logo

Хабарҳо

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

Абдулло Ҳабибулло, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли гузашта 7 нафар устод рисолаи номзадӣ ва як нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуд.
Дар аввали соли равон бошад, ду нафар устоди ин муассисаи таълимӣ рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Ҳафт нафар омӯзгор барои омӯзиш, таҳқиқи корҳои илмӣ ва баланд бардоштани касбият ба кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Россия, Ҳиндустон, Чин, Туркия сафарбар карда шуд.
Зимни посух ба пурсиши хабарнигорон сарвари таълимгоҳ гуфт, ки дар соли хониши гузашта 26 нафар донишҷӯ ин муассисаро бо дипломи аъло хатм намуд. Ҳамчунин, изҳор дошт, ки мо ҳама саъю кӯшишро ба он равона мекунем, ки сатҳу сифати таълимро беҳтар намоем. Барои ин нахуст сатҳи касбияти худро бояд мунтазам боло бурд.
Ректор бо ёдоварӣ аз нуктаҳои бисёр муҳими Паёми навбатӣ дар соҳаи маориф афзуд, ки ба масъалаи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ зарур аст, бештар аз пештар диққати ҷиддӣ бидиҳем ва дар ин самт тадбирҳои иловагӣ биандешем. Бе омӯзиши дурусти ин забонҳо наметавон бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам зад.
Исломи РАҶАБАЛӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 71

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед