сиёсат
ПЕШВОИ МИЛЛАТ: "МО БА АЗМУ ИРОДАИ ЗАНОН ҲАМЧУН НЕРУИ БУЗУРГИ ҶОМЕА ЭЪТИМОДИ КОМИЛ ДОРЕМ"
26 декабри соли 2018 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми раҳнамунсози хешро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа карданд. Дар Паём Сарвари давлат аз натиҷа ва дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар соли 2018 ёдовар шуда, баҳри боз ҳам вусъати корҳои созанда ҳадаф, нақша ва вазифаҳои мушаххасро дастур доданд.
Дар қатори дигар масъалаҳои муҳим оид ба нақши зан - модар ибрози андеша ва пешниҳодҳои ҷавонмардона намуда, бо таваҷҷуҳ ба ҳаёти занони мамлакат иброз доштанд: «Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд. Барои мисол метавон аз ду соҳаи иҷтимоӣ - маориф ва тандурустӣ ёдовар шуд, ки солҳои охир дар ин сохторҳо шумораи занону духтарон бамаротиб афзоиш ёфтааст».
Аз ин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат мо, занону модарони тоҷик, хеле шод гардидем ва дар ҳақиқат бинед, тибқи маълумоти оморӣ соли 1991 дар соҳаи маорифи кишвар аз 95 ҳазор корманд ҳамагӣ 52 фоизро занону духтарон ташкил медоданд. Соли 2018 бошад, ин нишондиҳанда ба 70 фоиз расид.
Дар соҳаи тандурустӣ соли 1998 аз 45 ҳазор корманд 25 ҳазор нафар занону духтарон буданд. Соли 2018 аз шумораи умумии кормандони соҳа, ки 80 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ин нишондиҳанда аз 50 ҳазор нафар гузашт.
Имрӯз дар мамлакат чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияву барномаҳои давлатӣ дар самти баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа қабул ва амалӣ шуда истодаанд. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 158, аз 1 апрели соли 2017 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 - 2022», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 548, аз 29 августи соли 2015, «Дар бораи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015 «Дар бораи қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016 - 2020» ва даҳҳо санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқие, ки барои таҳкиму самаранокии фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногун ва муҳими мамлакат равона гардидаанд, аз ҷумлаи онҳоянд.
Дар мақоми олии қонунгузори мамлакат - Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалисозии қонунҳо ва дастуру фармонҳои Пешвои муаззами миллат оид ба баланд бардоштани мавқеи занон пайваста корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Ин аст, ки назар ба солҳои гузашта, сафи занон - вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуда, айни ҳол 13 нафарро ташкил медиҳад. Албатта, нақши онҳо дар таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст. Бахусус, тӯли се соли охир шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳисоби занон ба зиёда аз 50 нафар расида, аз инҳо 38 нафар дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият менамояд.
Боиси ифтихори мо - занон аст, ки ғамхориҳои Президенти мамлакат нисбат ба занон рӯз ба рӯз афзун гардида, қобилияти меҳнатии бонувон ҳаматарафа инкишоф ёфта, тамоми ниҳодҳои давлатию хусусӣ барои занҳо шароитҳои беҳтарини кориро фароҳам оварда истодаанд. Дар ин робита мо - занон қабл аз ҳама, шукр аз Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, суботи сиёсӣ дар кишвари азизамон, якдиливу якпорчагии Ватани маҳбубамон, таҳкими давлатдории навини миллӣ ва марҳилаи рушди устувор ва босуботи ҷомеа менамоем.
Мо, бонувони кишвар, ҳамаи дастуру пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллатамонро бо дарки модаронаю ватандӯстона эҳсос намуда, гуфтанием, ки ғамхориҳои Президенти мамлакат моро водор месозанд, ки баҳри амалӣ намудани сиёсати дурандешона, инсонпарварона ва муваффақонаи Сарвари давлат, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии ҳар як сокини кишвар мебошанд, камари ҳиммат баста, ҳамеша дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа аз пешина дида боз қадамҳои устувортар мегузорем.
Сайёра БОБОЕВА, муовини мудири шуъбаи муроҷиат
ва қабули шаҳрвандони Дастгоҳи Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.02.2019 №: 33 Мутолиа карданд: 627