сиёсат
САНОАТИКУНОНИИ ИҚТИСОДИЁТ ЗАМИНАИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ
Саноатикунонӣ омили асосии пешбарандаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бунёди корхонаҳои гуногуни саноатӣ, яъне саноатикунонӣ, суръати рушди иқтисодиётро такони ҷиддӣ бахшида, барои расидан ба ҳадафҳои дигари иҷтимоӣ заминаи устувор муҳайё месозад.
Ҳадафи меҳварии ин иқдоми муҳим, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хоса таъкид гардид, Тоҷикистонро аз кишвари аграрӣ - саноатӣ ба саноатӣ - аграрӣ табдил додан аст. Саноатикунонии иқтисоди ҷумҳурӣ омилҳои зиёди таъсир ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро дорост. Дар навбати аввал он боиси фароҳам омадани ҷойҳои фаровони корӣ гардида, мушкилоти бекориро коҳиш медиҳад, инчунин, ҳолати вобастагӣ аз маҳсулоти воридотиро аз байн мебарад. Гузашта аз ин, базаи иҷтимоии давлат аз ҳисоби коргарони саноатӣ мустаҳкамтар шуда, бо ин роҳ сафи мутахассисони баландпояи соҳаи саноат меафзояд. Саноатикунонии босуръати мамлакат, яъне бунёди корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохтори соҳа барои боз ҳам баланд шудани некуаҳволии шаҳрвандон шароити воқеӣ фароҳам меорад.
Зиёд шудани корхонаҳои соҳаи саноат ба рушди деҳот низ таъсири куллӣ мерасонад. Дар ин масъала оқилона ва бо назардошти ҷойгиршавии қувваҳои корӣ бунёд намудани корхонаҳои саноатӣ дар деҳот аҳамияти хосса пайдо мекунад.
Дар рафти амалисозии барномаи саноатикунонии босуръати кишвар, тавре таҷрибаи ҷаҳонии саноатикунонӣ нишон медиҳад, паҳлуҳои дигари раванди саноатикунонӣ низ рӯшан мешаванд, зеро ин таҷрибаи навест дар роҳи пешрафти иқтисодии Тоҷикистон.
Ҳамчунин, барои бунёди корхонаҳои саноатӣ маҳалҳои ҷойгиршавиии ашёи хом, инфрасохтор ва мавҷудияти қувваи корӣ аҳамияти ҳалкунанда доранд. Дар ин маврид барои роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим дар самти бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, барқарорсозии корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Кулли масъалаҳое, ки муҳтавои Паёми навбатии Президенти мамлакатро ташкил медиҳанд, хусусан расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат, ҳамчунин, масъалаҳои иҷтимоӣ бо ҳам алоқамандии бевоситаи қавӣ доранд. Аз ҷумла, саноатикунонии босуръати мамлакат аз таъминот бо неруи барқу қувваи корӣ, рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва имконоти фурӯши он, маблағгузорӣ ва бисёр масъалаҳои дигар вобастагӣ дорад. Дар ин ҳолат масъалаи кадрҳои дорои маҳорату малакаи баланди ба истеҳсолот роҳбарикунанда, яъне пешсафони истеҳсолот аҳамияти хоса пайдо мекунад. Роҳбарии босалоҳият ба самтҳои гуногуни иқтисодиёт ҳамеша самараи хуб медиҳад.
Баробари ин, дар раванди саноатикунонии иқтисодиёт, пеш аз ҳама, бояд ба сохтмони корхонаҳои бахши саноати сабук, аз қабили коргоҳҳои бофандагию ресандагӣ ва коркарди ашёи хоми кишоварзӣ афзалият дода шавад. Дар ин самт масъалаи бозомӯзии коргарони соҳавӣ тавассути курсҳои кӯтоҳмуддат ба миён меояд. Зеро саноатикунонӣ дар роҳи пешбурди иқтисоди кишвар заминаҳои илмию ихтисосиро тақозо мекунад.
Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
муовини сардори раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.01.2019 №: 25 Мутолиа карданд: 1673