logo

сиёсат

ҶАЛАСАИ XIX ШӮРОИ МАШВАРАТӢ ОИД БА БЕҲТАР НАМУДАНИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

20 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XIX Шӯро баргузор гардид.

Зимни баррасии масъалаҳои ҷаласа, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалисозии тадбирҳо дар самти васеъ истифода бурдани иқтидорҳои энергетикӣ дар соҳаҳои  гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо шарикони тиҷоратии ҷумҳурӣ ва кишварҳои минтақа, беҳтаршавии мавқеи кишвар дар арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”, таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба тартиби арзёбии самаранокии имтиёзҳои мавҷуда, тақвият бахшидан ба раванди ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муосиргардонии хизматрасонӣ ва танзими давлатии соҳибкорӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуданд.
Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа, рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ гузориши котиби масъули Шӯро, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух шунида шуд.
Дар робита бо ин, дар бораи ба роҳ мондани сабти электронии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва рақамикунонии бойгониҳо, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумат оид ба беҳтар намудани мавқеи кишвар дар арзёбии “Пешбурди соҳибкорӣ” дар таҳрири нав, роҳандозии тартиби мустақими бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, пардохти боҷи давлатӣ барои бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ ва андозҳо дар низоми “онлайн” бо истифода аз корти миллӣ, ВИЗА ва МАСТЕРКАРД, фаъол гардидани Системаи электронии Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ барои бақайдгирии гаравҳои молу мулки манқул ва қабули бастаи қонунҳо дар доираи ислоҳоти низоми созишҳои таъминшуда, ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва Кодекси гумрук бо пешниҳоди дар маҷмӯъ 30 имтиёзу сабукиҳо барои беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ иттилоъ дода шуд.
Тибқи банди дуюми рӯзнома, муаррифии вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин оид ба натиҷаҳои таҳлили масъалаҳои низоми андозбандию гумрукӣ ва самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшаванда пешниҳод гардид.
Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид роҷеъ ба натиҷаҳои таҳлил оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши маориф ва илм гузориш дод.
Оид ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа котиби масъули Шӯро, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳамрализода  Фаррух баромад карда,  масъалаҳои таҳлили рушди кластерӣ дар соҳаи агросаноатӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва бахши технологияҳои иттилоотию телекоммуникатсиониро барои баррасӣ ба ҷаласаҳои оянда пешниҳод намуд, ки аз ҷониби аъзои Шӯро ҷонибдорӣ гардид.
Дар баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа вазири адлия Рустам Шоҳмурод, роҳбари  намояндагии  Барномаи рушди СММ  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратибҳа  Меҳта,  роҳбари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд Ян Питер Олтерс, намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Лючиано Колестини, аъзои Шӯрои машваратӣ аз бахши хусусӣ, директори иҷроияи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон Нигина Икромова, аъзои Шӯрои машваратӣ аз бахши хусусӣ, директори ҶДММ “Беҳамто” Исломиддин Ҳакимов, директори муассисаи таълимии хусусии “Литсейи Раҳнамо” Ҳакимниё Илҳомиддин ва дигарон баромад карда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа иброз намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, вобаста ба нуктаҳои дар он зикргардида, ба вазорату идораҳо, масъулони дахлдор дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд тавсияҳои мувофиқ доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2019    №: 39    Мутолиа карданд: 463
15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед