин асарҳояш дар рӯзномаҳо ва маҷаллаи "Садои Шарқ” дарҷ мегардиданд. Номбурда ба кори эҷодӣ ҷиддӣ пардохта, дар даврони соҳибистиқлолӣ чун нависанда шинохта шуд. Дар мавзӯъҳои мухталиф асарҳои зиёде навишт. Муаллифи зиёда аз 50 роман ва чандин повесту ҳикояҳо мебошад.
Романҳои "Душанбе” "Нуқтаи нафс”, "Бозгашт” "Майдон”, "Мунтасир”, "Дар ҷилди одам”, "Тулӯъ дар ғуруб”, "Ибни Лодан”, "Дунёи бесомон”, "Муҷассамаи ишқ”, "Мотами гурбаи сиёҳ”, "Дар ҷустуҷӯйи инсон”, "Коммунист”, "Арсаи набарди гургон”, ”Ману туву фаришта”, "Муқовимат”, "Ёри ғор”, "Ҷомӣ”, "Таърихи беморӣ” ва повестҳои "Мусофири ҷодаи ишқ”, "Барзак”, "Дуроҳа”, "Моҷарои қабр”, "Таносух”, "Васваса”, "Пастиву баландӣ”, "Мусофири ҷодаи ишқ” маҳсули қалами ӯ мебошанд. Ҳамчунин, Аброр Зоҳир муаллифи чандин филмнома мебошад, ки ағлаби онҳо тариқи киностудияи "Тоҷикфилм”, ТВ "Сафина” ва шабакаи «Тоҷикистон» намоиш дода шудааст.
Аброр Зоҳир адиби зодаи замони истиқлол аст. На ба маънои он ки аксари асарҳои беҳтаринашро дар ин давра офаридааст, балки ба он маънӣ, ки дар асарҳояш бурду бохти замони муосирро бо тамоми ҷузъиёташ инъикос намудааст. Бавижа, масъалаи бедории ҳофизаи таърихӣ дар меҳвари эҷодиёти адиб чарх мезанад.
Романи «Ибни Лодан» - и адиб дар кишвари мо аз назари мавзӯъ тоза буда, масъалаи доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ – терроризму экстремизмро баррасӣ мекунад. Нависанда тавассути образи роҳбари ҳаракати террористию экстремистии «Ал - қоида» Усома бини Лодан тамоми масоили террору ифротгароиро аз муҳокимаи бадеӣ мегузаронад ва ҳушдор медиҳад, ки ин офат агар пешгирӣ нашавад, ҷаҳонро фаро мегирад. Воқеан ҳам, баъди чанд соли офаридани асар, давлате бо номи исломӣ зуҳур кард ва ба харобии Сурия ва марги ҳазорон нафар сабаб гардид.
Нуктаи муҳим ин аст, ки осори Аброр Зоҳир то ҳол ба таври пурра таҳқиқ нашудааст. Тақризҳои алоҳидаи ба асарҳояш навишташуда ва зикри мавзӯю муҳтавои онҳо дар маводи хулосавии адабиётшиносӣ ҳоло маънии дарк ва баҳои дурусти илмӣ гирифтани осори нависандаро надорад.
Дар чанд соли охири умраш дардманд буд, вале рӯҳан бо дард мубориза ва ҳамвора кори эҷодиро низ пеш мебурд.
Бузургмеҳр БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2019    №: 13    Мутолиа карданд: 250

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2019. «Истиқлол» ва «Регар - ТадАЗ» бори ҳафтум дар финал

Вохӯрии раҳбарони кумитаҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара

СММ: "Дар 100 сол аз сунами беш аз 250 ҳазор нафар ҳалок гашт"

Дар Сурия хоҳари Бағдодӣ бо хонаводааш боздошт шуд

Трамп бо Россия ва Чин оид ба назорати силоҳ созишнома бастанист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед