logo

Хабарҳо

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

- Аз ҷониби  Комиссияи   олии тахассусии Агентии авиатсияи гражданӣ тайи соли гузашта ба 450 мутахассиси соҳа шаҳодатномаи тахассусӣ дода шуд ва дараҷаи тахассусии 29 нафар корманди соҳа баланд бардошта шуд,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ Икром Субҳонзода, директори генералии агентӣ.
Зикр гашт, ки соли 2018 фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ба 2 миллиону 5,2 ҳазор мусофир хизмат расонданд, ки аз ин нишондиҳанда ба ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» 1348,6 ҳазор нафар мусофир (67,3 дарсад), ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» 544,4 ҳазор (27,1 дарсад), ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» 108,1 ҳазор (5,5 дарсад) ва ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар» 4,1 ҳазор (0,2 дарсад) рост меояд.
Ҳамзамон,  дар ин давра аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ – ҶСК «Тоҷик Эйр» (325,5 ҳазор нафар) ва ҶДММ «Сомон Эйр» (489,7 ҳазор нафар) 815,2 ҳазор нафар мусофир интиқол дода шудааст.
Ҳамчунин, қайд гардид, ки соли 2018 ҷиҳати татбиқи Лоиҳаи грантӣ, ки дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса амалӣ мегардад, моҳи марти соли 2018 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сохтмони манораи муназзимӣ оғоз гардида, айни замон корҳои ҷамъбастии сохтмон ва дастрасиву муҷаҳҳазгардонии он мутобиқ ба талаботу стандартҳои ҷорӣ амалӣ шуда, дар нақша аст, ки моҳҳои июн-июли соли 2019 ба истифода дода шавад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 174

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед