logo

сиёсат

ПАЁМИ РӮЙДОДҲОИ ХОТИРМОН

Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат аз нигоҳи бандубаст ва сохтори мантиқии худ дорои зарфияти барозандаи иҷтимоию иқтисодӣ буд, ки аз оғози воқеӣ ва амалии марҳилаи рушди устувори кишвари мо муждаҳои фараҳбахш медод. Муҳимтарин муваффақияти соли сипаригардида дар баёни Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун «рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмон барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон» баҳогузорӣ гардид. 

Рӯйдоди нахустин оғози татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад, ки амалан кишвари пешсафи масоили нигаҳдории сарчашма ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ боқӣ мондани Тоҷикистон ва Сарвари онро собит намуд ва муаррифгари сазовори эътирофи ҷаҳонии мо дар ин самт гардид. Моро зарур аст, ки дар пайравии неку ба ташаббусҳои бардавоми Пешвои миллат ин сиёсати арзанда ва созандаи тоҷикиаслгаштаро чун зари холис ҳифз намоем.  
Аз ҷониби дигар, ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар мафкураву ҷаҳонбинии миллати тоҷик ҷиҳати эътимод кардан ба тавоноии худ ва ба ваҷҳи неку тағйир додани андешаи кишварҳои минтақаву ҷаҳон дар бораи ин «иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон» таҳаввулоти ҷиддие ба вуҷуд овард. Ин орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик, ки ҳанӯз дар даврони шӯравӣ шурӯъ гардида буд, хушбахтона, ба таҳаққуқи амалӣ пазируфтан оғоз намуд. Бо пахши тугмаи чарха Пешвои миллат муждагонӣ доданд, ки неругоҳи «Роғун» ба тавлиди қувваи барқу рӯшноӣ ҳам барои худ ва ҳам кишварҳои ҳамсоя оғоз кард, ки «як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад».
Рӯйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум баҳогузорӣ гардидани ҳалли маҷмӯи масъалаҳои  сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистонро аз ҷониби Пешвои миллат, воқеан, як падидаи нотакрор дар дипломатияи муосир бояд донист ва эътироф кард. Таъкид гардид, ки барои ноил шудан «ба ин дастовард мо баъди мулоқоту музокироти дуҷониба, сафарҳои давлатии роҳбарони ҳар ду давлат ва ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни кишварҳои бо ҳам дӯсту бародар муваффақ гардидем, ки дар натиҷа рафтуомади озодонаи мардум таъмин гардида, дар зарфи нуҳ моҳ беш аз дую ним миллион нафар шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба дидори хешу табори худ муяссар шуданд ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ бамаротиб таҳким ёфтанд.
Умед бастан мумкин аст, ки татбиқи амалии мақсаду вазифаҳои дар платформаи се ҳадафи асосии стратегияи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда актуалӣ ва манфиатбор будани худро барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ собит месозад ва барои расидан ба ҳадафи чаҳоруми миллии мо – саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд. 
Ҳамин се рӯйдоди муҳим бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд, ки дар маҷмӯъ, имиҷи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боло бурда, ҷаҳониёнро бовар кунонд, ки дар меҳвари ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди кишвари мо баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз тариқи ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, таҳкими сармояи инсонӣ, таъмини идоракунии уфуқӣ ва амудии инфрасохтори  давлатӣ, тақвияти қудрати содиротӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, рушди бемайлони бахши хусусӣ ва ташаккули бозори солими меҳнат қарор доранд.
Дар баробари ин, таъкид гардид, ки барои таъмини раванди устувори дастовардҳои дар соли 2018 бадастомада тамоми имкониятҳои ақлию зеҳнии кишварро сафарбар намудан мувофиқи мақсад менамояд. Зеро шиддат ёфтани рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ зарурати таҳкиму густариши муносибатҳои созандаро ҳам дар шароити дохилӣ ва ҳам минтақавию байналмилалӣ тақозо менамояд. Пешвои миллат дар атрофи ноорому бесубот боқӣ мондани авзои сиёсии сайёра таваққуф намуда, аз шиддат гирифтани як идда равандҳои номатлуб, ба мисли кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ ёдовар шуданд, ки «ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашондаанд ва имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд».
Мо чунин мешуморем, ки таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти иҷтимоию иқтисодии кишвар ва дастуру супоришҳои қатъии Пешвои миллат дар Паём далолат бар он доранд, ки акнун марҳалае фаро расидааст, ки саъю талошҳои неруҳои созандаи воқеан, ватандӯст ва хайрхоҳ бояд дар байни ҳамаи қишру табақаҳои ҷомеаи шаҳрвандии ҷумҳурӣ дастгирию ҷонибдории ҳамаҷониба пайдо кунанд, то раванди рушди устувору бебозгашти иқтисодиёт ва ҳамгироии фарогир насиби ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол ва миллатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ  гардад. Ва дар ин росто, татбиқи амалӣ касб намудани ҳадафҳои стратегии кишвари мо муяссару имконпазир гардад.
Файзулло БАРОТЗОДА, 
директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2019    №: 24    Мутолиа карданд: 806
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед