logo

сиёсат

"БАҲМАНМОҲИ ХУНИН". АГАР ФАЪОЛИЯТИ НАҲЗАТИҲО ПЕШГИРӢ МЕШУД...

Дар бораи воқеаҳои февралии соли 1990 - “баҳманмоҳи хунин”, ки бисту нуҳ сол пеш дар шаҳри Душанбе ба вуқӯъ омада буд, бисёр гуфтаанду навиштаанд ва то ҳол баъзеҳо сабабгору гунаҳкорони онро меҷӯянд. Аммо, таҳлили вазъи ҳамонвақтаи Тоҷикистон, ҷараёни ҳодисаҳои “баҳманмоҳи хунин” ва хулосаи комиссияи тафтишотии вобаста ба он нишон медиҳанд, ки гунаҳкори асосии воқеаҳои мазкур маҳз роҳбарону масъулони ташкилоти террористӣ - экстремистии наҳзат буданд.
Рӯҳонияти мазҳабии мутаассиб, ки ба наҳзат мансуб буданд, бо дастури сарпарастони хориҷиашон вазъияти ҳамонвақтаи Иттиҳоди Шӯравии собиқро, ки рӯ ба вайроншавӣ дошт, ба назар гирифта, мақсади ғасби ҳокимияти сиёсӣ доштанд. Бо ин мақсад онҳо барои бадном кардани роҳбарияти собиқи Тоҷикистон ва ноором сохтани вазъият, аввал овоза паҳн карданд, ки гӯё ба арманиҳои дар натиҷаи заминҷунбии Арманистон зарардида (ин заминҷунбии харобиовар моҳи декабри соли 1989 дар Арманистон рух дода буд)  дар шаҳри Душанбе манзилҳои истиқоматӣ медода бошанд. Ин тоифа ба он хотир чунин овозаро паҳн карданд, ки медонистанд, масъалаи таъмини аҳолии Душанбе бо манзил дар он замон ниҳоят мушкил ва ҳалталаб буда, ҳазорҳо нафар дар навбати хонагирӣ меистоданд. Дар натиҷа, як қисми одамони аз асли воқеа бехабар ба ин иғво дода шуданд ва мисли гумроҳон бо даъвати таблиғгарони наҳзатӣ дар майдон ҷамъ омаданд.
Барои роҳбарону масъулони наҳзатӣ дар аввал танҳо як баҳонае даркор буд, ки мардумро ба хиёбонҳо бароранд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ин усули санҷидашударо сарпарастони хориҷиашон ба онҳо аллакай омӯзонда буданд. Издиҳоме, ки дар майдон ҷамъ омада буд, фақат рӯзи аввали шӯриш мухолифати худро оид ба масъалаи ба арманиҳо додани манзилҳои истиқоматӣ дар миён гузошта буд. Вале, аллакай дар рӯзи дуюми шӯриш талаботи онҳо тамоман дигар, яъне истеъфои роҳбарияти сиёсӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон шуд.
Албатта, чунин ранг гирифтани ҷараёни воқеаҳо, аз берун роҳнамоӣ гардидан ва аз тарафи муллоҳои наҳзатӣ роҳандозӣ шудани “баҳманмоҳи хунин”- ро исбот мекард. Мутаассифона, воқеаҳои февралии соли 1990  боиси марги чандин ҷавон гардид ва дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ нуқтаи назари манфиро нисбат ба миллати мо ба миён овард.
Аммо, он замон аксарияти мардум ва ҳатто, роҳбарону масъулони сохторҳои муҳими давлатӣ бар асари камтаҷрибагӣ ба асли воқеа дуруст сарфаҳм намерафтанд. Як қисми зиёиёну кормандони масъули давлатӣ ҳам фирефтаи макри наҳзатиҳо шуданду гумон карданд, ки ҳамин гуна амалҳо дар он шароит дурустанд ва ба иштибоҳоти нобахшиданӣ роҳ доданд.
Ифротиёни наҳзатӣ, ки он замон аллакай мавҷудияти худро ошкор карда, ҳамчун як неруи фурсатталаб, манфиатҷӯ ва вобастаи доираҳои мазҳабии хориҷӣ ба майдони сиёсии кишвар ворид шуданд, то  андозае ба ҳадафи нопоки худ расиданд.
Яъне, бо роҳандозии он шӯриш наҳзатиҳо дар Тоҷикистон аввалин бор вазъияти нооромро ба амал оварданд, боварии байни одамон ва шаҳрвандон ба Ҳукумат аз байн рафта буд, дар ҷомеа таблиғоти пурзӯри мазҳабӣ, ифротгароӣ ва зӯроварӣ шурӯъ шуд.
Барои наҳзатиҳо маҳз чунин вазъият даркор буд, ки суботу оромии кишварро аз байн баранд, норозигии аҳолиро афзоиш диҳанд ва ҷомеаро ба самти барои худашон даркорӣ равона созанд. Онҳо бо ин амалашон барои фаъолияти минбаъдаи тахриботии худ замина гузоштанд. Баъд аз воқеаҳои февралӣ наҳзатиҳо фаъолияти табоҳкоронаи худро вусъат дода, таблиғоти динии барои мардуми мо бегона, бадномсозии мақомоти давлатӣ ва мазҳабисозии ҷомеаро пурзӯр намуданд.
Бо дастури сарпарастони хориҷии худ ва истифодаи усулҳои санҷидашудаи хадамоти махсуси баъзе кишварҳо, наҳзатиҳо дар як муддати кӯтоҳ дар кишварамон сохти конститутсионӣ, демократия ва дунявиятро аз байн бурданд, фаъолияти сохторҳои давлатиро фалаҷ карданд, мардумро ба гурӯҳу маҳалҳо, “мусулмон”-у “кофар” ҷудо карданд ва оқибат ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ намуданд.
Яъне, тамоми фаъолиятҳои тахрибкорона, табоҳкорона ва сӯзандаи наҳзатиҳо дар Тоҷикистон маҳз аз воқеаҳои февралии соли 1990 шурӯъ шуда буданд. Оғози ифротгароӣ, терроризм, қатлу ғоратгарӣ ва дигар ҷиноятҳою даҳшатафкании наҳзатиҳо аз воқеаҳои февралӣ оғоз шуда буданд. Далелҳои аниқи раднопазир, хулосаи комиссияи тафтишотӣ, нақли садҳо шоҳидони он воқеот кори дасти наҳзатиҳо будани ҳодисаҳои феврали соли 1990 ва гунаҳкори он даҳшат будани онҳоро исбот кардаанд, ки дигар ягон шубҳае боқӣ намемонад.  
Агар масъулони ҳамонвақтаи баъзе сохтору мақомоти давлатӣ, зиёиён ва фаъолони ҷомеа сари вақт аз макри наҳзатиҳо ва мақсади нопоки онҳо огоҳ мешуданд ва пеши роҳи фаъолияти минбаъдаи харобиовари онҳоро ҳамон вақт мегирифтанд, шояд дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ ба амал намеомад ва ҳазорон одам куштаю бехонумон намегардид. Садҳо нафар ҷавонон бо таблиғоти наҳзатиҳо ба Афғонистону кишварҳои дигари минтақа рафта, террорист намешуданд.
Дар моҳи феврали соли 1990 агар пеши роҳи амалҳои душманона ва хиёнаткоронаи наҳзатиҳо гирифта мешуд, мо давраи басо нангин, вазнин ва сангини ҷанги дохилиро аз сар намегузарондем ва солҳои навадум ба ҷойи ҷанг дар Тоҷикистон корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ сурат мегирифт. Кишвари мо ҳам, мисли ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ аз мероси шӯравӣ бархӯрдор мегардид ва давлати навини худро мустаҳкам мекард. 
Имрӯз, ки дар Тоҷикистон вазъияти орому субот ҳукмрон аст ва мардуми кишвар дар атрофи сиёсати созандаи Сарвари давлат муттаҳиданду барои ободии Ватан талош мекунанд, вақти он расидааст, ки сабабгору гунаҳкори воқеаҳои февралии соли 1990 будани ҷинояткорони наҳзатиро ошкоро эълон кунем ва онҳоро қотеона маҳкум намоем. Нагузорем, ки дигар чунин амалҳои палидона ва нангин дар Ватани мо ба амал оянд. Бояд воқеаҳои февралӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон як дарсе бошад ва мо ҳушёр бошем, ки неруҳои бадхоҳ, табоҳкори наҳзатӣ дигар дар Ватани мо ҳузур пайдо накунанд ва нақшаҳои нопоки худро татбиқ карда натавонанд.
Парвизи МИРЗО, таҳлилгари масоили сиёсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2019    №: 33    Мутолиа карданд: 758
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед