logo

туризм

САНГВОР. ИМКОНИЯТҲОИ РУШДИ САЙЁҲӢ БУЗУРГАНД

Сангвор ҳам аз ҷумлаи минтақаҳои баландкӯҳи сайёҳист. Ноҳия аз 5 ҷамоати деҳот - Тавилдара, Чилдара, Вахё, Сангвор,  Ваҳдат ва  86 деҳа иборат буда, онро дар қисматҳои марказӣ ағбаҳои Полезаку Харсанг ва дар ҷанубу шарқӣ ағбаи Хобурубот аз ноҳияҳои Ховалингу Дарвоз ҷудо намудаанд. Аз ҳудуди ноҳия дарёи Хингоб мегузарад, ки он ба масофаи 250 километр тӯл мекашад.
Сангвор солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар пайи сиёсати хирадмандона, дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату талоши мардуми шарифи диёр бесобиқа рушд намуд ва ободу зебо гашт. Ҳоло мардуми заҳматпешаи Сангвор ба хотири иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ва истиқболи сазовори Ҷашни  30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагию ободониро вусъати тоза бахшидаанд. Дар нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ бунёду беҳсозии  инфрасохтори деҳот, коргоҳҳои хурди истеҳсолию коркард, корҳои таъмиру тармими роҳу пулҳо, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангӣ мавқеи аввалро ишғол менамоянд. Ба ташкили корҳои ободонию хуррамнамоии  кӯчаву маҳаллаҳои маркази ноҳияву ҷамоатҳои деҳот ва сабзкорӣ низ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Соли гузашта дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот бунёди майдончаҳои варзиш оғоз гардида, дар нимсолаи аввали соли 2019 ба истифода дода мешаванд. Дар назди муассисаҳои таълимии № № 2, 8, 11, 15, 21, 31, 54,  57 синфхонаҳои иловагӣ, дар деҳоти Вахё хонаи фарҳанг ва дар деҳоти Чилдара маркази тиҷоратӣ сохта ба истифода дода шуд. Роҳҳои байни деҳаҳои Арғанкӯл, Зувай, Миёнаду, Дараи Себак, Убари Об ва Ҷур таъмир ва мушкилоти равуои ин деҳаҳо бартараф гардиданд.
Бунёди коргоҳи қаннодию тарабхона дар деҳаи Тавилдара, бунгоҳи тиббию ҳаммом дар деҳаи Сариҷангал, нуқтаи таъмири мошинҳо дар деҳаи Лангар, маркази савдову ошхона дар деҳаи Чилдара, коргоҳи коркарду бандубасти мева дар деҳаи Дашти Ғурк бояд то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба анҷом расанд. Дар маҷмӯъ, то ҷашни бузурги миллӣ бунёди 77 иншооти хурду миёна, аз ҷумла якчанд меҳмонхонаи замонавӣ, осоишгоҳи табобатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, ба нақша гирифта шудааст.
Сангвор дорои ёдгориҳои зиёди таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки баъзеи онҳо таърихи беш аз 3 - ҳазорсола доранд. Мазори Ҳазрати Бурхи Валӣ, мавзеи зебои фароғатии Ҳавзи Кабуд ва даҳҳо ёдгориҳои дигар ҷои дӯстдоштаи сайёҳони дохилию хориҷианд.
Иқлими мусоиди ноҳия барои рушди сайёҳӣ, хусусан кӯҳнавардӣ, хеле созгор мебошад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия саъю талош меварзад, ки  дар ояндаи наздик бо бунёди  инфрасохтори шоистаи сайёҳӣ ва  рушди деҳот, хусусан коргоҳҳои истеҳсолию коркарди маҳсулот, ҳунарҳои мардумӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ,  таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшоӣ, ки ба баланд шудани  сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат менамоянд, ҳамчунин, таъмиру ободонии мавзеъҳои таърихию фароғатӣ, ҳифзу нигоҳдории табиати зебо ва ҳайвоноту набототи ноҳияи Сангвор ба яке аз минтақаҳои ҷаззоби сайёҳии кишвар  табдил дода шавад.
Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер,
раиси ноҳияи Сангвор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2019    №: 29    Мутолиа карданд: 392

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед