logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН. ЗАМИНАИ ФАРОХ БАРОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТИҶОРАТӢ

Рушду нумӯи энергетика барои некуаҳволии мардум нақши калидӣ доранд. Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки дорои иқтидори бузурги энергетикӣ мебошад. Бунёд намудану дуруст истифода бурдани иншооти энергетикӣ дар Тоҷикистон метавонад минтақаро ба як манбаи неруманд ва мустаҳками пуриқтидор табдил созад.  Дар Паёми навбатии Сарвари давлат низ  соҳаи энергетика мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқ қарор гирифт. Ин аз аҳамияти вижаи соҳа шаҳодат медиҳад. Кишвари мо саршор аз сарватҳои табиӣ, хусусан иқтидорҳои энергетикист. Ин сарвати бузург барои рушди равобити энергетикӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Осиёи Ҷанубӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
Осиёи Ҷанубӣ аз 8 кишвар - Афғонистон, Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон, Молдив, Непал, Покистон ва Шри - Ланка иборат буда, аҳолии он зиёда аз 1,7 миллиард нафар аст, яъне 21 фоизи аҳолии дунё. Тоҷикистон бо ҳамаи ин кишварҳо муносибати хуб дорад, аммо бо Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон  робитаҳо хеле бештар густариш ёфтаанд.
Бо назардошти имконоти мавҷуда Тоҷикистон ва Покистон метавонанд дар  ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои Осиёи Миёна масири аслии энергетикиеро эҷод кунанд, ки ҳамаи мамолики Осиёи Ҷанубӣ аз сарватҳои беохир, хусусан энергетикии мо, баҳравар гарданд. Ба ин васила, мо метавонем имконоти нави содиротиро фароҳам оварем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати «дарҳои кушода» - ро дар меҳвари муносибатҳои хориҷӣ қарор додаанд, ки сол ба сол самари бештар овардани он ба пуррагӣ собит шудаанд. Робитаҳо бо Покистон низ дар ҳамин замина густариш меёбанд, яъне манфиати мутақобилан судманд. Покистон  роҳҳои кӯтоҳтарин ва осонтаринро барои густариши тиҷорат ва иқтисод бо ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, фароҳам сохтааст ва дар ин самт ҳанӯз талошҳо идома доранд. Тоҷикистон низ саъй дорад, ки  бо истифода аз бандари Гводари Покистон  тиҷоратро бо тамоми кишварҳои олам густариш диҳад.
Тоҷикистон 4 дарсади иқтидори гидроэнергетикии ҷаҳонро доро буда, савумин тавлидкунандаи барқи обӣ ба шумор меравад. Татбиқи лоиҳаҳои барқии Тоҷикистон ба манфиати тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла Покистон мебошад.
Яке  аз дигар самтҳое, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистонро такон мебахшад,  амалисозии  лоиҳаи CАSА-1000 мебошад. Ширкатдорони асосии он Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистонанд. Ҳадафи асосии лоиҳаи CАSА-1000 ин тавлид ва интиқоли барқи обӣ аз  Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Бо амалисозии ин лоиҳа Покистон 1300 мегаватт барқи арзону тоза дарёфт менамояд.
Тоҷикистон ва Покистон метавонанд дар бахши кишоварзӣ ва саноат низ ҳамкории худро рушд ва тақвият диҳанд. Зеро ҳар ду кишвар дорои  манобеи хуби кишоварзӣ ва саноатӣ, картошка, пахта, шолӣ, меваҷот, гӯгирдсозӣ, семент, либосворӣ, зарфсозӣ, тӯбсозӣ ва ғайра ҳастанд. Тоҷикистон метавонад дар бахши коркарди ғизо ва нассоҷӣ аз таҷрибаи саноати Покистон истифода намояд. Зеро ин кишвар дар тавлид ва коркарди маҳсулоти пахтагин дар ҷаҳон ҷойи сеюмро ишғол  мекунад. Моҳи марти соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз  Покистон боздиди расмӣ ба амал оварда, дар таърихи муносибатҳои дуҷониба сафҳаи навро оғоз намуд. Соли 1997 консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон ва дертар дар шаҳри Карочӣ кушода шуд. Ҳамзамон, парвозҳо байни Душанбеву Карочӣ роҳандозӣ шудаанд. Дар давоми 26 соли муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар зиёда аз 50 ширкат ва  соҳибкорони зиёди покистонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
То соли 2011 гардиши мол байни ду кишвар 14, 9 миллион доллари ИМА – ро ташкил медод. Ҳоло  табодули бор байни ду кишвар ба беш аз 100 миллион доллари амрикоӣ расидааст ва тарафҳо талош доранд, ки онро ба 500 миллион доллар расонанд.
Дар соҳаҳои омӯзиши маҳорат ва такмили ихтисос, маориф ва табодули барномаҳои гуногун низ муносибатҳои ду кишвар тадриҷан рушд меёбанд. Алҳол донишҷӯёни зиёди покистонӣ дар макотиби олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Шаҳри Душанбе бо шаҳри Лоҳури Покистон аз соли 1973 аҳди бародаршаҳрӣ дорад, ки ин ҳам қадами некест дар таҳкими дӯстӣ ва муносибатҳои ду кишвар.
Мирсаид РАҲМОНОВ,
ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.02.2019    №: 28    Мутолиа карданд: 558
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед