logo

иҷтимоиёт

РУШДИ ДЕҲОТ. ҲАШАР БАҲАМОИВУ ИТТИФОҚИСТ!

Дар партави сиёсати фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба баргузории ҷашну маросимҳои азо мардум тавонистанд дар ин самт ба асли худ баргарданд.

Яъне, аллакай дар чаҳорчӯбаи ақидаҳои диниву мазҳабиамон мувофиқ ба муқаррароти қонуни мазкур маъракаҳои мо камхарҷу хоксорона, орӣ аз ҳар гуна хурофоту зиёдаравиҳо баргузор мешаваду сатҳи камбизоатӣ хеле коҳиш ёфт. Қобили зикр аст, ки дар партави ин қонун корҳои ободониву созандагӣ, ҳашарҳо вусъат гирифтанд. Дар маҳалҳо имрӯзҳо вобаста ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гаштани солҳои 2019 – 2021 баҳри тоза намудани муҳити зист, ҷӯю каналҳо ҳашар ташкил мешаванд. Зеро хубии ҳашари умумӣ дар он аст, ки  пирони рӯзгордида бо суҳбатҳои самимиашон ҷавононро ба корҳои созандагӣ ҳавасманд месозанду маслиҳатҳои судманд медиҳанд. Ташкили  ҳашарҳо усули  афзалиятноки баҳамоиву иттифоқии мардум буда, дар умум ҳамагон ба ободкориву созандагӣ ҷалб мешаванд. Матлаб аз ин гуфтаҳо он аст, ки, пеш аз ҳама, ба хотири зиндагии шоистаи худ ва ободу шукуфон намудани Ватани хеш, ки ин нишони имондориамон мебошад, моро лозим аст ба масъалаи ташкили ҳашарҳои умумӣ таваҷҷуҳи хосса дошта бошем. Дар пеш моро фасли зебои баҳор интизор аст. Ин фасли эҳёи табиатро мо тавассути ҳашарҳо метавонем ҳусну таровати зеботар бубахшем. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028»  моро во медорад, ки бо пуштибонӣ аз иқдоми созандаи Сарвари маҳбуби  хеш ташаббускор бошем. Пӯшида нест, ки дар баъзе  ҳолатҳо  аз партов пур будани ҷӯю каналҳо табъамонро хира месозад. Бехабар аз он ҳастем, ки ин ҳолат аз нигоҳи ақидаҳои диниву мазҳабиамон низ қобили қабул набуда, дар асл ислом тозагӣ аст. Аз обҳои ифлос бемориҳо меафзоянд, вазъи солимии ҷомеа халалдор мегардад. Бо назардошти анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ баҳри имрӯзу ояндаи дурахшони Ватан, баҳри иҷрои ақидаҳои диниву мазҳабиамон, ки талабгори озодагист ва ҷиҳати  устувор нигоҳ доштани солимии ҷомеа моро зарур аст ҳашарҳои умумиро ташкил намуда, муҳити зистамонро таровати тоза бубахшем. Ин аст нишони имондориву ифтихори ватандорӣ.
Усмоналӣ НУРОВ,
муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон,
сархатиби шаҳри Бохтар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.01.2019    №: 16    Мутолиа карданд: 141

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»

Прокурорҳои генералии СҲШ мубориза бо нашъафурӯшӣ ва қочоқро баррасӣ намуданд

Таъкиди сарвазири Гурҷистон аз зарурати беҳсозии муносибат бо Россия

Ҷаҳон дар як сатр

01.10.2019


Тоҷикистон 48 зиндониро ба Афғонистон интиқол дод

Намояндагони комиссияи Аврупо барои музокирот ба Беларус мераванд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед