Хабарҳо
ДДФСТ. Роҳандозии низоми нави иттилоотӣ
Хайриддин Идиев, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар донишкада сохтори нав таъсис гардид. Дар заминаи ин сохтор якчанд кафедраи нав, аз қабили бойгонишиносӣ, педагогика ва низоми иттилоотӣ дар соҳаи фарҳанг ба фаъолият оғоз намуданд.
Дар донишкада, ҳамчунин, мувофиқи таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар зинаҳои таҳсилоти соҳаи фарҳанг ва ҳунар ихтисосҳои нави драматургия, менеҷменти робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг таъсис дода шуданд, ки имсол қабули довталабон ба ин равияҳо сурат мегирад.
Дар доираи чорабиниҳо вобаста ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 дар донишкада факултети санъати мусиқии мардумӣ рӯи кор омад. Синфхонаҳои лексионӣ пурра бо воситаҳои техникаи муосир таъмин шуда, аз рӯи ду ихтисос - саёҳату меҳмондорӣ ва хабарнигори телевизион гурӯҳҳои таълимии фанҳои тахассусиашон бо забонҳои русӣ ва англисӣ созмон ёфтанд. Бо қарори Шӯрои олимони донишкада ҷиҳати такмили маҳорати эҷодии донишҷӯёни бахши хабарнигори телевизион студияи таълимии наворбардорӣ ба кор оғоз намуд.
Ректор дар бораи ҳамкориҳои мутақобилан судманди донишкада бо дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳаи фарҳанг ва санъати кишварҳои хориҷӣ ибрози назар намуда, тазаккур дод, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба бо 26 донишкадаву донишгоҳ шартнома ва созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расондааст.
- Яке аз дастовардҳои назаррас дар соли сипаришуда ин бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионӣ таъсис додани Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) ба шумор меравад, ки дар он унвонҷӯёни мо аз рӯи ихтисосҳои фаъолияти фарҳангӣ - фароғатӣ, китобдорӣ ва фарҳангшиносӣ метавонанд рисолаҳои худро дифоъ намоянд, - иброз дошт Х. Идиев.
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 83