logo

Хабарҳо

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардуми деҳот, солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Дар доираи иқдоми мазкур аз соҳибкорони ватанӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар рушди деҳот саҳми арзанда гузоранд.
Соҳибкор Алиҷон Очилов аз зумраи нафаронест, ки дар ободонии деҳаи Фақерободи Ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Бо ташаббуси ӯ дар ноҳия нуқтаҳои хизматрасонии ҷавобгӯ ба талаботи муосир, аз ҷумла истгоҳи замонавӣ, маркази фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, хӯрокворӣ ва либос, ҳамчунин, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, сартарошхона, ҳаммом ва толори варзиш бо маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ бунёд гардид ва айни замон  ин иншоот дар хидмати мардуманд.
Соҳибкори саховатпеша тасмим гирифтааст, ки то Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳи 3 - километраи байни деҳаҳои Фақеробод ва Гултеппаро навсозию асфалтпӯш ва дар деҳаи Фақеробод барои 20 нафар занону духтарон корхонаи дӯзандагӣ бунёд намояд. Соҳибкор Алиҷон Очилов, ҳамчунин, ба даҳҳо оилаҳои камбизоат, маъюбон ва пиронсолон дасти ёрӣ дароз кардааст.
Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 236

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед