logo

фарҳанг

МАҚОМИ АДАБИЁТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Андешаҳо дар ҳошияи мақолаи узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов «Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт», («Ҷумҳурият», 4 декабри соли 2018)
Мақолаи «Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт» - и С. Ятимов  ҳамчун назари хос ба адабиёт, вазифаҳои иҷтимоии он ва рисолати адиб  таҳлилу баррасиҳои воқеан муҳаққиқона буда, дар робита ба афкори андешамандони бузурги ҷаҳонӣ ва таҳлилу натиҷагириҳои илмии марбут ба авзои ҷаҳони муосир, ки аз дидгоҳи илмию фалсафӣ мавриди таҳлили доманадору пурвусъат қарор гирифтаанд, ҷанбаъҳо ва арзишҳои илмии онро бамаротиб боло бурдаанд. Ин мақола низ чун идомаи мантиқии мақолаи «Идеолоогия ва манфиатҳои миллӣ» аз бозёфту андеша, таҳлилу натиҷагирӣ дар заминаи афкори назарию фалсафии мутафаккирони Шарқу Ғарб ва дидгоҳи нав саршор буда, бо сабку услуби хосе  рӯи сафҳа омадааст. Муаллиф бар он муваффақ шудааст, ки бо баррасии бисёр воқеъбинона ва илмии моҳият ва вазифаҳои адабиёт, муносибати илм ва адабиёт, илму дониш ва маърифат дар замони муосир, таъсиру нуфузи он дар рушди тафаккури инсон, дарки воқеии олами атроф, инъикоси дурусти он, адиб ва тафаккури бадеӣ, адиб ва хонанда, ҷомеа ва воқеият ва чандин масъалаҳои муҳим мавқеи адабиётро дар раванди таърихии таҳкими давлатдории миллӣ  нишон диҳад. Дар  ҳақиқат, донишу маърифати ростин, ки дар заминаи шинохти воқеии асли масъалаҳо ҳосил мегардад ва ба таъбири муаллиф ба «наздикшавии тафаккур ва воқеият» замина фароҳам меоварад, дар такомули тадриҷии инсон нақши муҳим дорад.
Муаалиф дуруст таъкид мекунад, ки: «Агар рӯҳияи дунявият заиф шуда, эътиқоди илмпарварӣ ва  маърифатсолорӣ дар миёни қишрҳои гуногуни мардум шикаста гардад, тақдири инсон ниҳоят осебпазир ва фоҷиавӣ хоҳад гашт». Аз ин лиҳоз, адабиёт бояд таҷассумгари воқеияти зиндагӣ ва рисолати азалии таъмини осудагӣ, рушди ҷомеа, созандагӣ, бунёдкорӣ, таҳким бахшидани манфиатҳои миллӣ, тарғибгари рӯҳияи ватандорӣ, ахлоқи ҳамида ва суннату анъанаҳое бошад, ки дарозои ҳазорсолаҳо аз насл ба насл гузашта, устувору побарҷо то замони мо расидаанд. Бинобар ин, маърифати диалектикаи муборизаҳои ақидавӣ, амалӣ ва ғайраро дарк карда, барои тақвияти саодати зиндагии инсон ва суботу оромиши кишвар ва бо назардошти воқеият нисбати равандҳои номатлуб оштинопазир будану ошкор намудани моҳияти он рисолати аҳли илму адаб мебошад, зеро дар ҳамаи давру замон мутафаккирону андешамандон илму маърифатро заминаи расидан ба саодати банӣ башар арзёбӣ карда, роҳи наҷоти инсонро низ дар илму дониш арзёбӣ кардаанд.
Масъалаҳои муҳими шахсияти адиб ва аз дидгоҳи ҳунарӣ омӯхтан, таҳлилу хулосабарорӣ карда тавонистани ӯ аз равишҳо, қонуният, маҷмӯи ҳодисаю воқеаҳо ва оқибати онҳо ҷиҳати пешгирӣ кардани баъзе рӯйдодҳо ва дар ин замина манзури аҳли ҷомеа кардани офаридаи завқу табъ аз таҳлилҳои илман асосноки С. Ятимов мебошад, ки дар бахши «Адабиёт ва тафаккури бадеӣ» таҳлилу баррасӣ гардида, вазифаҳои аҳли сухан, бахусус адибонро дар марҳалаи муосир равшан инъикос намудааст. Воқеан ҳам, тавассути офаридани образҳои равшану хотирмон ба аҳли ҷомеа фаҳмондани дастовардҳои даврони истиқлолият, зарурати аз таҳдидҳои рӯзмарра ҳифз кардан ва амнияти давлати миллӣ ҷиҳати таъмини манфиатҳои Ватан, пешгирии касодати ақлонӣ, ақидавӣ ва амалҳои ҷоҳилонаи онҳое, ки ба истиқлолияти зеҳнӣ ва мустақилияти давлат латма ворид сохтанӣ мешаванд, муҳимтарин масъалаҳои адиб ва адабиёт, муҳимтарин майдони санҷиши қалам ва таъсири каломи бадеӣ арзёбӣ кардани муаллифи мақолаи «Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт» аз дарки дурусти равандҳои мураккаб ва глобалии замон шаҳодат медиҳад. Гузашта аз ин, муаллиф аз сабақҳои талхи таърихии давлатдории даврони гуногуни таърихи миллати тоҷик – шикасти давлати Сомониён «ба хиёнати муллоҳои мутаасиби берун аз қаламрави давлат таҳсилкарда», ҳаракати босмачигарӣ чун зуҳуроти зиддимиллӣ, ифротгароёна ва роҳзанонаи зидди хостаҳо ва ормонҳои миллати тоҷик ва ҳомиёни асили сулолаи манғитиён дар ибтидои асри бист (воқеан муаллиф дар идома масъалаи мазкурро хеле возеҳ ва бо далелҳои илмӣ баррасӣ карда, ба ақидаҳои ботил  ҷавоби муносиб додааст) ва кӯшиши роҳандозӣ кардани сохти давлатдории аҷнабиён, ки таҳдиди воқеии адами давлат ва миллат дар давраи нави таърихи давлатдории мо гардидааст, чун се марҳалаи бадбахтии миллӣ баҳогузорӣ карда, сабаби асосии онро каммаърифатӣ ва эътиқодоти хурофотии мардум ва аз ин омилҳо истифода кардани манфиатхоҳон ҳисобидааст, ки воқеан мантиқист. Аз назари муаллиф  дар баробари ин, талоши зоҳиран ноаёни неруҳои муайяни геополитикӣ, ки тавассути роҳҳои ҷадид хостори заифсозӣ ва аз рушд боздоштани давлатдории миллӣ ҳастанд, чун давраи чоруми чунин рӯйдодҳои манфӣ арзёбӣ гардидааст, ки воқеан нигаронкунанда буда, аз ҳар як фарди ватандӯст ва бонангу номуси барои ояндаи Ватан бетараф набуда масъулияти таърихӣ, донишу маърифат ва зиракию  ҳушёрӣ талаб мекунад.  Муаллиф дар заминаи арзёбии ҷанбаҳои иҷтимоии адабиёт ва мақоми адибон дар  ҷомеа, бахусус ба эҷодиёти устод Садридди Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва дигарон аз дидгоҳи нав баҳои воқеӣ додааст. Андешаи С. Ятимов дар хусуси он ки «бо вуҷуди таҳқиқоту омӯзиш ва мактаби айнишиносӣ, хизмати адабии ӯ - яке аз бузургтарин шахсиятҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, то ҳадде, ки замони имрӯз ниёз дорад, ба омма, махсусан ҷавонон расонда нашудааст», бояд таваҷҷуҳи дигарбораи аҳли таҳқиқро ба омӯзиши рӯзгору осор ва афкори устод Айнӣ аз равзанаи ормонҳо ва хостаҳои ҷаҳони имрӯз равона намояд.
Силсилаи суолҳое, ки муаллиф вобаста ба мавқеъ, ҳадафу вазифаҳо, рисолати адабиёт, хизмати шоирону нависандагон, драманависон ва филмофарон дар робита ба ватандорӣ, инсонгароӣ, пойдорӣ, тақвият, гиромидошти арзишҳои миллӣ ва мубориза ба ҳама гуна зуҳуроти манфии инсониятро ба ташвишоваранда пешорӯи хонанда мегузорад, дар заминаи натиҷагирӣ аз адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо сурат гирифта, дар замони имрӯз ва ҳар давру замон бояд дар меҳвари андешаи аҳли эҷод қарор дошта бошад. Дар таҳқиқоти С. Ятимов масоили мазкур, дар маҷмӯъ дар таҳти мафҳуми ҷаҳонии «герменевтикаи иҷтимоии адабиёт ва адабиётшиносии муосири тоҷик» ифода ёфта, ба чигунагии нақши адабиёти имрӯз дар тарбияи маънавии ҷомеа иртиботи мустақим пайдо кардааст.
Дар маҷмӯъ, мақолаи С. Ятимов «Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт» ба ҳайси сарчашма ва раҳнамои муҳими фаъолияти эҷодӣ барои аҳли илму адаб вобаста ба шинохти равандҳои адабӣ, дарки ҷараёнҳои фикрии ҷаҳони имрӯз, вазифа ва рисолати адиб ва адабиёт, замон ва хонанда аз аҳамият ва раҳнамоии шоистае бархӯрдор мебошад.
Тоҷибой СУЛТОНӢ,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеаи
дастгоҳи раиси вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.02.2019    №: 26    Мутолиа карданд: 354

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2019. «Истиқлол» ва «Регар - ТадАЗ» бори ҳафтум дар финал

Вохӯрии раҳбарони кумитаҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара

СММ: "Дар 100 сол аз сунами беш аз 250 ҳазор нафар ҳалок гашт"

Дар Сурия хоҳари Бағдодӣ бо хонаводааш боздошт шуд

Трамп бо Россия ва Чин оид ба назорати силоҳ созишнома бастанист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед