Хабарҳо
Чин барои ба ИМА расидан шаш киштии ҳавопаймобар месозад
South China Morning Post. Пекин нақша дорад, ки неруи баҳрияшро то соли 2035 бо шаш киштии нав афзун сохта, ба ин васила ба неруҳои ҳарбии баҳрии ИМА ҳампо гардад.
Тибқи нақша боз чор киштии ҳавопаймобари ҳастаӣ сохта мешавад. Сустшавии эҳтимолии рушди иқтисодӣ ва ҷанги тиҷоратӣ бо ИМА ба татбиқи нақшаи мазкур монеъ намешавад, - мегӯянд коршиносон.
Айни замон дар ихтиёри низомиёни чинӣ як киштии ҳавопаймобар — «Ляонин» қарор дорад, ки соли 2012 ба истифода дода шуда буд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 211