logo

сиёсат

МАҶЛИСИ КИМ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

7 феврал дар Китобхонаи миллӣ маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар маҷлис натиҷаҳои фаъолияти дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ва кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар соли 2018 мавриди баррасӣ қарор гирифта, нақшаи фаъолият барои соли 2019 муайян карда шуд.
Дар маҷлис аъзои Раёсат ва Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Парламент, роҳбарони як қатор сохтору идораҳои дахлдор, кормандони масъули дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, роҳбарон ва намояндагони кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони васоити ахбори омма, аъзои фаъоли ҳизб ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ширкат варзиданд.
Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ намуда, рӯзномаи маҷлис оид ба “Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳои сохторҳои ҳизбӣ барои соли 2019” - ро ба муҳокима гузоштанд.
Зимни суханронӣ Раиси ҳизб таъкид намуданд, ки садоқат ба ормонҳои халқ ва соҳибиродаву бомасъулият будан ду рукни асосӣ, яъне ҷавҳару меҳвари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Зикр гардид, ки мо ҳоло дар доираи татбиқи барномаҳои ҳизб барои сатҳи нави рушди устувори иқтисодӣ ворид шудани кишварамон талош дорем, хусусан бунёди корхонаҳои бузурге, ки барои баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат хоҳанд кард.
Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қатъият ва далелҳои мушаххас хотиррасон намуданд, ки бештари дастовардҳои назарраси кишварамон, албатта, бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иртиботи ногусастанӣ доранд. Ҳизб бо ташаббусҳои бузурги созандаи сиёсӣ ва бо эҳсоси баланди масъулият як силсила барномаҳои нав, ғояҳои тоза ва стратегияҳои судмандро пешниҳод кард, инчунин, дар коркарди самтҳои муҳимтарин ва муносибатҳои ҳасанаи сиёсӣ фаъолона иштирок намуд, муҳимтар аз ҳама, ба пешрафти як қатор ҷанбаъҳои калидии кор такони нав бахшид.
Дар шароити феълӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беш аз 460 ҳазор аъзо дорад, ки 220 ҳазорашро занон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора беш аз 176 ҳазори онҳо ҷавонони аз 18 то 30 - сола мебошанд, ки муҳаррики ҳизб буда, дар пешрафти ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистон нақши муассир доранд.
Ба таъкиди Раиси ҳизб, боло бурдани обрӯ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вазифаи ҷонии ҳар як аъзои ҳизб мебошад. Имрӯз ҳизб ба қувваи бузург табдил ёфтааст, ки ҷиҳати ҳалли саривақтии мушкили мардум бояд расидагӣ кунад. Ташкилотҳои ҳизбӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати ташаккули фарҳанги сиёсӣ, тақвияти маърифати ҳуқуқӣ, дӯст доштани Ватан - Модар, ҳифзи марзу бум, таҳкими истиқлоли миллӣ ва ваҳдати миллӣ корҳои таблиғотиро бештар ба роҳ монанд.
Баъд аз суханронии пурмуҳтавои Раиси ҳизб аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва ҷонибдорони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла Дилафрӯзи Абдулло - мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Солеҳҷон Амирҷонзода - аъзои ташкилоти ибтидоии “Сомониён” - и шаҳри Хоруғ, Фарҳод Абдувализода - сармуҳаррири рӯзномаи “Суғд ҳақиқатӣ”, Сайдалӣ Шамсов - роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе, Махфират Давлатзода - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, Умеда Абдурашидова - менеҷер оид ба ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд, Сайидбек Мирзомуддинов - раиси ташкилоти ибтидоии “Иттиҳод”, Ҷамшед Олимов - корманди Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бахтовар Сафарзода - раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.
Дар ҷамъбасти кори маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳар як узви ҳизб барои татбиқи вазифаҳои стратегии давлату Ҳукумат, такмил додани низоми қонунгузорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, вусъат додани ғояҳои созандаи ватандӯстона ва тақвият бахшидани худшиносӣ ва худогоҳӣ саҳми босазои худро мегузоранд ва ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки узви Ҳизби Халқии Демократӣ будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мост.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2019    №: 30    Мутолиа карданд: 91

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед