logo

сиёсат

СААДЕТТИН КОҶАТУРК: "МИЛЛАТИ ТОҶИК БО ЧУНИН САРВАРИ ФОЗИЛ ВА АРҶМАНД БОЯД ИФТИХОР КУНАД"

5 феврали соли 2019 дар Ҷумҳурии Туркия Симпозиуми байналмилалӣ зери унвони “Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат” баргузор гардид. Дар симпозиум ходимони дини Тоҷикистон, олимон, унвонҷӯён, дипломатҳои кишварҳои хориҷии муқими Анқара,  намояндагони Шӯрои донишҷӯёни тоҷик дар Туркия, созмонҳои байналмилалӣ ва Анҷумани тоҷикон дар Туркия иштирок доштанд. Коршиносон вобаста ба мавзӯъҳои бадномкунӣ ва суиистифодаи дини мубини Ислом аз тарафи террористон, даст задани аъзои ба ном ҳизбҳои “исломӣ” ба ҷиноятҳои сангин, аз қабили куштор, фаҳш, кӯшишҳои табаддулотҳои давлатӣ ва ҳамкории онҳо бо кишварҳои бадхоҳ, сухан ронданд.
Дар симпозиум профессори Донишгоҳи Анқара Саадеттин Коҷатурк оид ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти дини мубини Ислом ба ҳозирон маълумот дода, таъкид намуд, ки Сарвари давлати Тоҷикистон ба хотири хизматҳои шоёнашон дар дини мубини Ислом ба рӯйхати 500 нафар мусулмони бонуфузтарини ҷаҳон шомил шудаанд. Аз ҷумла, профессори турк зикр намуд, ки бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии бузургдошти пешвои мазҳаби Ҳанафия ­ Имоми Аъзам баргузор гардид, ки эшон низ дар он ширкат ва суханронӣ кардааст. Нашри китоби муқаддаси мусулмонон - Қуръон бо хати кирилӣ, бунёди бузургтарин масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Душанбе, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳама мусулмонони Тоҷикистон аз донишмандӣ ва хоксории чунин як Президенти кишвар шаҳодат медиҳад.
Дар идомаи суҳбаташ олими барҷаста афзуд, ки миллати тоҷик бояд бо доштани чунин Президенти фозил ва арҷманд ифтихор намояд, чунин Сарвар бар ҳар миллату давлат насиб намегардад. Иловатан, профессор тазаккур дод, ки ҳангоми сафари навбатиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки ба ӯ шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад. 
С. Коҷатурк дар идома аз таассуроти сафарҳои худ ба Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфт, ки дар як муддати кӯтоҳ ба чунин як кишвари зебо табдил додани Тоҷикистон танҳо кори Эмомалӣ Раҳмон буд. Профессори турк аз сатҳи баланди ахлоқу одоби сокинон, босуръат бунёд ёфтани корхонаю биноҳои истиқоматӣ дар кишвар, зебоии пойтахт - шаҳри Душанбе, фаъолияти як қатор муассисаҳои динӣ, аз қабили Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои уламои Маркази исломӣ ва Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит изҳори хушҳолӣ намуд.
Саадеттин Коҷатурк аз ҳозирон даъват ба амал овард, ки ба суханони аъзои ташкилотҳои террористию ифротӣ, чун пайравони ҲНИ, ки аз хориҷ ба кишвари худ санг мезананд, эътибор надода, аз Тоҷикистони биҳиштосо дидан намоянд. Ҳамзамон, устоди Донишгоҳи Анқара зикр кард, ки бо усулҳои динӣ ва ақидаҳои динӣ ҳеҷ гоҳ давлатро идора карда намешавад. Ӯ ба он ақида аст, ки кишварҳое, ки бо ин усул фаъолият мекунанд, поянда буда наметавонанд.
Дар фарҷом профессор С. Коҷатурк омодагии олимони туркро дар самти ҳамкорӣ бо олимони тоҷик иброз дошта, пешниҳод намуд, ки чунин вохӯрии олимони ду кишвар бештар ба роҳ монда шавад. Зеро ташкилотҳои ифротию террористӣ бо дурӯғу бофтаҳои хаёлии худ, номи кишварҳои дӯсту бародарро ба бадӣ инъикос карда, фурсатро ба манфиатҳои нопоки худ истифода мебаранд.
Саадеттин  Коҷатурк соли 1941 дар шаҳри Кайсерии Ҷумҳурии Туркия зода шудааст.  Мавсуф соли 1965 барои таҳсил дар бахши магистратура  ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуда, рисолаи номзадиашро ҳимоя кардааст. С. Коҷатурк соли 1969 дар Донишгоҳи Теҳрон унвони докторӣ ба даст меорад. Олими турк унвони дотсентиро дар Фаронса ва профессориро дар Ҷумҳурии Арабии Миср ҳимоя кардааст. Саадеттин Коҷатурк донандаи забонҳои фаронсавӣ, арабӣ ва форсӣ мебошад.
Таҳияи "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.02.2019    №: 28    Мутолиа карданд: 610
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед