logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКОБОД. БАРРАСИИ МУШКИЛОТИ ДЕҲОТ

Тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар ноҳияи Тоҷикобод вохӯриҳои иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Ҳамидулло Маҳмадшозода бо сокинони  ҳамаи деҳаҳо баргузор гардида истодааст.
Дар вохӯрӣ бештар ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, пешравӣ ва камбудиҳо мавриди таҳлил қарор мегиранд.
Ҳ. Маҳмадшозода зимни вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Нӯшори Боло зикр намуд, ки рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дорад. Айни ҳол норасоии мутахассисони касбӣ яке аз мушкилиҳои асосии соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ба ҳисоб меравад Аз иштирокчиёни вохӯрӣ даъват ба амал оварда шуд, ки аз ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат истифода бурда, фарзандон, хусусан духтарони худро ба таҳсил тавассути квотаҳои президентӣ сафарбар намоянд.
 Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» самти дигари суҳбат қарор гирифт. 
Таъкид гардид, ки давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми кӯшишу талошро баҳри рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва фароҳам овардани шароити созгор ҷиҳати зиндагии шоистаи мардум равона намудаанд.  Дар ин замина зарур аст, ки падару модарон робитаи худро бо мактаб мустаҳкам намуда, ба рафтор, тарзи дурусти таълиму тарбияи фарзандон ва доништалабу соҳибҳунар ба камол расондани онҳо аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.
Масъалаи гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, моҷароҷӯй ва террористӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки сабаби асосии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ сатҳи пасти донишу ҷаҳонбинии онҳо ба ҳисоб меравад. Ба сарварони муассисаҳои таълимӣ супориш дода шуд, ки пайваста бо хонандагон дар робита бошанд ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд. Аз шахсони барӯманди деҳа, падару модарон ва ходимони дин даъват ба амал оварда шуд, ки дар тарбияи фарзандон ва ҷавонон бетараф набошанд, моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро хуб дарк намуда, ба мардум, махсусан ҷавонон, фаҳмонанд, зеро имрӯз тамоми нооромиҳо дар сайёра аз тарафи абарқудратон бо суиистифодаи ҷавонони гумроҳ роҳандозӣ мегарданд.                                                    
Дилшод АМИРОВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2019    №: 37    Мутолиа карданд: 340
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед