logo

энергетика

Аз моҷарои атрофи нерӯгоҳи Роғун то ба бунёди он

Иқдоми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва муроҷиатномаи саршор аз ҳисси дилсӯзиву миллатдӯстиву пур аз аҳамияти ӯ ба мардуми шарифи Тоҷикистони азиз дар мавриди бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ба пиндори ман, ангезаест, ки таваҷҷӯҳи ҳамватанони баномуси мо дар ростои эъмори пурқудраттарин нерӯгоҳи кишвар нигаронида мешавад ва онҳо аз мавқеи виҷдону имон дар ин амр саҳм хоҳанд гирифт.

Аз ҷумла, ман ва тамоми пайвандонам  дар радифи ҳазорҳо тан аз сокинон ин даъвати Сардори давлатро хуш пазируфтем. Шурӯи кор ва анҷоми сохтмони пурмуаммои нерӯгоҳ барои аҳли хонадони мо, ки, Худоро шукр, бародару хоҳар - даҳ нафар ҳастем, хеле ва хеле арзиш дорад, чун нахуст орзу ва васияти падарамон амалӣ ва рӯҳашон шод хоҳад шуд ва баъдан, ин далел мӯҷиби сарбаландии мо хоҳад гардид.
Дар интихобу пешниҳоди ҷой ва афкандани тарҳи ин нерӯгоҳ падари шодравонамон Анвар Муллочаев, ки ҳамон айём вазифаи котиби кумитаи ҳизбии ноҳияи Комсомолобод (Нурободи имрӯза)-ро бар дӯш доштанд (дар акси боло дар байни ҳайат бо кулоҳи пӯсти қароқулӣ), дар паҳлӯи роҳбарон, масъулон ва коршиносони Вазорати барқи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм доранд ва ин аксҳо бароямон аввалин мужда аз сохтмони ин иншооти азими ҷаҳон ба ҳисоб омад. Маҳз ҳайати мазкур ҷойи сохтмони нерӯгоҳро интихоб кард ва барои оғози он дастур дод.
Соли 1967 донишҷӯ будам. Давраи таътилам дар рӯзномаи «Ҳақиқати Комсомолобод» мегузашт ва шоҳиди истиқболи гарми мардум аз ин хабари хуш низ шудам. Аммо ин лаҳза, бо истифода аз фурсати фарорасида мехоҳам ба вазъи ҳудудан бист сол қабли ин сохтмон руҷӯе дошта бошам, ки андешаи он ҳамин қадар вақт рӯҳан азобам додааст ва худро дар ҳузури бархе касон гоҳе ногувор ҳам ҳис кардаам. Аслан, «ба гузашта салавот»-гуфтаанд ва Соиб ҳам мефармояд, ки:
Моро мабар ба боғ, ки аз сайри  лолазор
Як доғ сад ҳазор шавад доғдидаро.
Аммо ҳақиқатро бояд гуфт, то ба дигарон панд шавад.
Соли 1989 бо эҳсоси лаҳзаҳои фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ душманони миллати тоҷик дар пайи барангехтани шӯру низоъ афтода ва бо такя ба баъзе ашхос ва ҳамеша аз дунболи манофеи шахсию моддӣ мегашта барномае ҳовии мазмуни «оқибати фоҷиабори Нерӯгоҳи  барқи  обии Роғун» мураттаб сохта ва ҷиҳати таблиғу ташвиқи он деҳ ба деҳ корро шурӯъ намуданд ва аз ҳисоби афроди аз сериву пурии давраи шӯравӣ мастгардида, аммо бо фақри маънавӣ муҷаҳҳаз, теъдодеро пайдо ва омода карданд, то ноамниро дар минтақае, ки мушкили зиддияти маҳалливу қавмӣ надошт, эҷод созанд. Ҳамин тавр, бо роҳикоргирии онҳо нафарони худношиносу худобехабар ва пешипобин ба шӯру валвала омада, ҳатто бо белу каланд қасди барандохтани неругоҳро карданд. Садои эътирозу даъвои белукаландбадастон то ба Майдони Сурхи шаҳри Маскав расид.
Раёсати Ҳукумати вақт ҷиҳати пешгирӣ аз ин амали ноҷавонмардона, балки хоинонаи “оқсақолак”-ҳои як қисм деҳаҳо ва пуштигирҳои онҳо дар ҳукумати ноҳия ва нафарҳои демократмаоби ба асли маънои демократия сарфаҳм нарафта ва ҳам бо мақсади моҳияти иншоотро ба гурӯҳакҳои тундрав одилона фаҳмондан озими ноҳия мешаванд. Дар хонаи маданият вохӯрӣ ва мулоқоти Котиби аввали Кумитаи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов, аъзои Ҳукумат ва ҳайати коршиносон бо заҳматкашон, фаъолони бахши маорифу зироат, аз ҷумла бо афроди зидди сохтмони нерӯгоҳ, барпо мегардад. Ва вақте ки сухани навбатиро ба раиси собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақагири сатҳи ҷумҳуриявӣ Анвар Муллочаев медиҳанд, гузориши хешро ин гуна шурӯъ менамоянд:
«Ҳозирини гиромӣ, ин ҷониб аз соли 1947 аъзои ҳизб шудаву то ба имрӯз фаъолият дорам ва бори аввал мебинам, ки роҳбари ҷумҳур ҳамроҳи 17 нафар аъзои бюрои Кумитаи Марказӣ ба як ноҳияи дурдасти кӯҳистон омада бошад. Бо истифода аз ин шароити мувофиқ аз номи заҳматкашон ва собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия меҳмонони иззатмандро бо сардории Қаҳҳор Маҳкамович хайра мақдам мегӯям… 
Акнун дар бораи ГЭС (он вақт ГЭС мегуфтанд). ГЭС бояд сохта шавад! (Ин асно дар толор ғалоғула зиёд мегардад ва ҳангоматалабон суханашро буридан мехоҳанд). Хоҳишмандам, гӯш кунед. Бунёди ГЭС-и Роғун барои ободии ноҳияҳои кӯҳистон ва тамоми республика, балки барои Осиёи Миёна аҳамияти калон дорад. Ҳатто мо метавонем дигар кишварҳои ҳамсояро низ бо барқ таъмин намоем. Ноҳияи мо ба як шаҳри азими энергетикӣ табдил хоҳад ёфт. Ҳамзамон дар заминаи ГЭС фабрикаву заводҳо сохта мешаванд ва барои аҳолӣ, хусусан барои занону духтарон, шароити фаъолият муҳайё мегардад. ГЭС аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳатто фарҳангӣ барои мо манфиатҳои зиёд хоҳад овард… (ғалоғула дучанд мегардад). Хайр, агар даъвои шумо барои зери об мондани баъзе ҷойҳои муқаддас бошад, метавонед барои нисбатан пасттар кардани баландии обанбор пешниҳод намоед, аммо пешниҳоди ман чунин аст: бо ба ҳисоб гирифтани фоидаи бештари ГЭС бо баландии мутобиқи нақшаи сохтмон, яъне 320 метр, ба маълумоти мутахассисони дар ин ҷамъомад иштирокдошта мерасонам, ки аз поёни деҳаи Ёнур, аз маркази ноҳия 15-20 км дуртар дарёи Хингоб мегузарад ва он ҷо ҷойи бисёр хуби сохтмони ГЭС-и хурд мавҷуд аст ва агар дар он мавзеъ низ ГЭС сохта шаваду қувваи он ба ГЭС-и Роғун илова гардад, ҳамон иқтидори зарурии ба нақша гирифташуда ба даст меояд». Ин вақт гӯё тоқати муддаиён тоқ мешавад, ки ба фиғон меоянд:
- Муллочаев аз минбар фуро, нест бод Муллочаев!- ва ҳоказо.
Хулоса, падарам хиҷолатманд қатъи сухан мекунанд. Маҷлис ба низоъ табдил меёбад ва меҳмонони аз марказ ташрифоварда ноком бармегарданд.
Гумроҳон бо ин рафтори худ иктифо накарда, дар саҳни кумитаи ҳизбӣ гирдиҳамойӣ созмон медиҳанд ва бо пахши нидоҳои: «Суханони Муллочаевро маҳкум мекунем, нест бод ГЭС, хонаи Муллочаев сӯзонда шавад!»  тарафдор ҷамъ меоварданд.
Он вақт, хушбахтона, нерӯҳои қудратӣ барпо буданд ва хонаи моро муҳофизат карданд.
Суханҳои ногуфтаи падарам, ки маҳфузанд, ба масоили доғи навоҳии кӯҳистон, амсоли коркарди мева, ҷалби духтарон ба таҳсилоти олӣ, инкишофи зироат, истифода аз конҳои мавҷуда, таъмири роҳҳои мошингард ва дигар проблемаҳои муҳими иқтисодӣ тааллуқ доранд.
Ман, ки навакак ва хеле хаста аз Ҷумҳурии Афғонистон, аз хидмат, омада будам, бо фаҳмидани ин вазъ бефараҳиям дучанд гардид, аммо бо вуҷуди ин аз пойтахт роҳи ноҳияро пеш гирифтам. Ҳама дар гирди дастархон нишастем. Ба унвони фарзанди калонӣ ман сари калобаи суханро кушодам:
-Барои чӣ ин хел шуд?
Раҳматии падарам, ки ниҳоят  ранҷидаву озурда буданд, ба пурсишам посух доданд:
«Бачам, ҳеҷ чиз нафаҳмидаму бовар надоштам, ки вохӯрӣ ин тавр мегузарад. Сари ин чанд нафарро касе сахт гаранг кардааст. Чизеро фаҳмидан намехоҳанд. Дар хона будам, котиби райком (С.Тағоев) занг зад ва илтимос ҳам кард, ки Қаҳҳор Маҳкамов ва дигар аъзои Ҳукумат меоянд ва дар хонаи маданият маҷлису вохӯрӣ барпо мешавад ва шумо аз номи собиқадорони ҷангу меҳнат бояд суханронӣ кунед. Бо вуҷуди хуб набудани саломатиям гапашро не нагуфтам ва дар зал ҳозир шудам. Ба фикрам, ягон гапи беҳуда нагуфтаам. Ҳама ба манфиати кишвару мардум буд».
Чун фаҳмиданд, ки ман боз чизе мепурсам, қиёфаашон ҷиддитар ранг гирифт ва боз афзуданд:
- Як чиза дониста бошед! Инҳо намефаҳманд. Ман дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кардам аз соли 1945 ба ин тараф дар вазифаҳои гуногун кор кардам, дурнамои сиёсати давлатиро медонам. Баъзеҳо ба моҳияти ин иншооти бузург сарфаҳм нарафта истодаанд, даъвогарон хоҳанд- нахоҳанд,  ГЭС сохта мешавад. Ман агар зинда бошам, ба чашми сар мебинем, агар не (ба ангушташон ба девор ишора намуданд), ин хати кашидаи ман кӯр нашавад, давлат ГЭС-ро месозад…
Ин ҳангом падарам 65 сол доштанд. Ман ҳамин хел дарёфтам, ки таъсири ин рӯйдод ба саломатии эшон аз зарбҳои тиру туфанги давраи ҷанги пурдаҳшати ватанӣ камтар набудааст ва эшон боҳасрат, пас аз ду соли он моҷаро, зиндагиро падруд гуфтанд, ки ҷояшон ҷаннат бод!
Айёми ҷанги шаҳрвандӣ сокинони ноҳия ба мушкилоти барқ рӯ ба рӯ гардиданд. Дар ин ҳол бисёриҳо суханҳои падари марҳумамонро ёдовар мешуданд ва ба унвони иғвогарон нафрин мехонданд. Чунин иттифоқ меафтад, ки шабе ба далели набудани барқ яке аз «фаъолон»-и иғвогарон ба шабакаи барқрасонии ноҳия занг мезанад ва даъвои барқ мекунад. Тифоқо, навбатдори шабака кӣ будани муштариро мефаҳмад ва мегӯяд:
-Ҳамон ту набудӣ, ки бо хитобҳои «ГЭС даркор нест, ГЭС сохта нашавад!» сари мардумро мегардондӣ? ГЭС даркор будаст-ку?! Гапро гӯш кун: саҳар бандро гирифта дар гарданат меандозӣ ва рафта дар сари манзили раҳматии Муллочаев тавба мекунӣ, баъд, ягон вақт, шояд барқи фаровонро бубинӣ… 
Зимнан бояд иброз бидорам, ки тасмими ниҳоии Президенти кишвар уқдаи дили моро во кард ва акнун пирӯзии хирадро бар ҷаҳл табрик арз мегӯям.

Сулаймон Анварӣ,
устоди ДМТ, узви иттиҳодияҳои нависандагон  ва
рӯзноманигорони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 960

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД

ДАР ЧИН МОҲИ АПРЕЛ БАР КОРОНОВИРУС ҒОЛИБ ОМАДАНИАНД

ТӮЛИ ЯК МОҲ ДАР АФҒОНИСТОН 200 ТОННА МАВОДИ НАШЪАДОР МУСОДИРА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

12.02.2020


ҶОМИ КФО. РАҚИБИ "ХУҶАНД" КАДОМ ДАСТА АСТ?

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 13, 6 ДАРСАД АФЗУД

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. ОЛИМОН 28 ПАТЕНТ ВА 5 ШАҲОДАТНОМА БА ДАСТ ОВАРДАНД

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА 1 МИЛЛИАРДУ 640 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

ВАРЗОБ. СОҲАҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ РУШД МЕКУНАНД

ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ОБТАЪМИНКУНӢ. ДЕҲОТ БО ОБИ НӮШОӢ ТАЪМИН МЕШАВАД

10.02.2020


ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. МУҚАДДАС ДОНИСТАНИ ОИЛА МУҲИМ АСТ

БЕШ АЗ 580 КИТОБХОНА БИНОИ АЛОҲИДА НАДОРАД

МУЗДИ МЕҲНАТ 9 ДАРСАД АФЗУД

КҲФ 680 ОФАТИ ТАБИӢ ДАР ЯК СОЛ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. 114 ГУЗОРИШИ ТАҲЛИЛӢ ВА ИТТИЛООТИЮ ТАҲЛИЛӢ ПЕШНИҲОД ШУД

МД "ТОҶИКФИЛМ". МАҶАЛЛАИ "КИНО" ТАЪСИС ЁФТ

ДДФСТ. РОҲАНДОЗИИ ОМӮЗИШИ СОЗИ АРҒУНУН

09.02.2020


ВАҲДАТ. ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ БЕҲТАР МЕГАРДАД

БМТ. ҲАМКОРИҲО БО БОНКҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ДАР МУРОФИАҲОИ САЙЁР 249 ҲОЛАТИ ВАЙРОНКУНИИ ҚОНУН ОШКОР ШУД

КОРМАНДОНИ ТЕЛЕВИЗИОНУ РАДИО БАРОИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БА ХОРИҶА ФИРИСТОДА МЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед