logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

«ШОМИ ШАНБЕ» МУФИД, ПУРТАКАЛЛУФ ВА ХОТИРМОН
Ҳастанд нашрияҳое, ки як бор ба даст мегириву аксу сарлавҳаҳояшро аз назар гузаронда пас мегузорӣ. Аммо боз ҳам ҳастанд рӯзномаҳое, ки то пурра нахониву сатр ба сатр мутолиа накунӣ, дилат қарор намегирад. Зеро дар он ҳар як матлаб муфид, пуртакаллуф, аҷоиб ва хотирмон аст.
Бале, ман дар мавриди саҳифаи «Шоми шанбе» менависам. Саҳифаи фарҳангӣ – фароғатии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият». Ин саҳифа бароям чунон ҷолиб аст, ки ҳар як шумораашро интизорӣ мекашам. Аввал худам бо мароқ мехонам, баъдан ба аҳли хонавода, ба шогирдон дастрас мекунам, ки хонанд.
Фоидаи дигари ин саҳифа боз ҳам дар он аст, ки камина онро дар рафти дарсҳо истифода мебарам. Рубрикаи «Интеллект» - и он барои равнақи зеҳнии хонандагон мадад мерасонад. Аз он дар рафти тадриси фанни математика метавон васеъ истифода бурд. Маълумоти ҷуғрофии он барои омӯзгорони география бисёр муфид мебошад. Масалан, шаҳрҳои хурду бузурги ҷаҳон, кишварҳои бонуфуз ва ғайра.
Матнҳои хубу тарбиявие, ки дар маркази саҳифа, дар қисмати болоӣ ҷой дода мешаванд, дар дарсҳои тарбиявии хонандагон истифода бурда мешаванд. Зеро дар онҳо меҳру муҳаббати падару модар нисбат ба фарзанд ва баръакс, муносибатҳои оилавӣ, риштаҳои дӯстӣ ва дигар паҳлуҳои рӯзгори мо бисёр нек тасвир мешаванд. Ростӣ, аз хондани бархе аз онҳо ба андеша фурӯ меравам, онҳоро бо зиндагии худ ва ҳамзамононам муқоиса мекунам.
Банда аксари матолиби хурд – хурди саҳифаи «Шоми шанбе» - ро нусхабардорӣ намуда, ҷамъ кардаам ва ҳар гоҳ дар раванди таълим истифода мебарам. Яъне, бо ин чӣ гуфтанӣ ҳастам, воқеан ҳам, саҳифаи мазкур холигоҳи иттилотии моро пур мекунад. Аксари маълумоти аҷоибу ғайриодии дар «Шоми шанбе» нашршаванда аз забони русӣ тарҷума шудаанд. Аз онҳо ҳам сатҳи баланди забондонӣ, ҳам маҳорати тарҷумонии муаллифон баръало равшан мегардад. Вале, аз ҳама муҳимаш ин аст, ки бо иллати надонистани забонҳои русӣ ва англисӣ мо метавонистем аз ин рӯйдодҳо бехабар бошем. Баъдан, ин гуна маълумот дар сомонаҳои тоҷикӣ хеле каманд.
Бо ин чанд сатри кӯтоҳ хостам миннатдории худро ба хабарнигорони рӯзнома арза дорам. Зеро меҳнати эшон барҳадар набуда, барои рушди ҷомеа хизмат карда истодаанд.
Худойдод САИДОВ,
омӯзгор


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Рубрикаи  навбатии «ИНТЕЛЛЕКТ» - и саҳифаи «Шоми шанбе»   ҷамъбаст гардид.  Аз тамоми гӯшаву канори кишвар нафарони зиёде бо мо тамос гирифта, ҷавобҳои хешро пешниҳод намуданд. Тибқи хулосаи ҳакамон миёни доираи васеи ширкаткунандагон  Ҷаҳонгир Маҳкамов,  донишҷӯи Данишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ғолиб дониста шуд.
Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки Саид Каримов аз ноҳияи Файзобод,  Маъруф Исломов аз шаҳри Кӯлоб,  Фирӯз Абдураҳмонов, Насиба Расулова, Бобомурод Табаров, Одина Давлатов ва Абдураҳмон Абдураҳмонов аз шаҳри Душанбе,  Муъминҷон Ҷумъаев аз шаҳри Истаравшан, Дилором Ҳалимова аз шаҳри Бохтар, Суруш Ғафуров аз ноҳияи Айнӣ, Саидаҳмад Маҳмадёров аз ноҳияи Хуросон,  Абдунаим Икромов аз шаҳри Панҷакент,  дар пешниҳоди ҷавобҳо ширкати фаъолона доштанд.

Фосилаи байни дарахтон
Қад-қади роҳ дар фосилаи якхела дарахтон  шинонда шудаанд. Агар фосила аз дарахти дуюм то дарахти  сеюм 5 қадам бошад, пас  шумо бигӯед, ки фосила аз дарахти якум то дарахти чорум ва аз дарахти сеюм то дарахти ҳафтум чанд қадамро ташкил медиҳад?
Масъули рубрика Комрон САФАР


34 КИЛО ВАЗНИ ЯК ДОИРА
Ҳунарманд Саиднодир Ҳайдаров, сокини шаҳри Кӯлоб, бо заҳмати семоҳа доираи ғайриодиеро сохт, ки назираш дар дунё нест. Доираи сохтаи ӯ бузургтарин доира ба ҳисоб рафта, 34 кило вазн ва 1 метру 70 сантиметр баландӣ дорад. Ба гуфтаи Саиднодир ин иқдомро ӯ ҷиҳати муаррифӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ намудааст.
Доираи сохтаи Саиднодир аз 109 дона силсила, 16 пайванд ва 64 қисм иборат аст. Барои омода намудани он аз чӯбҳои зардолу, чормағз, 2 пӯсти гов, оҳанҳои пулодӣ барои сохтани силсилаҳо, металлҳои ҷилодиҳандаи мисин истифода шудааст. Ин асбоби зарбӣ дар вақти навозиш садои ғайриодӣ дошта, аз дигар доираҳо фарқ мекунад.
Таҳияи  Раҳматулло КАРИМОВ


КОРРЕКТОР
Оё шумо медонед, ки корректор (штрих) – ро  барои ислоҳи хатоҳо зани амрикоӣ кашф кардааст.
 Соли 1951 Бэт Грэм барои таъмини рӯзгори хеш ба ҳайси котиба ба корхонае шомил гардид. Аз сабаби он ки Бэт дар ин кор таҷрибаи кофӣ надошт, саҳифаҳои чопнамудааш саросар пур аз хато мебаромад ва  барои ин   ҳамеша зери сарзаниш қарор мегирифт. Ӯ маҷбур шуд баҳри ислоҳи хатоҳояш аз ранги сафеди темперӣ истифода намояд. Ошхона ва гаражи хонаашро ба озмоишгоҳ табдил дода, барои беҳтар намудани сифати корректор ҳаргуна санҷишҳо гузаронд. Дар  андак муддат ихтирои хешро бо номи «корректори хатогиҳо» баҳри фурӯш ба ширкати IBM пешниҳод намуд, вале ширкат онро рад кард. Аз ингуна сурат гирифтани кор  Бэт Грэм рӯҳафтода нашуда, номгӯи маҳсулоти хешро дигаргун, яъне «коғази моеъ»  монда, истеҳсол ва фурӯши онро дар гаражи худ роҳандозӣ кард. Тӯли 17 сол бо ин кор машғул шуда, хеле муваффақ ҳам гардид.
Соли 1979 ширкати «Gillette» ба маблағи 47,5 миллион доллар иҷозатномаи истеҳсол ва фурӯши ин маҳсулотро аз Грэм харид. Айни замон истеҳсоли корректор аз ҷониби ширкатҳои гуногун ба роҳ монда шудааст, аммо номи Бэт Грэм ҳамчун нахустихтироъкор дар таърих боқӣ монд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Дар яке аз зиёфатҳо, хӯриши бетамъу бемазаеро чашида, Бернард Шоу чунин мегӯяд:
- Меъморҳо хатоҳои худро дар зери андова, табибон дар зери замин, кадбонуҳо бошанд, дар зери майонез пинҳон мекунанд.
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


БОНУФУЗТАРИН ЗАНОНИ СИЁСАТМАДОРИ ТАЪРИХ
МАРГАРЭТ ТЭТЧЭР
«БОНУИ ОҲАНИН»
Дар олами сиёсати Аврупо аввалин зане маҳсуб мешавад, ки дар мақоми Сарвазир ифои вазифа намудааст. Аниқтараш, аз соли 1979 то соли 1990 Сарвазири Британияи Кабир буд. Сарвари Ҳизби консервативӣ дар солҳои 1977 – 1990. Ҳамчунин, ӯ нахустин занест, ки мақоми баронхонумро сазовор шудааст.
Тэтчэр назари одамонро дар мавриди иштироки занон дар ҳаёти сиёсии кишвар ба куллӣ тағйир дод. Вай, яқин, ки ҳокими мутлақ набуд, аммо тавонист саҳми худро дар рушди Британияи Кабир гузорад. Мардум садои ӯро чун даъват мепазируфт, ҳатто баъзан аз ӯ бим ҳам доштанд.
Таърих ӯро ҳамчун зани мардтинат - «Бонуи оҳанин» дар хотир дорад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


СОЯДАСТИ ДЮМА
Вақте Александр Дюма дар хонаи табиби шинохта Гистал хӯроки чошт мехӯрд, соҳибхона хоҳиш кард, ки дар китоби ёддоштҳои ӯ чизе бинависад.
Дюма таклифро пазируфт ва шурӯъ ба навиштан кард:" Имрӯз, ки табиби машҳури мо ҷаноби Гистал якбора ҳамаи аъзои оилаҳоро табобат мекунад, ба андешаи ман ба фаъолияти беморхонаҳо эҳтиёҷе намондааст …".
- Шумо маро дар хиҷолат мемонед ҷаноб,- хоксорона мегӯяд соҳибхона, ки навиштани меҳмонро бодиққат назора мекард.
Дюма бо ишораи маънидоронае табассум карда, идома медиҳад: «…Беҳтараш беморхонаҳоро бандем ва ба ҷои онҳо ду қабристони нав кушоем».
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


АЙНАКҲОЕ, КИ БО ИШОРА КОР МЕКУНАНД
Айнакҳои Vuzix Blade имкон медиҳанд, ки смартфонро аз кисса нагирифта, бисёре аз функсияҳои онро идора намоем.
Он ба истифодабаранда ҳангоми гаштугузор дар хондани паёмакҳо ёрӣ мерасонад. Аҷиб, ки ҳамаи ин функсияҳои смартфонро айнак дар як мижа задан иҷро мекунад.
Айнакҳои Blade хело ба Google Glass монандӣ доранд, фарқият дар он аст, ки барои гирифтани маълумот ҳатто дастро бардоштан лозим нест.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


200 ДОЛЛАРИ ИМА АНДОЗ БАРОИ ТАМОШОИ ТЕЛЕВИЗОРИ РАНГА
Шаҳрвандони Британияи Кабир барои харидан ва тамошои телевизори ранга ҳар сол 200 доллари ИМА ва барои телевизори сиёҳу сафед 70 доллар андоз пардохт мекунанд. Касе, ки андозро напардозад, 1300 доллар ҷарима мешавад.
Бинобар ин, муштариён телевизорҳои сафеду сиёҳро аз куҳнабозор ё аз одамоне, ки аз хонаашон мекӯчанду колои куҳнаашонро ба фурӯш гузоштаанд, мехаранд.
Воқеан, қаблан дар Британияи Кабир тамошои телевизор ҷиноят маҳсуб мешуд.
Таҳияи Кароматулло АТО


ЛИФТ БО НЕРУИ САД АЖДАҲО
Лифти баландтарин «Байлун» (Сад аждаҳо) ба ҳисоб меравад, ки дар музофоти Хунани Чин насб шудааст. Лифт барои то ба баландии 330 метр бурдани сайёҳон сохта шуда, дар қуллаи кӯҳ ҷойгир аст.
Он соли 2002 мавриди истифода қарор гирифта, арзишаш тақрибан 18 миллион долларро ташкил медиҳад.
Кабинаи лифт дуошёна асту дар он 50 кас ҷой мегирад. Дар муддати як соат ба 1480 нафар хизмат расонда метавонад.
«Байлун» ба «Китоби рекордҳои Гиннес» ҳамчун лифти баландтарин, тезҳаракат ва боиқтидор шомил шуд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


УИЛСОН БЕНТЛИ:
Зарраҳои барф ба ҳам монанд нестанд
Дар табиат ду барфак (❅❆) - и сохташон яксон вуҷуд надорад. Уилсон Бентли (фермери амрикоӣ) бори аввал соли 1885 акси саҳеҳи барфакро зери микроскоп ба даст овард. Ӯ давоми 46 сол зиёда аз 5000 акси барфакҳоро ҳосил кард. Дар натиҷаи омӯзиши ин аксҳо маълум шуд, ки ду барфаки сохташон яксон нест.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


МОШИНҲОИ БОЭЪТИМОД

Коршиносони ширкати «Ipsos Comcon» рейтинги мошинҳои боэътимодро дар соли 2018 таҳия намуданд. Дар ин бора нашрияи «Корреспондент.net» хабар додааст.

Дар рӯйхат мошини модели «Land Cruiser Prado» - и тамғаи «Toyota» соҳиби ҷойи аввал шуд.
Ҷойҳои баъдиро «Subaru Forester» ва «Toyota Camry» соҳиб гардиданд.
Ба ғайр аз ин, мошинҳои мазкур аз ҷиҳати экологӣ низ безарар ҳисобида шудаанд. Ба ин нишондиҳанда мошинҳои «Volvo XC90» ва «Audi A8» низ, ҷавобгӯ мебошанд.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Рассоми нобиға… чорсола будааст
Академияи санъати Манчестер (Англия) аз байни зиёда аз 1000 мусаввара, ки ба озмун пешниҳод шуда буд, 150 – то беҳтаринашро ҷудо намуд. Баҳои баландтарини ҳайати ҳакамонро «Ритми дарахтон» - акварели мавҳум – сурати бо ранги обӣ кашидашуда гирифт. Ба ақидаи коршиносон, ин расм «ҳамбастагии олии устодонаи хушобурангӣ, тасвирӣ ва техникӣ» - ро дар худ гунҷоиш медод. Баъдтар маълум гашт, ки акварелро духтарчаи чорсола дар боғча кашидааст ва модараш шӯхӣ ба шӯхӣ онро ба озмун фиристодааст.
Қурбон МАДАЛИЕВ,   тарҷума аз русӣ


10 ҶОНВАРИ ОБИЕ, КИ НОТАКРОРАНД
8. ГОЛОТУРИЙ Ё БОДИРИНГИ БАҲРӢ
Дар уқёнусҳои бузург голотурий ном ҷонвари бемуҳра зиндагӣ мекунад. Маънои вожаи голотурий «бодиринги баҳрӣ» аст. Вай азбаски бисёр «гӯшти мулоим» дорад, хоҳишмадон ҳамеша дар гирдаш «парвонаанд». Аммо голотурий ҳам пухта аст. Барои ҳимоя аз душман гурдаю рӯдаҳои худро фавран берун партофта, «ҷои ҳодиса» - ро тарк мекунад. Яъне, душман бо хӯрдани рӯдаю гурда овора мешаваду вай ҷон ба саломат мебарад.
Аҷиб ин аст, ки давоми 9 - 12 рӯзи баъдӣ дар вуҷуди голотурий рӯдаю гурдаи нав пайдо мешавад ва ин ҷонвари ғайриодӣ ҳаёташро муътадил идома медиҳад.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


АСРОРИ ТАҲИЯИ ФИЛМ
3. Барф
Аксаран, коргардонҳо барои ба навор гирифтани манзараҳое, ки дар онҳо бояд барф бошад, зимистонро мунтазир намешаванд. Зеро ин метавонад сабаби тӯлкашии банаворгирии филм гардад. Ба ин хотир, онҳо аз барфи сунъӣ истифода мебаранд.
Боиси тазаккур аст, ки байни солҳои 30-юму 50-уми асри гузашта асбест ба сифати барф хизмат мекард, аммо пас он ки олимон зарароварии онро исбот карданд, таҳиягарон аз истифодааш даст кашиданд. Баъдан, бо ривоҷи илму техника технологияи тайёр кардани барфи сунъӣ ихтироъ гардид ва ҳоло он  васеъ истифода бурда мешавад. Масалан, чунин барфро, ки дар экранҳо басо воқеӣ менамояд, барои филми «Пасфардо» (истеҳсоли Ҳолливуд, соли 2004) ширкати Snow Business омода карда буд. Он аз коғази коркардшудаи SnowCel таҳия гашта, аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. 

4. Об
Банаворгирии филм дар баҳр ё уқёнус на танҳо пурзаҳмат (зеро он муддати хеле зиёдро талаб мекунад),  балки аз ҷиҳати молиявӣ серхароҷот низ мебошад. Аз ин лиҳоз, барои рафъи ин мушкилиҳо, ҳангоми ба навор гирифтани чунин саҳнаҳо ҳавзҳои махсус сохта мешаванд. Масалан, барои таҳияи яке аз филмҳои сердаромади дунё «Титаник» (Ҳолливуд, соли 1997)  студияи 20th Century Fox дар соҳилҳои Мексика бо гунҷоиши 4 миллион литр ҳавзи бузург бунёд намуд.
Таҳияи Ш. ШОКИР


8 ШАҲРИ ХУРДТАРИНИ ОЛАМ
Саҳифаи “Шоми шанбе”- и рӯзнома дар бораи бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳон матолиби мухтасар интишор карда буд.  Ин навбат тасмим гирифтем  шумо – хонандагони азизро бо хурдтарин шаҳрҳои олам шинос намоем.

КАЛЛАСТЕ. Аҳолиаш 115 нафар
Калласте дар Ҷумҳурии Эстония назди соҳили кӯли Чудско ҷойгир аст. То соли 1923 номи “Кӯҳҳои сурх” - ро дошт. Сабаби чунин ном гирифтанаш он аст, ки атрофи шаҳрро теппаҳои сурх иҳота кардаанд. Калимаи эстонии “каллас” бошад, маънои соҳилро дорад.
Мардуми шаҳр ба моҳидорӣ машғуланд. Қисми зиёди аҳолиро русҳо ташкил медиҳанд. Калласте дар асри XVIII бунёд шуда, соли 1938 унвони шаҳрро гирифтааст. Масоҳаташ камтар аз 2 километри мураббаъ мебошад.
Таҳияи Комрон САФАР


СЕРХАРИДОРТАРИН КИТОБҲОИ САДАИ ХХ
Инҷо сухан дар бораи нашри китобҳои аз ҳама серхаридор меравад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки китобҳои аз ҳама зиёд бафурӯшрафтаи асри ХХ ва асарҳои серхаридортарини дунё маҳсуб мешаванд.

«Шер, сеҳргар ва ҷевони либос»
Ин асар нахустин роман аз силсилаи «Ёддоштҳои Нарния» - и омӯзгори коллеҷи Оксфорд - Клайв Люис мебошад, ки соли 1949 эҷод шудааст.
 Замони таълиф ва интишори асар ӯ аллакай чун сухандони машҳур ва ташкилотчии маҳфили адабӣ – маърифатӣ байни мардум шинохта шуда буд.
Романи «Шер, сеҳргар ва ҷевони либос» ба нависанда шуҳрату сарват овард, аммо ӯро аз доираи эҷодӣ берун накард ва давоми 5 - соли минбаъда Люис боз 6 романи дигар таълиф намуд. Вале романи мазкур ҳамчун беҳтарин намунаи ашъори нависанда эътироф шуда, то ин замон зиёда аз 85 миллион нусхаи он харидорӣ шудааст. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2019    №: 19    Мутолиа карданд: 379

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2019. «Истиқлол» ва «Регар - ТадАЗ» бори ҳафтум дар финал

Вохӯрии раҳбарони кумитаҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара

СММ: "Дар 100 сол аз сунами беш аз 250 ҳазор нафар ҳалок гашт"

Дар Сурия хоҳари Бағдодӣ бо хонаводааш боздошт шуд

Трамп бо Россия ва Чин оид ба назорати силоҳ созишнома бастанист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед