logo

иҷтимоиёт

БАДАХШОН. ИСТИҚЛОЛ БА ЗИНДАГИИ МАРДУМ НУР МЕБАХШАД

Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зинаҳои созандагии кишвар асосан бо талошҳои ҷонфидоёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо заҳмати мардуми кишвар роҳандозӣ шудаанд.
Ин пешравиҳои назаррас дар Бадахшон низ баръало ба чашм мерасанд. Пеш аз ҳама, бояд иброз дорем, ки тавре ба ҳамагон маълум аст, вилоят дар замони то соҳибистиқлолӣ ба мушкилоти зиёде, аз қабили ҳамлу нақли молҳои ниёзи мардум рӯ ба рӯ буд ва дар як сол расо шаш моҳ дар бумбасти коммуникатсионӣ қарор дошт. Фақат дар шароити мусоиди тобистону тирамоҳ молу маводи зарурии ғизоию хоҷагидориро ба вилоят кашонда, ним соли дигар (ноябр – май) роҳи заминӣ бо марказ ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ пурра баста мешуд. Ин мушкилӣ маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат рафъ гардида, шоҳроҳи байналмилалии Кӯлоб – Хоруғ – Қулма – Қароқурум бунёд ёфт ва Бадахшонро ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил дод. Мушкилии асосии сокинони вилоят бартараф шуд. Имрӯзҳо таъсири мусбати шоҳроҳи мазкур дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мардуми шарифи Бадахшон ба мушоҳида мерасад.
Ҳар як ташрифи Сарвари давлат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хусусиятҳои хоси созандагии худро доро буда, дар хотири мардум чун воқеаи фаромӯшнашаванда нақш бастаанд. Сафари нахустини Пешвои миллат ба вилоят соли 1993 дар шароити ниҳоят мураккаби авҷи даргириҳои сиёсӣ ҷараён гирифта буд.
Президенти мамлакат ба Бадахшон зиёда аз 40 маротиба сафар намудаанд. Ёдовар мешавем, ки дар тӯли 70 соли шӯравӣ дар умум, роҳбарони ҷумҳурӣ ҳамагӣ 3 - 4 маротиба ба минтақа ташриф оварда буданду халос. Ҳар як сафари Пешвои миллат барои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят аҳамияти хосса доштанд. Ба таври мисол, дар сафари охирини худ - сентябри соли 2018 Пешвои миллат масъалаҳои вазъи тандурустӣ ва таъминоти мутахассисони тиббиро дар вилоят баррасӣ намуда, барои омода намудани табибони дорои дараҷаи маълумоти олӣ дар макотиби олии ҷумҳурӣ барои вилоят 70 Квотаи президентӣ ҷудо намуданд, ки ин аз ғамхории бевоситаи Сарвари давлат дар самти ҳифзи тандурустӣ ва беҳбудии зиндагии сокинони вилоят дарак медиҳад.
Масъалаи рушди мактабу маорифи вилоят низ дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад. Бо дастури Сарвари давлат дар минтақа чандин мактабҳои замонавӣ, литсею гимназияҳо сохта шуданд ва тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят бо технологияҳои муосир, аз ҷумла компютерҳо, таъмин карда шудаанд. Рӯйдоди навбатие, ки ба вуқӯъ омад, ин бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат моҳи сентябри соли 2018 ба фаъолият оғоз намудани Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ мебошад, ки дар таърихи маорифи ҷумҳурӣ, хусусан вилоят, саҳифаи ҷадидеро боз намуд.
Дар даврони истиқлолият дар миқёси вилоят аз ҳисоби ба кор даровардани корхонаҳои тавлидотӣ, заминҳои бекорхобида, бунёди боғҳои нав ва рушди соҳибкории инфиродию дастаҷамъӣ ҳазорон ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудаанд. Моҳи сентябри соли 2018 Пешвои миллат ба фаъолияти нахустин корхонаи калони саноатии истихроҷ ва коркарди нуқра ҳусни оғоз бахшиданд.
Маҳз дар давраи истиқлолият Бадахшон бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза пурра таъмин гардид. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки яке аз барномаҳои стратегӣ, яъне ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ дар миқёси ҷумҳурӣ бори нахуст дар ВМКБ амалӣ шуд. Чанд сол аст, ки сокинони вилоят пурра бо неруи барқ таъминанд. Моҳи сентябри соли 2018 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мурғоб боз як неругоҳи барқӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Ҳамаи далелҳои боло ва боз садҳо рӯйдодҳои дигар аз рушди пурсамари иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Бадахшон дарак медиҳанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки барои рушди боз ҳам  бештар вазъи роҳҳои вилоятро пурра ба дараҷаи талаботи стандарти байналмилалӣ расонад ва ба таври васеъ истихроҷу коркарди саноатии сарватҳои табиӣ ва рушди сайёҳиро роҳандозӣ намояд. Амалисозии ин нақшаҳо аллакай босуръат идома дорад.
Ҳамин тариқ, дар давраи соҳибистиқлолии Ватани азизамон дар Бадахшон низ рушди иқтисодӣ – иҷтимоӣ хуб ба мушоҳида мерасад, ки пеш аз ҳама, натиҷаи ғамхорию дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат мебошад.
Ниёзбек ДАВЛАТБЕКОВ,
Давлатшо НЕЪМАТОВ,
дотсентони факултети таърихи ДДОТ ба номи С. Айнӣ,
Амалбегим МУБОРАКШОЕВА,
омӯзгори  МТМУ № 8-и ноҳияи Рӯшон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2019    №: 14    Мутолиа карданд: 262
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед