logo

Хабарҳо

“ГАНҶИ СУХАН”. Соле, ки гузашт, нек буд

Чанде пеш дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”  баргузор  гардид, ки дар он фаъолияти маҳфил дар соли 2018 ҷамъбаст шуд.
Роҳбари маҳфил Саидумрон Саидов зикр намуд, ки дар давоми сол 11 нишасти “Ганҷи сухан” доир шуд, ки онро силсилаи маърӯзаҳои илмӣ, суханрониҳо, шеърхонию баҳсҳои илмиву адабӣ, ахбори тозаи фарҳангӣ, монтажҳои адабӣ ва суруду оҳангҳои миллӣ ташкил намуд. Дар нишастҳо ҳамчунин, суханронии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва маҳалҳо, адибону олимон шунида шуд. Навгониҳои илмиву адабӣ ва муаррифии китобҳои тозанашр низ аз мавзӯъҳои асосии маҳфил ба шумор мераванд.  Бо ташаббуси дастандаркорони “Ганҷи сухан” як маҳфили бонуфуз таҳти унвони “Аз Рӯдакӣ то Фарзона”, перомуни  рӯзгор ва осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва конфронси илмиву адабӣ бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти донишманди маъруфи тоҷик Абдулманнони Насриддин баргузор шуд.
Яке аз  дастовардҳои муҳими аҳли маҳфил нашри ҷилди шашуми китоби “Армуғони “Ганҷи сухан” мебошад. Китоби мазкур аз мақолоти донишмандон ва ашъори суханварони муосири тоҷик иборат аст.
Оид ба нақшаҳои минбаъдаи маҳфил пешниҳод шуд, ки бахшида ба се соли минбаъда эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як қатор нишастҳои маҳфил бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар деҳаҳои гуногуни вилоят баргузор гарданд, ки ҳадафи он тарғиби адабиёт дар маҳалҳо ва дарёфти истеъдодҳои нав аст.
Дар ҷараёни маҳфил бо назардошти фаъолият ва нақши муассир дар баргузории маҳфили “Ганҷи сухан” бештар аз 40 нафар қадр гардиданд.                                                                                
Фирӯза ҚАЮМОВА,
устоди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 245

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2019. «Истиқлол» ва «Регар - ТадАЗ» бори ҳафтум дар финал

Вохӯрии раҳбарони кумитаҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара

СММ: "Дар 100 сол аз сунами беш аз 250 ҳазор нафар ҳалок гашт"

Дар Сурия хоҳари Бағдодӣ бо хонаводааш боздошт шуд

Трамп бо Россия ва Чин оид ба назорати силоҳ созишнома бастанист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед