logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. БОЗ ЯК ГУЗАРГОҲИ НАВ

Айни ҳол бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон 12 гузаргоҳи сарҳадии автомобилӣ ва 4 гузаргоҳи сарҳадии роҳи оҳан фаъол аст. Рафтуомади шаҳрвандони  ҳар ду кишвар дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 – ум 6, 5 маротиба афзудааст.
Ин нукта аз ҷониби Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, зимни баррасии Протокол оид ба ворид намудани илова ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ аз 12 феврали соли 2002 дар Маҷлиси намояндагон баён гардид. Назар ба гуфтаи ӯ, дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 гузаргоҳи давлатӣ, аз ҷумла 16 гузаргоҳ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 7 гузаргоҳ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 5 гузаргоҳ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, 1 гузаргоҳ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой ва 5 гузаргоҳ дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ фаъоланд.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ зикр кард, ки бо ташаббуси президентони Тоҷикистону Ӯзбекистон равобити дӯстона байни ду кишвар таҳким ёфта, ҳамкориҳои тарафайн дар бахшҳои гуногун рӯ ба густариш ниҳоданд. Баъди ба фаъолият оғоз намудани гузаргоҳҳо рафтуомади шаҳрвандони  ҳар ду кишвар бамаротиб афзудааст. Аз ҷумла, дар соли 2017 аз тариқи гузаргоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон убури 204858 шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба қайд гирифта шуд. Ин нишондод аз моҳи марти соли 2018 - ум 1388180 нафарро ташкил дод.
Мавсуф зикр кард, ки бо мақсади рушди тиҷорат, сайёҳӣ, ҷалби сармоягузории хориҷӣ, инчунин, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ зарурати кушодашавии гузаргоҳи нави сарҳадӣ ба миён омадааст. Бинобар ин, протоколи мазкур 17 августи соли 2018 дар шаҳри Тошканд ба имзо расида, аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳо таҳия гардидааст. Протокол дар робита ба беҳтар шудани муносиботи ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва бо мақсади содагардонии рафтуомади сокинони ҳар ду кишвар ва рушди савдои назди сарҳадӣ ба имзо расонда шудааст. Дар асоси санади мазкур гузаргоҳи дутарафаи автомобилии «Ҳисор» аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Боботоғ» аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба рӯйхати гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ гузаронда мешавад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2019    №: 39    Мутолиа карданд: 223

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед