сиёсат
ТАСДИҚИ ХАЛТАЧАҲОИ НАВРӮЗӢ АЗ ҶОНИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
21 феврал дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои халтачаҳои наврӯзӣ тасдиқ гардиданд.
Халтачаҳои наврӯзӣ, ки барои туҳфаҳо пешбинӣ шудаанд, бо шаклу дизайни гуногун таҳия гардида, дар онҳо рамзу ангораи Наврӯзи соли 2019 тасвир ёфтаанд.
Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо метавонанд ба корхонаҳо ва ширкатҳои хусусӣ ҷиҳати омода кардани халтачаҳо аз матоъҳои гуногун, коғазҳои ранга, картон, полиэтиленӣ ва дигар навъҳои матоъ дастур диҳанд, ки намудҳои гуногуни халтачаҳоро дар арафаи Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ омода намоянд.
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз сокинони кишвар метавонанд барои гирифтани туҳфа аз он истифода кунанд.
Туҳфаҳо ба ятимон, беморон, барҷомондагон, пиронсолон, кӯдакону наврасон низ тавассути чунин халтачаҳои наврӯзӣ тақдим карда шаванд. Истифодаи чунин халтачаҳои наврӯзӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.02.2019 №: 40 Мутолиа карданд: 653