logo

Хабарҳо

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

Дар натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии саҳроӣ дар мавзеи Кӯҳи Малики соҳили рости дарёи Яғноб маъдани «Фалғарит» ва дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маъдани «Бадахшонит» (пегматити «Дорожний») кашф шуданд.
Ин нуктаро Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ ироа намуд.
Маъданҳои кашфшуда аз ҷониби Комиссия оид ба минералҳои нав, номгӯй ва таснифоти Ассотсиатсияи байналмилалии минерологҳо 18 сентябри соли 2018 ба қайд гирифта шуданд.
Ҳамчунин, мутахассисони маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нави Академияи илмҳо неругоҳи хурди обиеро коркард ва аз озмоиш гузаронданд, ки он энергияи электрикиро дар батареяҳои электрохимиявӣ захира мекунад.
Бино ба маълумоти Фарҳод Раҳимӣ, соли гузашта Академияи илмҳо ба рушди саноати дорусозӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир кард ва дар асоси таҳқиқоти чандсола оид ба гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон китоби «Атласи гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон» - ро ба се забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) таҳия ва ба чоп омода намуд.
Соли гузашта аз тарафи олимони ин ниҳод 11 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 патенти ИМА барои ихтироот, 3 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 2 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 5 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираи иттилоотӣ ба даст оварда шуд.
Лола РИЗОӢ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 214

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед