logo

иҷтимоиёт

НУРОБОД. ШАРОИТИ ХУБИ КОРУ ЗИСТ МУҲАЙЁ МЕГАРДАД

Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо аксари идораву корхона ва  муассисаҳои  ҳудуди шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод ва ҷамоатҳои деҳот соҳиби биноҳои замонавӣ гардида, сохтмони бинову иншооти ҳаётан муҳими дигар идома дорад.
Соли 2018 барои корҳои сохтмону ободонӣ, тибқи нақша, аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузор 46 миллиону 334 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 24 миллион сомонӣ аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО “Роғун», қариб 6 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вазорату кумитаҳо, 14 миллиону 443 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ барои сохтмонӣ марказҳои савдо ва хизматию маишӣ, 758 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон барои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пешбинӣ шуда буд.
То имрӯз корҳои сохтмонӣ ба маблағи 30 миллиону 426,55 ҳазор сомонӣ (65,7 фоиз) иҷро гардидаанд. Аз тарафи шуъбаи сохтмони асосии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони 4 иншоот ба маблағи 1 миллиону 330 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта, то имрӯз танҳо барои сохтмони толори маҷлисгоҳ барои 350 ҷойи нишаст дар шаҳраки Дарбанд ба маблағи 264,8 ҳазор сомонӣ маблағҳо азхуд карда шудаанд.
Мувофиқи нақшаи генералӣ шаҳраки Дарбанд, нақшаи муфассали тарҳрезии маҳаллаҳои 1, 2, 3, 5 ва 7-и шаҳрак пурра таҳия ва тасдиқ гардида, айни замон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2009 № 47 “Дар бораи аз минтақаи зериобмонии НБО “Роғун” кӯчондани аҳолии ноҳияи Нуробод” корҳо идома доранд.  Аҳолии минтақаи зериобшаванда бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидаанд. Рафти сохтмони манзилҳои истиқоматӣ бо тарҳи замонавӣ дар қитъаҳои замини ҷудогардида муттасил идома дошта, аз ҷониби идораҳои сохтмонӣ низ манзилҳои истиқоматӣ дар маҳаллаҳои мазкур сохта ба истифода дода мешаванд.
Шароиту имкониятҳо ва дастрасии ҷавонону наврасони деҳот низ ба варзиш хеле беҳтар гардидааст. То имрӯз дар ноҳия 6 толори нави варзиш мавриди истифода қарор гирифтааст. Бо ҷалби соҳибкорон дар ҷамоатҳои деҳоти Комсомолобод ва Хумдон сохтмони 2 толори варзишии замонавӣ идома дорад. Ҳамчунин, дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 73 майдончаи варзиш бунёд гардиданд.
Мардуми сарбаланди ноҳия бо пуштибонӣ аз нияту ҳадафҳои пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар ва сиёсати бунёдгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи расидан ба мақсадҳои шоён ба ободсозии диёри хеш камари ҳиммат бастаанд.
Дилшод АМИРОВ, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2019    №: 14    Мутолиа карданд: 157

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед