logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Абдухолиқ Мӯсоев пас аз хатми факултаи аграрии совхоз - техникуми ба номи Куйбишев ба ҳайси бригадири пахтакории комплексии ҷавонон фаъолият намуда, аз 120 гектар замин, ки ба  сарвари ҷавон возугор буд, ҳосили рекордии пахта рӯёнд. Ӯро барои дастовардаш бо  ордени «Нишони фахрӣ» сарфароз гардонданд.
Раиси вақти вилояти Қӯрғонтеппа Ғоибназар Паллаев Абдухолиқро ба ҳайси  раиси колхози «Ленинград» (ноҳияи Вахш) пешниҳод кард.  Ӯ тӯли 6 соли раисиаш колхози қафомондаро ба як хоҷагии пешқадам оварда расонд. Вақте ки колхози номбурда  нақшаи пахтасупориро дар ноҳия аввалин шуда иҷро намуд, сарвари вақти кишвар Ҷаббор Расулов барои табрики ин хоҷагӣ ташриф овард ва супориш дод, ки таҷрибаи кори ин колхозро дар тамоми хоҷагиҳои вилоят ҷорӣ намоянд.
Ӯ вазифа гузошт, ки соҳаи иҷтимоиётро баланд бардошта, баҳри рушди деҳот камари ҳиммат баста, ба сохтмони мактабу беморхона, клубу китобхона ва муассисаҳои маишӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд. Дар як муддати кӯтоҳ дар ҳудуди  хоҷагӣ сехи дӯзандагӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва  ибтидоӣ, барои омӯзгорону табибони  ҷавон бинои истиқоматии 32 - ҳуҷрадор сохта, ба истифода дод. Ҳамзамон роҳҳои деҳаро асфалтпӯш намуда, хати оби ошомиданӣ кашид.
А. Мӯсоев боз  мақсад гузошт, ки дар ҳудуди хоҷагӣ заводи пахтаро бисозад. Завод бо тариқи ҳашар сохта шуд.
Ӯ бо мутахассисони чехӣ дар хусуси сохтмони беморхонаи дорои 127 кат шартномаи тарафайн баст ва соли 1994 онро ба  анҷом расонд.  Ин бор тасмим гирифт, ки барои мардуми меҳнаткаши хоҷагии Киров як заводи равған бунёд месозад. Бо  ёрии мутахассисони варзида ин коргоҳ низ бунёд ва ба кори худ шурӯъ намуд, ки иқтидораш дар як шабонарӯз 6 - 7 тонна равғани аълосифат буд.
Ҳамин тавр, иқдомҳои ин роҳбари кордону дилсӯз чӣ дар соҳаи рушди кишоварзӣ  ва чи дар соҳаи иҷтимоиёт рӯз ба рӯз афзун меёфт.
Натиҷаи ҳамин буд, ки имрӯз дар ҳудуди хоҷагии Киров ва Ҷамоати деҳоти Киров 20 деҳа, 15 маҳалла бо шумораи бештар аз 40 ҳазор аҳолӣ, 12 муассисаи таълимӣ, 2 боғчаи бачагонаи доимоамалкунанда, 2 сехи қуроқу чакандӯзӣ, 5 иншооти фарҳангӣ, 1 маркази саломатӣ ва 12 бунгоҳи тиббӣ амал мекунад.
Абдухолиқ Мӯсоев соли 2008 дунёро падруд гуфту аз дидаҳо рафт, аммо дар дили мардум бо фарҷоми амалҳои некаш, ҷавонмардиву одамияташ боқӣ монд.
Музаффар МУРОДОВ,                      
бойгонишиноси  дастгоҳи раиси вилояти Хатлон     


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2019    №: 29    Мутолиа карданд: 79

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед