logo

Хабарҳо

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

- Соли 2018 корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи 218 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,2 миллион сомонӣ зиёд аст, - изҳор дошт дар нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло.
Ба гуфтаи раиси шаҳр, дар ин муддат 23 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба соли гузашта зиёд намуд. Аз ҷумла, «Сомон - Кӯлобтаҷҳизот» ва «Комбинати хонасозӣ» ду, «Комбинати шир» ва «Ориён - Рустам» (комбинати гӯшт) 1,2 баробар зиёд маҳсулот истеҳсол карданд. Ҳамчунин, моҳи октябри соли гузашта коргоҳи макарон ба кор шурӯъ намуда, истеҳсоли маҳсулотро то ин дам ба 8 тонна расонд. Хайрулло Амонулло, ҳамчунин, зикр кард, ки дар заминҳои назди ҶДММ «Мармариён» (корхонаи равған) ва ҶДММ «Пахтаи Кӯлоб» шаҳрчаи саноатӣ бунёд карда мешавад.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 439,7 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли гузашта 22,6 миллион  зиёд аст.  59,7 ҳазор тонна сабзавот, 4,7 ҳазор тонна картошка, 7,5 ҳазор тонна мева, 1,1 ҳазор тонна ангур ва 6,1 ҳазор тонна полизӣ ҷамъоварӣ гардид. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 825 тоннаро ташкил дод.
Соли равон дар шаҳри Кӯлоб бунёд ва таъмиру навсозии 284 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати дар сатҳи олӣ пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро тарҳрезӣ намудааст, ки мувофиқи он то соли 2021 дар ҳудуди шаҳру деҳоти Кӯлоб 766 иншооти таъйиноти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ бунёд мегардад.
Исломи РАҶАБАЛӢ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 84

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед