logo

ҳуқуқ

НИГАРОНӢ. ЧАРО ҶИНОЯТКОРӢ ДАР БАЙНИ НОБОЛИҒОН АФЗОИШ ЁФТ?

Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон медиҳад, ки қатъи назар аз чораҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирӣ ва огоҳкунии ҷинояту ҷинояткорӣ соли сипаришуда дар  ҷумҳурӣ дар байни ноболиғон содир намудани ҷиноят афзоиш ёфтааст, ки боиси нигаронист.
Дар робита ба ин, Бахтиёр Нуриддинзода, прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки дар соли 2018 аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 907 ҷиноят сабт шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ин ҷиноятҳо аз ҷониби 780 ноболиғ содир гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 217 ҷиноят  ё 31,4 дарсад зиёд мебошад. Дар байни нафарони ба ҷинояткорӣ айбдоршаванда 25 нафарро духтарон ташкил медиҳанд, ки ҷойи таассуф аст. Соли гузашта дар содир намудани ҷиноятҳои гурӯҳӣ  85 нафар ноболиғ, аз ҷумла 65 нафар дар якҷоягӣ бо калонсолон ва 20  нафар дар гурӯҳи ноболиғон, иштирок намудаанд. Аз шумораи умумии ноболиғоне, ки ҷиноят содир намудаанд, 231 нафар  хонандаи  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 нафар миёнаи махсус ва 6 нафар хонандаи  омӯзишгоҳҳои касбӣ буда, 539  нафаро ноболиғоне ташкил медиҳанд, ки ба кор ва хондан машғул нестанд.
Категорияи ҷиноятҳои содирнамудаи ноболиғон дар ин давра одамкушӣ 1, қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ   11, таҷовуз ба номус 3, ҳаракатҳои  зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ 10, тайёр кардан ва истифода бурдани моддаҳои нашъаовар 5, дуздӣ 630, қаллобӣ 20, ғоратгарӣ 27,  роҳзанӣ 3, авбошӣ  89 ва дигар  намуди ҷиноятҳо 108 ҳолатро ташкил медиҳад.
Зиёдшавии ҷинояти ноболиғон дар соли 2018 бештар дар вилояти Хатлон ба чашм мерасад, ки 223 ҳолатро ташкил дода, нисбат ба соли 2017 - ум  42 ҳолат ё  23,2 дарсад  зиёд мебошад. Дар вилояти Суғд бошад,  207 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли 2017 - ум 37 ҳолат афзудааст. Дар шаҳри Душанбе 288 ҷиноят ошкор гардида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипарӣ 168 ҳолат бештар аст. 
Таҳлилҳои сабабу омилҳои ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон нишон медиҳанд, ки маҳз беназорат мондан ва ба кори фоиданок машғул нагаштани онҳо мебошад. Масъалаи дигар ин аст, ки на ҳамаи падару модарон дар иҷрои уҳдадориҳои худ нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ худро масъул мешуморанд. Ҳамчунин, бекориву оворагардӣ ва дур мондан аз ҷараёни таълиму тарбия яке аз сабабҳои дигари даст ба қонуншиканӣ задани ноболиғону ҷавонон арзёбӣ мегардад, ки бояд дар ин самт ҳам падару модарон ва ҳам ниҳодҳои марбутаи давлативу ҷомеаи шаҳрвандӣ чораҳои судманду бетаъхир андешанд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2019    №: 37    Мутолиа карданд: 173

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед