logo

сиёсат

2018 - СОЛИ ШУКӮҲИ ҶАҲОНИИ ПОЙТАХТ

Соли 2018 барои Тоҷикистон соли таърихӣ, пурфайзу барор ва хотирмон буд. Дар ин сол дар ҷумҳурӣ як қатор ҳамоишҳои сатҳи баланди давлатию байналмилалӣ баргузор гардида, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи  мамлакат дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд, ки аз фаъолияти самаранок ва ташаббусҳои созандаву ободгаронаи давлату Ҳукумати кишвар шаҳодат медиҳанд. Душанбе - пойтахти Тоҷикистон, дар пайи ғамхорию дастгирӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талошҳои созандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, хусусан раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ, имрӯзҳо ба шаҳри орзуҳо табдил ёфтааст. Меҳмонону сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, аз рушди бесобиқаи пойтахти тоҷикон ангушти ҳайрат мегазанд.

ДУШАНБЕ - ШАҲРИ ТАРАҚҚИКАРДА
Таҳияи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» иқдоми муҳиме дар самти ободониву бунёдкорӣ буд. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 бояд пойтахти Тоҷикистон тайи ҳафт соли оянда ба шаҳри тараққикарда ва технологияҳои замонавӣ табдил ёбад. Раванди мазкур аллакай шурӯъ шудааст.

БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2018 - 2020
Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 - 2020» ва нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи он тасдиқ гардид. Барнома бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 «Дар бораи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2020» ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе қабул гардид.

ДУШАНБЕ УЗВИ CОЗМОНИ ҶАҲОНИИ WTCF
Душанбе дар Саммити Федератсияи ҷаҳонии туристӣ (WTCF), ки 7 - 9 сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) пазируфта шуд. Узвият ба федератсия барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва гузарондани таҳлилҳои маркетингӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

ДУШАНБЕ ДАР 10 - ГОНАИ ШАҲРҲОИ ДАР АЙЁМИ БАҲОР БАРОИ САЙЁҲӢ МУНОСИБ
Бино ба натиҷаи назарсанҷии агентии таҳлилии «ТурСтат» - и Россия, пойтахти Тоҷикистон ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷой гирифт. Ба иттилои «ТурСтат», дар охирҳои апрел ва аввалҳои май, ки дар Россия чанд рӯз таътил аст, Душанбе яке аз шаҳрҳоест, ки сайёҳони рус барои сипарӣ кардани рӯзҳои истироҳати худ ба он сафар мекунанд. Қабл аз ин ҳам расонаҳои Россия аз афзоиши сайёҳони худ ба Тоҷикистон хабар дода буданд.

АВВАЛИН  ФЛАЙБОРД
Бо ташаббуси  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба  таҷлили 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал 6, 7 ва 8  сентябри соли гузашта дар Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии Кӯли ҷавонон» намоиши варзиши обии флайборд баргузор гардид. Даромад ба намоиш ройгон буд. Дар он варзишгарони варзидаи сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла аз Федератсияи Россия ширкат варзиданд.
Флайборд навъи душвор ва экстремалии варзиш мебошад: варзишгар рӯи тахтаи махсус тариқи фишори об, ки тавассути муҳаррик ба ҳаракат дароварда мешавад, дар фазо рақсу ҳаракатҳои аҷоиб ва ҷаззоб нишон медиҳад.

АВВАЛИН «SUMMER FEST»
18 - 19 августи соли 2018  дар шаҳри Душанбе  нахустин Фестивали тобистонаи Душанбе - «Dushanbe Summer Fest» баргузор гардид. Дар фестивал гурӯҳи оббозони ҳавоӣ аз Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даъват шуда буданд, оид ба парвози пуфакҳои ҳавоӣ машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронданд. Аз ҷониби ҳунармандони театрҳои пойтахт ва гурӯҳҳои дигар барои бачаҳо таҳти унвони «Шаҳри афсонаҳо» ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, намоишҳои мазҳакавӣ ва ҳазлу шӯхӣ пешниҳод шуд. Ҳадафи фестивал муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии мамлакат ва фароҳам овардани имкониятҳои нав ҷиҳати таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт арзёбӣ  гардид.
Тибқи натиҷагирӣ, Фестивали тобистонаи Душанбе - «Dushanbe Summer Fest - 2018» дар номинатсияи «Беҳтарин чорабинии оммавӣ» миёни кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон,  Қирғизистон ва Қазоқистон сазовори ҷойи дуюми мукофоти байналмилалӣ дар соҳаи баргузории чорабинӣ ва рӯйдодҳои маркетингии Осиёи Марказӣ («Event Awards Central Аsia») гардид. 

БУНЁДУ НАВСОЗИИ БОҒҲОИ ФАРҲАНГӢ ВА МАЙДОНЧАҲОИ ВАРЗИШ
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фароғату истироҳати кӯдакону наврасон соли 2017 зиёда аз 70 ва соли гузашта 92 майдончаи варзиш сохта ба истифода дода шуд.
Бо мақсади ободонӣ, боз ҳам зебову ҷолиб гардондани симои пойтахти кишвар ва татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе гулгашти хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ «Боғи ба номи Аҳмади Дониш» номгузорӣ  шуд. Ҳамчунин, номи Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» баъди навсозӣ ба «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» иваз шуд. Дар арафаи таҷлили Ҷашни 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе МД  «Боғи фарҳангу фароғатии Восеъ» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.  Дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемури ноҳияи Исмоили Сомонӣ «Боғи кӯдакон» бунёд гардид. Дар ин боғ  барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар барномаҳои варзишию фарҳангии кӯдакон амфитеатр бо 230 ҷойи нишаст, фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзиш, корти теннис, ҷойи махсус барои бозии шоҳмот, қаҳвахона ва иншооти дигари тафреҳӣ сохта шудаанд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати шаҳрвандон, сокинону меҳмонон, бахусус ҷавонон, Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ - фароғатии «Ҷавонон» таъсис ёфт. 27 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба фаъолияти боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» ҳусни оғоз бахшиданд.
Айни замон дар ҳудуди шаҳр 16 боғи фарҳангию фароғатӣ, Боғи ҳайвонот ва маркази хизматрасонии «Обшорон» дар хизмати сокинону меҳмонон қарор дошта, барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, маданӣ - маърифатӣ ва истироҳатӣ истифода мешаванд. Соли 2018 дар 48 мавзеи алоҳидаи шаҳр боғу гулгаштҳо бунёду навсозӣ гардида, онҳо ба макони писандидаи сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтанд.

ДУШАНБЕРО БА ШАҲРИ САБЗУ ХУРРАМ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!
Бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардондани кӯчаю хиёбонҳои пойтахт дар мавсими сабзкории имсола шинондани 52  ҳазору 512  бех дарахту буттаҳо ва 3881738 дона гулҳои мавсимию бисёрсола ба нақша гирифта шудааст. Дар кӯчаю хиёбонҳо, ҳудуди боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ва шаҳраку маҳаллаҳо тирамоҳи соли 2017 ва баҳори соли гузашта 72 442 бех дарахту бутта, 3566496  гули мавсимӣ шинонда, дар масоҳати  481100 метри мураббаъ майсазор бунёд карда шуд.

ҲАМОИШҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД
Вобаста ба раёсати Тоҷикистон дар ИДМ соли 2018 дар шаҳри Душанбе панҷ ҳамоиши сатҳи баланди давлатию байналмилалӣ - саммити сарони давлатҳои узви ИДМ, Конференсияи байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028»,  ҷаласаҳои Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ ва ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардиданд. Тибқи  дастуру нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин ҳамоишҳо дар сатҳи баланди ташкилӣ доир шуданд.

"ШАҲРИ ҲУШМАНД"  (SMART CITY)
Иқдоми дигари  шаҳрдорӣ  ин  омодасозии инфрасохтори шаҳри Душанбе ба сифати «Шаҳри ҳушманд» (Smart City) мебошад. Амалӣ гардидани барномаи мазкур ба рушди молиявӣ, аз ҷумла роҳандозии воситаҳои муосири пардохт ва хизматрасонӣ бо назардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, истифодаи иқдомҳои инноватсионӣ дар соҳаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ (дар нуқтаҳои савдо ва нақлиёти ҷамъиятӣ), ҷорӣ кардан ва рушди интернет - банкинг, мобайл - банкинг, инчунин, рушди бозори хизматрасониҳои суғурта, хусусан дар бахши иҷтимоии пойтахт мусоидат менамояд.
Дар ин замина барномаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе»  амалӣ мешавад. Лоиҳаи барнома 15 феврали соли 2018 дар ҷараёни боздиди Сарвари давлат аз корхонаи бандубасти автобусҳои «Акиа - Авесто», ки дар заминаи КВД «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед» - и шаҳри Душанбе ташкил гардид, инчунин, гузоштани санги асос барои сохтмони корхонаи истеҳсоли автобусҳои тамғаи «Акиа» муаррифӣ шуда буд. Аз 1 марти соли 2018 шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт имкон пайдо намуданд, ки кортҳои нақлиётиро аз нуқтаҳои фурӯш дар истгоҳҳои шаҳр дастрас намоянд. Алҳол дар аксари автобусу троллейбусҳои пойтахт хизматрасонӣ ба воситаи корти ягонаи «Cityсard» ба роҳ монда шудааст.

МАРКАЗҲОИ САВДО ВА ИНШООТИ САТҲИ ҶАҲОНӢ
Моҳи майи соли 2018 дар кӯчаи Ҳамадонии маҳаллаи Испечак нахустин супермаркети «Би1» дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз намуд. Дар назар аст, ки дар дигар маҳаллаҳои пойтахт низ шабакаҳои супермаркети мазкур ифтитоҳ ёбанд. Супермаркети «Би1» (франсавӣ, Bien - «хуб») шабакаи иловагии чаканаи гипермаркети «Ашан» мебошад.
Бунёди марказҳои  бузурги  савдо, ба монанди «Ашан», «Пайкар», «Рӯдакӣ - Плаза» ва  «Ёвар» рӯ ба афзоиш дорад. Ҳамчунин, меҳмонхонаву тарабхона ва дигар иншооти хизматрасонии ба сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯ сохта мешаванд, ки онҳо барои ба шаҳри сайёҳӣ табдил ёфтани Душанбе шароити мусоид фароҳам меоранд.

СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНИИ НАҚЛИЁТ БЕҲТАР ГАРДИД
Навсозии истгоҳҳои нақлиёти мусофирбарӣ бо ороиши замонавӣ дар пойтахт аз тадбирҳои  судманд маҳсуб меёбад. Истгоҳҳои намунавӣ барои нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, ки нахустини онҳо августи соли 2017 бо иштироки раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ рӯнамоӣ гардид, дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониши пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. Истгоҳҳои мазкур дар мутобиқат ба меъёрҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, аз ҷойи нишаст, нуқтаи фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва кортҳои электронии пардохти роҳкиро, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумот ба сокинону меҳмонони пойтахт доир ба замон ва шумораи хатсайрҳо ва таблоҳои таблиғотӣ иборат буда, дар онҳо нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ насб гардидааст ва ҳудуди истгоҳ тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат мешавад. Ин гуна истгоҳҳо барои пешниҳод кардани хизматрасонии босифат мусоидат мекунанд. Дар хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятии пойтахт то ҳол наздики 60 истгоҳи намунавӣ дар хизмати сокинон аст.

БУНЁДИ ЭСТАКАДАҲО
Муҳандисону роҳсозони ватанӣ дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷии худ дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аввалин эстакадаи сесатҳаро дар Тоҷикистон дар доираи татбиқи барномаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе - Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» дар муддати ду сол бо сатҳу сифати баланд сохта, дар рӯзҳои таҷлили 27 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Алҳол дар доираи  амалишавии  марҳилаи дуюми барнома дар буриши роҳи ҳалқавии маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе бунёди боз як эстакадаи  сесатҳа ҷараён дорад. Тибқи қарордод, иншооти мазкур бояд моҳҳои апрел - майи соли 2020 мавриди истифода қарор гирад.
Дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе то соли 2025 даҳ ва то соли 2040 бист чорроҳаи сесатҳа сохта мешавад.

БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
То таҷлили Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешавад. 9 ноябри соли 2018 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури  пойтахт бо лоиҳаҳои иншооти нави дар кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Дӯстии халқҳо бунёдшаванда шинос гардида, ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои меъморӣ сохтани онҳо ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд.

МИНТАҚАИ САНОАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони 9 гектар бо саҳми ширкатҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони ватанӣ корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе сохта мешаванд. Минтақаи мазкур дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Зебунисои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҷойгир аст. Дар ин мавзеъ, асосан корхонаю коргоҳҳои истеҳсолу коркарди пахтаву маҳсулоти пахтагин, дӯхти либосҳои мардона, занона, кӯдакона, маҳсулоти ордӣ, меваи хушк ва афшура, нимтайёр ва яхмос, ордию қаннодӣ, профилҳо ва конструксияҳои металлӣ, маснуоти ҳифзкунанда, васлкунандаҳои барқӣ ва таҷҳизоти барқӣ, чароғпояҳои светодиодию лампаҳо, сангҳои рангаву худҷило ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ бунёд мегарданд.
Корхонаҳои нав марҳила ба марҳила то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

РОҲИ ҲАВОӢ
Дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар маҳаллаи «Ҳаёти нав» - и ноҳияи Сино бунёди даҳҳо биноҳои баландошёнаи маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ, аз ҷумла маркази хизматрасонии «Душанбесити», боғҳо ва гулгаштҳои нав дар назар аст. Дар ин мавзеъ биноҳои баландтарини пойтахт эъмор хоҳанд шуд.
Якчанд кӯчаҳои шаҳр ба хиёбонҳои калон табдил меёбанд. Аз ҷумла, дар  хиёбони Н. Қарабоев биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ ва иҷтимоӣ бунёд мегарданд.  Ҳамчунин, шурӯъ аз дарвозаи ҷанубии шаҳри Душанбе то хиёбони  Н. Қарабоев сохтмони роҳи ҳавоӣ (метрои сабуки ҳавоӣ) дар назар буда, дар марҳилаи дигари татбиқи Нақшаи генералӣ сохтмони метрои зеризаминӣ низ пешбинӣ шудааст.

СОКИНИ 9 - МИЛЛИОНАИ КИШВАР
Субҳи 26 майи соли 2018 дар оилаи Назира Муллоҷонова, сокини шаҳри Душанбе, дар таваллудхонаи №1 тифле ба дунё омад, ки шумораи аҳолии мамлакатро ба 9 миллион расонд. Тибқи  қарори раиси шаҳр, ба волидайни ин тифлаки хуштолеъ дар пойтахт хонаи  сеҳуҷрагӣ  тақдим гардид.

РУШДИ МАОРИФ
Тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ, 22 муассисаи таълимии замонавӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода дода мешавад, ки ин талаботи ноҳияҳои пойтахтро барои бо ҷойи нишаст таъмин кардани хонандагон пурра қонеъ мегардонад.
Ёдовар мешавем, ки 9 ноябри соли сипаришуда Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳр бо лоиҳаҳои бунёди муассисаҳои таълимии муосир шинос шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2560 нафар дар ду баст дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Сино, мактаб бо 2560 ҷой дар ҳудуди Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе, мактаб бо 2560 ҷой дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мактаб бо 2400 ҷой дар маҳаллаи 65 - уми ноҳияи Фирдавсӣ, мактаб бо 2400 ҷой дар маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 бо 2400 ҷой дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 бо 2400 ҷой дар ду баст дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёд карда мешаванд. Дар ин рӯз, дар маҷмӯъ, аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 мактаб бо 17 ҳазору 80 ҷойи нишаст санги асос гузошта шуд. Айни ҳол дар шаҳри Душанбе бунёди боз панҷ мактаби замонавии дигар идома дорад.

ТАҶДИДУ РАНГУБОРИ НАМОИ БИНОҲО
Таҷдиду рангубори намои бинову иншооти дар кӯчаҳои протоколии пойтахт ҷойгирбуда яке аз дастовардҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар пойтахти кишвар аст. Дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва қарорҳои раиси шаҳр, таҷдиди намои берунаи биноҳои кӯчаи С. Айнӣ ва буриши хиёбони А. Рӯдакӣ то буриши  кӯчаи А. Дониш ба КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва кӯчаи А. Дониш аз буриши кӯчаи М. Мастонгулов то буриши кӯчаи С. Айнӣ ба ҶСП «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» вобаста шудааст. Лоиҳаи таҷдиди намои биноҳои кӯчаҳои протоколӣ аз ҷониби КВД Пажӯҳишгоҳи илмӣ - татқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» омода гардид.
Алҳол корҳои таҷдиду  рангубор  дар  биноҳои протоколии хиёбонҳои  А. Сино ва Н. Қарабоев низ идома доранд.

ҶОМИ ОЛИМПИАДАИ МЕГАПОЛИСҲО
2 - 9 сентябри соли гузашта дар шаҳри Москва миёни шаҳрҳои бузург ва пойтахтҳои кишварҳои ҷаҳон аз фанҳои математика, физика, химия ва информатика бори сеюм Олимпиадаи мегаполисҳо доир гардид. Дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе дар ҳар ду қисми олимпиада аз 18 шаҳру пойтахтҳои бузург, аз қабили Милан, Берлин, Мадрид, Франкфурт, Хелсинки, Байтулмуқаддас, Тел - Авив, Дюселдорф ва шаҳрҳои кишварҳои ҳамсоя пеш гузашта, сазовори Ҷоми дараҷаи сеюм гардид. Дар ин комёбии даста олимпиадачиён Наимҷон Хонҷонов ва Шоҳрухи Муҳаммадҷон аз математика, Далер Пиров ва Фараҳманд Ҳасанов аз физика, Акмал Исматуллоев ва Нодир Аминзода аз химия, Рахшон Амонов ва Анӯшервон Бозоров аз информатика саҳми назаррас гузоштанд.

ДУШАНБЕ ВА ЧИНДАО - БАРОДАРШАҲР
Миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳукумати халқии шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин аҳди бародаршаҳрӣ баста шуд. Санади бародаршаҳриро Рустами Эмомалӣ ва раиси шаҳри Чиндао Менг Фанли имзо карданд. Ҳамчунин, дар ҷараёни вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Менг Фанли оид ба роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маорифу тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.
Чиндао яке аз шаҳрҳои калонтарини Чин буда, бо аҳолии тақрибан 10 миллион нафар маркази калони тиҷоративу иқтисодӣ, таърихию фарҳангӣ, илмию тадқиқотии баҳрӣ, сайёҳиву баҳрнавардӣ ва «пойтахти синамою олимпиада» ба шумор меравад. Он бо зиёда аз 700 бандари ҷаҳонӣ робитаҳои ҳамкорӣ дорад.

МУЗОФОТИ ХАЙНАН - БАРОДАРШАҲРИ НАВИ ДУШАНБЕ
Раиси шаҳри Душанбе Рустами  Эмомалӣ бо ҳайати музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини раиси музофот Ван Юн оид ба роҳандозии ҳамкорӣ  дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маорифу сайёҳӣ, саноати сабук, коркарди маводи хӯрокворӣ, технология ва ҷалби сармоя ба самтҳои муҳими иқтисодиёти шаҳри Душанбе гуфтугузор намуд. Иштирокдорони мулоқот саҳми роҳбарони ду кишвар - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпинро дар таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанба муҳим арзёбӣ карданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳукумати халқии музофоти Хайнан дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбе ва музофоти Хайнан санад ба тасвиб расид.
Алъон Душанбе бо шаҳрҳои Урумчӣ (1999), Сямен (2013), Хайкоу (2017), Чиндао ва музофоти Хайнани (2018) Ҷумҳурии Мардумии Чин робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намудааст.

МИЁНИ ДУШАНБЕЮ ТОШКАНД ҲАМКОРИИ ТИҶОРАТИВУ ИҚТИСОДӢ БА РОҲ МОНДА ШУД
Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳокимияти шаҳри Тошканд оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ созишнома ба имзо расид.

БУНЁДИ НОҲИЯИ НАВ ДАР ПОЙТАХТ
Дар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки таҳти раёсати раиси он Рустами Эмомалӣ  баргузор гардид,  пешниҳоди бо Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ ва мақомоту сохторҳои дахлдор мувофиқашудаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйир додани сарҳади шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Вакилон дар бораи тағйир додани сарҳади пойтахт қарор қабул намуданд. Тибқи санади мазкур, сарҳади шаҳр тағйир ёфта, дар доираи татбиқи марҳилаи аввали Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар қисмати ҷанубу ғарбӣ аз ҳисоби ноҳияи Рӯдакӣ 7659 гектар замин ба ҳудуди маъмурии шаҳр гузаронда мешавад. Замин аз ҳисоби ҷамоатҳои деҳоти Чоряккорон, Сарикиштӣ, Гулистон, Чортеппа, Чимтеппа ва Россияи ин ноҳия ба ҳудуди шаҳри Душанбе гузаронда мешавад.  Ин имкон медиҳад, ки дар пойтахти кишвар боз як ноҳияи нав бунёд ёбад.

АВВАЛИН ФЕСТИВАЛИ «ОШИ ПАЛАВ»
Дар доираи Фестивали «Оши палав», ки 10 ноябр дар "Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ" баргузор гардид, бори аввал дар шаҳри Душанбе дар деги яктоннагӣ оши палав пухтанд. Омода намудани ош тақрибан 6 соат идома ёфт. Оши яктоннагиро  ба хотири пойтахти Тоҷикистон «Душанбе» ном гузоштанд. Барои тайёр кардани  хӯроки лазизу дӯстоштаи миллӣ ошпазон 250 кило биринҷ, 200 кило гӯшт, 350 кило сабзӣ, 90 литр равғани рустанӣ, 30 кило пиёз, 1 кило зира, 1 кило мурчи кӯфта, 5 кило мавиз ва 1 кило зирк (барбарис) истифода бурданд. Ба ҷуз оши палави яктоннагии  «Душанбе», инчунин, беш аз 200 ошпаз аз манотиқи гуногуни  Тоҷикистон дар 400 деги дигар  10 тонна палав омода карданд.

ТАКСИҲОИ ЗЕБО
4 январи соли равон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ғолиби озмуни лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксии пойтахтро эълон намуд. Аз рӯйи расми ангоравии лоиҳаи қабулгардида, қисми болоии мошин зард буда, ду паҳлуяш нуқтаҳои сиёҳ ва навиштаҷоти Душанбе дошта, дар он ҷойи навиштани рақами тамоси хадамоти таксии ин ё он ширкат ва реклама мавҷуд аст. Тибқи қарори баимзорасида, ширкатҳои нақлиётие, ки хизматрасонии таксиро дар ҳудуди шаҳри Душанбе анҷом медиҳанд, вазифадоранд то 15 июни соли равон воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксиро бо намои зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ гардонанд.

АРЧАИ СОЛИНАВИИ ДУШАНБЕ ДАР ДАҲГОНАИ АРЧАҲОИ БАЛАНДТАРИН
Арчаи солинавии Душанбе ба даҳгонаи арчаҳои беҳтарини кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) шомил гардид. Бино ба маълумоти «ТурСтат», дар ин раддабандӣ арчаи солинавии Душанбе бо зебоӣ ва баландии 28 метр назар ба арчаҳои ҷашнии Москва (27 метр), Остона (25 метр), Бишкек (25 метр) ва Тбилиси (25 метр) дар зинаи болотар ҷой гирифт.

(Матлаб дар ҳамкорӣ бо раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе омода гардид).

С. РАҶАБЗОДА, Ш. АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2019    №: 23    Мутолиа карданд: 756
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед