logo

сиёсат

АРТИШИ МИЛЛӢ CИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ кард. Барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне, Артиши миллии Тоҷикистон дар ҷойи холӣ, аз сифр сохта шудааст.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ се марҳиларо паси сар намудааст.  Давраи аввал, ки аллакай пушти сар шуд, марҳилаи ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки бо муваффақият анҷом ёфт. Давраи дуюм, марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки он ҳанӯз идома дорад. Давраи асосӣ, ин бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкиму тақвияти иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад. Айни ҳол, дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият дорад: қӯшунҳои хушкигард, қӯшунҳои зудамал, қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ. Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз ҳам идома дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ва зимни дигар баромаду вохӯриҳо бо низомиён ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи мухталифи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор медиҳанд, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатиро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонанд сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намоянд.  Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати доимии худ қарор додаанд. Чунки дар ҳар давру замон танҳо Қувваҳои Мусаллаҳ сулҳу субот, оромию осоиштагии мардум ва амнияти ҳар як кишварро таъмин менамояд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардондани шароити моддӣ - техникӣ ва боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ҳамасола дар ҳама гарнизонҳои ҷумҳурӣ, бо ҷалби сохторҳои қудратӣ маҷмӯи машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, тамринҳои васеи амалиётӣ-тактикӣ ва стратегӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва дигар чорабиниҳои низомӣ гузаронда мешаванд, ки дар он техникаи зиреҳпӯши ҷангиву артиллерӣ, автомашинаҳои махсуси зиреҳдор, авиатсияи ҳарбӣ истифода мешаванд.
Тадриҷан, баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ, дар ҳудуди Тоҷикистон ва  берун аз он дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар сол тибқи нақша, машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ низ гузаронда мешаванд. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҳисоби афсарону сарбозон ҳазорҳо нафар мутахассисони соҳаҳои мухталифи силоҳу муҳимоти ҷангӣ, ки барои Артиши миллӣ заруранд, омода гашта, дар комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҳайси неруҳои эҳтиётӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Имрӯз сафи Артиши миллӣ, асосан, аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷӣ, бо афсарони касбӣ пурра гардонда мешавад. Илова бар ин, ҳамасола афсарон ва курсантҳои тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Россия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Фаронса ва Амрико баҳри таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд.
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои самарабахшро бо сохторҳои низомии созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмонҳои ҳамкории Шанхай, Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), “Барномаи рушди СММ оид ба «Дастгирии кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи проблемаҳои минаҳо» ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ густариш додааст. Феълан, бо зиёда аз 50 кишвари олам ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникии дуҷонибаву бисёрҷониба ба роҳ монда шудааст.
Пӯшида нест, ки солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ҷузъу томҳои навтаъсис дар пойгоҳҳои муассисаҳои гуногуни давлатӣ таъсис ёфта буданд. Батадриҷ, қисмҳои низомӣ вобаста ба ҳадафу вазифаҳои таъсису уҳдадорӣ, аз ҳудуди пойтахт ва дигар мавзеъҳои наздик ба минтақаҳои аҳолинишин бароварда, дар мавзеъҳои стратегии мамлакат ҷойгир шуданд.
Маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар гарнизонҳои Хатлону Суғд, Хоруғ, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ садҳо биноҳои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои афсарону аскарон, синфхонаҳои таълимӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ дар муддати кӯтоҳ, бо сифати баланд ва талаботи замони муосир бунёд гардиданд.
Масъалаи таъмини хизматчиёни ҳарбӣ ва узви оилаҳои онҳо бо манзили истиқоматӣ мавриди таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, тайи ин солҳо дар пойтахти кишвар ва ҳамаи вилоятҳо танҳо аз Вазорати мудофиа наздики 600 нафар хизматчии ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо бо манзили зист таъмин гардиданд. Бунёди хонаҳои истиқоматӣ ё худ шаҳраки низомиён барои афсарону оилаҳои онҳо ҳамоно идома дорад.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудофиа, навъҳои қӯшуни Артиши миллӣ ва марказҳои таълимии навъҳои қӯшун сохтмону навсозии бинову иншооти муҳими ҳарбӣ бо маром идома дорад. То таҷлили ин ҷашни таърихӣ беш аз 400 иншооти аҳамияти ҳарбидошта мавриди истифода қарор дода мешавад. 
Шералӣ МИРЗО, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2019    №: 40    Мутолиа карданд: 588
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед