Хабарҳо
Ҳукумати Қазоқистон сохтмони манзил барои хонаводаҳои серфарзандро зиёд карданист
Centralasian.org. Вазири саноат ва рушди зерсохтори Қазоқистон Женис Қосимбек пешниҳод кард, ки сохтмони манзил барои хонаводаҳои серфарзанд афзуда шавад.
"Мо барои афзудани сохтмон сармоя меҷӯем. Агар то ҳол солона 700 хона сохта шавад, пас минбаъд бояд бинокориро ду баробар зиёд кард", - гуфт вай. - Дар ҳоли ҳозир 28 ҳазор хонавода дар навбати дарёфти манзил аст, - хабар дод вазир.
Як рӯз пеш дар Остона бештар аз сад зан талаб дошт, ки вазъи иҷтимоии хонаводаҳои серфарзанд беҳ карда шавад. Онҳо баъди ҳалокшавии панҷ кӯдаки як хонавода дар сӯхтор дар шаҳри Остона гирди ҳам омаданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 360