Хабарҳо
Меркел: «Маҷрои шимолӣ - 2» мӯъҷиби вобастагии энергетикии Олмон аз Россия намегардад
Regnum.ru. Канслери Олмон Ангела Меркел мутмаин аст, ки сохтмони лӯлаи гази «Маҷрои шимолӣ - 2» кишварашро побанди Федератсияи Россия намекунад.
Ин нуктаро ӯ дар Братислава пас аз мулоқот бо сарони кишварҳои гурӯҳи Вишеград (Лаҳистон, Чехия, Словакия ва Маҷористон) ба хабарнигорон гӯшзад кард.
«Оё мо аз сохтмони ин лӯлаи газ побанди Россия мешавем? Ман «не» мегӯям, агар, ҳамзамон, диверсификатсияро роҳандозӣ кунем», — гуфт Меркел.
Ҳукуматдорони ИМА бо тамоми воситаҳо ба боздошти бунёди «Маҷрои шимолӣ — 2» зӯр зада, Олмонро ба хариди гази қимати худ маҷбур кардан мехоҳанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 213