logo

сиёсат

ПАЁМИ ҲИДОЯТ

Мо - мардуми кишвар ҳамеша шукргузорем, ки дар Ватани азизамон оромиву субот, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо буда, бо роҳбарӣ, дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осуда умр ба сар мебарем.
Мо, ходимони дини вилояти Хатлон, баробари омӯзиши муҳтавои Паёми Пешвои миллат тасмим гирифтем, ҷиҳати иҷрои нуктаҳои он, бахусус дар самти болоравии мақоми занон  дар  ҷомеа,  саҳми  худро  гузорем. Мақому мартабаи зан - модарро Қуръони кариму ҳадисҳои набавӣ бо пуштибонӣ зикр караанд. Аз ҷониби Парвардигор омадааст: «Бо занон ба ваҷҳи писандида зиндагӣ кунед». Ё худ дар бештари ҳадисҳои ҳикматбори Расули Худо омадааст: «Бо занҳои худ лутф намуда, ҳамеша ғамхору меҳрубон бошед». Илова бар ин, дар мавриди тарбияи маънавии насли наврасу ҷавон тадбирҳои заруриро меандешем.
Пешвои миллатамон бо изҳори фараҳмандӣ дар Паёмашон таъкид доштанд: «Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд». Дар зимни он, изҳори нигаронӣ карданд, ки ҳанӯз ҳам сатҳи донишу маънавиёти насли наврас то як андоза  мувофиқи матлаб нест. Бо назардошти боло бурдани сатҳи донишу маънавиёти насли наврас моро лозим аст, ки бо баргузории суҳбату вохӯриҳои судбахш ба ин раванд мусоидат намоем. Чунки имрӯзу ояндаи дурахшони давлатро танҳо фарзандоне метавонанд шукуфон созанд, ки соҳиби ақлу хирад ва бо тафаккури созандаву дурандешонаи  хеш аз касбу ҳунарҳои замони муосир бархӯрдор бошанд. Паёмбарамон фармудаанд: «Талаб кунед илмро аз гаҳвора то гӯр».
Албатта, соҳибистиқлолии ҳар як кишвар нишони сарбаландӣ аст. Шукргузорем, ки миллати мо аз ин неъмати бебаҳо баҳравар буда, ҳамагон сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишварро дар сатҳи хотирмон пазироӣ менамоем. Ба ин мазмун низ Расули Худо гуфтаанд: «Ду неъматест, ки инсоният ҳамеша бехабар мемонад: яке амният, дигаре тандурустӣ».
Бо мақсади иҷрои ин иқдоми наҷибона, дар партави дастуру маслиҳатҳои Президенти мамлакатамон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди иншооти ниёзи мардум ба нақша гирифта шудааст. Дар ин росто низ, мақоми ходимони дин ба неки арзёбӣ хоҳад гардид.
Ҳар лаҳза мо - ходимони дин мардумро ба ватандорӣ, хештаншиносӣ, созандагиву бунёдкорӣ даъват намуда, кӯшиш менамоем, ки ҳисси ватандориро боз ҳам боло бардорем.
Албатта, бо баргузории мулоқоти судманди маърифатӣ, рӯ овардан ба иқдому ташаббусҳои созанда метавонем зиндагии хешро беҳбуд бахшида, Ватани соҳибистиқлоламонро боз ҳам ободу зеботар гардонем, ки ин умедвориҳо аз Паёми Пешвои миллат бармеоянд. 
Усмоналӣ НУРОВ, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази  исломии
Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон,
сархатиби шаҳри Бохтар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2019    №: 29    Мутолиа карданд: 536
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед