logo

фарҳанг

СУБҲИ САОДАТ

Дар ҳошияи китоби пурарзиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои истиқлол»
Ҳаракатҳои бузурги таърихӣ марбут ба номи шахсиятҳои барҷастаест, ки бо нуфузи худ бар афкор ва андешаи миллатҳо таҳаввулоти амиқеро дар ҷомеаи башарӣ эҷод кардаанд. Ин гуна шахсиятҳо ҳамчун раҳнамои саодати инсонҳо, илова бар поягузории таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, шахсан барои тағйири вазъи мавҷуд ва ҷойгузинии низоми матлуб вориди майдон шуда, мондагортарин таҳаввулоти иҷтимоиро офаридаанд. Корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамин манзар метавонад қобили шиносоӣ ва арҷгузорӣ бошад. Зеро тағйироти бузурги сиёсӣ ва иҷтимоие, ки дар Тоҷикистон рух дод, мунҳасир ба фард, яъне Пешвои миллат  буда, тавонист дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии  тоҷикони охири садаи бист ва ибтидои садаи бисту як дигаргуниҳои бузургеро ворид созад, ки ба раванди созандагиҳои босамари  минтақаӣ ва ҷаҳонӣ низ таъсиргузор аст. Инак, китоби пурарзиши Пешвои муаззами миллат  «Уфуқҳои истиқлол», ки ба тозагӣ ба чоп расид, фароянди ҷараёни таърихии шаклгирии истиқлолияти кишвар, фарозу фуруди он ва дигаргуниҳои азимеро, ки дар фосилаи бисту панҷ соли таърихи навини тоҷикон ба вуқӯъ пайваста, бо камоли диққат ва равшанӣ инъикос намудааст.
Пешвои миллат дар ин китоб бо нигоҳе тоза «дар бораи бисту панҷ соли душвор, вале пурифтихори Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳои худро баён» намудаанд, ки аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вижагиҳои нигариши таҳлилии он касро ба воқеияти муҳими таърихии аз сари миллат гузашта ва равишҳои тағйирҳову таҳаввулоти он ифода мекунад.  Аз ин ҷиҳат, китоб фақат баёнгари воқеиятҳои як давраи ҳассос ва тақдирсози таърихи миллат набуда, балки чароғи раҳнамоест фарорӯйи донишпажӯҳони андешаҳои ҷомеашиносӣ барои таъбир ва шарҳу басти бештари дигаргуниҳое, ки дар як фосилаи кӯтоҳи замонӣ дар сарзамини тоҷикон ва сарнавишти миллат ба вуқӯъ пайвастааст.
Дар китоб дигаргуниҳои ҳосилшуда аз фароянди истиқлол дар тағйири таркиби сохтори давлатдорӣ, ниҳодҳои сиёсиву раҳбарӣ, низоми иҷтимоӣ ва вазифаҳову масъулияти онҳо  нишон дода шудааст, ки натиҷаи фаъолияти босамар ва хиради Сарвари давлат мебошад.
Пешвои миллат бо дарки саҳеҳ аз рӯҳ ва ҷавҳари ормонҳои дарозумри миллат бо нигоҳе фарох ба фардои дурахшони кишвар навишта: «Дар марҳилаи нави рушди кишвар сулҳу ваҳдати миллӣ бояд ҳамчун як арзиши умумимиллӣ, ҳамчун як фарҳанг ва як андешаи  фарогири мардумӣ фаҳмида шуда, ваҳдати мусолиматомези намоядагони ҳамаи неруҳои сиёсӣ, ҳизбу ҳаракатҳо, афкору ҷаҳонбиниҳо, дину мазҳабҳо ва қавму миллатҳои сокини Тоҷикистонро ифода кунад». Ин назар дар такя ба огоҳӣ ва бедории мардуми кишвар гуфта шудааст, ки моҳияти ояндасозӣ дорад. Аммо бар ин нукта низ таъкид дорад, ки огоҳӣ, бедорӣ, эҷоди зеҳният ва бовари умумӣ бояд тавассути қишри огоҳи ҷомеа, аз ҷумла донишмандон, адибон ва аҳли фарҳанг анҷом гирад.
Ба ин тартиб, Пешвои миллат бар ин назаранд, ки шукуфоии маънавию моддӣ, муҳаббат ба кор, андеша ва дониши як миллат танҳо замоне  ба вусъат ва умқи фарогир даст меёбад, ки соҳиби маънавиёт ва ройи солим дар доираи озодии инсонӣ, андешаи ахлоқӣ ва такомули иҷтимоӣ гардад.
Китоби  «Уфуқҳои истиқлол»  маҷмӯаи андешаву орои ватансозӣ ва миллатсозии  Пешвои миллат буда,  метавонад хонандаи огоҳро сари арзишҳои ҷовидонаи миллӣ ба андеша во дорад, андешае, ки раҳи камол ва худшиносиву худсозиро менамояд.
Сайрам БАҚОЗОДА,
номзади илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2019    №: 24    Мутолиа карданд: 307
09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед