logo

Хабарҳо

ХАТЛОН. Бунёди 163 иншооти ҷашнӣ

Соли 2018 дар вилояти Хатлон бо дастовардҳои зиёди иқтисодию иҷтимоӣ ҷамъбаст гардид. Тавре Қурбон Ҳакимзода, раиси вилоят, иттилоъ дод, аз ҷамъи умумии иншооти ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдёбанда аллакай 163 иншоот ба истифода дода шуд.
Ба иттилои раиси вилоят, соли гузашта ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 17,1 миллиард сомонӣ расида, афзоиш нисбат ба соли пешӣ 6,8 дарсадро ташкил дод.  Нақшаи андоз 100,6 дарсад таъмин гардид. Бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодӣ 1 миллиарду 146,4 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд. 46 ҳазору 627 ҷойи нави кор, аз ҷумла 32 ҳазору 590 ҷой аз ҳисоби соҳибкорон, таъсис дода шуд. Аз ҳисоби баргузории  ярмаркаҳои ҷойи холии корӣ 2881 шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин гардида, дар умум 5734 корҷӯ ба шуғл фаро гирифта шуд.
Гардиши савдои хориҷӣ ба 368,1 миллион доллари амрикоӣ расид. Ҳиссаи содирот дар гардиши бор афзуда, 162,2 миллион доллари ИМА – ро ташкил дод. Алҳол дар вилоят 30 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ мешавад ва маблағи азхудшуда ба 416,7 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 12 миллиарду 837,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешӣ 318,8 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 822,6 ҳазор тонна ғалладона, 216,5 ҳазор тонна картошка, 512,4 ҳазор тонна полизӣ, 188,5 ҳазор тонна мева, 104,5 ҳазор тонна ангур, 148 ҳазор тонна гӯшт, 487,3 ҳазор тонна шир, 78,9 миллион дона тухм, 995,9 тонна асал ва 1380 тонна моҳӣ истеҳсол гардид. Афзоиш нисбат ба соли гузашта мутаносибан аз 2 то 11 дарсадро ташкил медиҳад.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 124

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед