logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ҲАМКОРИҲО ДАР РОҲИ РУШДАНД

Барои рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат дар қатори омилҳои дигар таҳкими робитаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ шарти асосӣ ба шумор меравад, зеро бе рушди ҳамкорӣ пешравии бахшҳои дигар мушкил аст. Сиёсати «дарҳои кушода» яке аз нахустин иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди байналмилалии Тоҷикистон заминаи боэътимод гузошта, ба рушди босуботи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мусоидат намуд ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳхоҳу тараққипарвар ба ҷаҳониён муаррифӣ сохт. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 119 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангиро ба роҳ мондааст.
Яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Муносибатҳои дуҷониба 4 январи соли1994 оғоз гардида, пайваста густариш меёбанд. Чин яке аз аввалин кишварҳоест, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намудааст. Тӯли 25 соли ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Чин робитаҳо босуръату бесобиқа тавсеа ёфтаанд. Дар ин давра ду ҳамсояи нек тавонистанд ба ҳамдигар шарики боэътимод ва дӯстони наздик шаванд. Кишварҳои мо дар бахши ҳамкориҳои сиёсӣ боварии қавӣ дошта, дар аксар масъалаҳои ҷиҳатан муҳим мавқеи якдигарро дастгирӣ менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони бадастовардани истиқлолият дар роҳи татбиқи сиёсати ислоҳоти фаъол ҷиҳати таъмини рушди босуботи иқтисодиёт тавассути ҳамгироӣ ба хоҷагидории иқтисодии ҷаҳонӣ чораҳои зарурӣ ва таъсирбахш меандешад. Фазои сиёсӣ ва сармоягузории мамлакат, инчунин, санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида ҷиҳати ҳалли бисёр вазифаҳои афзалиятнок оид ба рушд ва таҷдиди иқтисодиёт, ҷалби ҳар чи бештари сармоя ба иқтисоди мамлакат ва рушди бахши хусусӣ мусоидат менамоянд.
Чин дар чаҳорчӯбаи муносибатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ба кишварҳои аъзо қарзҳои имтиёзнок пешниҳод менамояд ва дар ин миён Тоҷикистон назар ба дигар кишварҳо аз қарзҳои имтиёзнок зиёдтар бархӯрдор аст. Бо кумаку дастгирии Чин дар мамлакат иншооти азим сохта, ба истифода дода шуданд, ки роҳҳои автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд - Чанак, Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ - Мурғоб - Кулма, Душанбе -Турсунзода,  Панҷакент - Айнӣ, нақбҳои “Хатлон”, “Дӯстӣ”, Китобхонаи  миллӣ, заводи семент дар Ёвон, хатҳои барқии баландшиддат  дар қисматҳои ғарбию шимолӣ, ки дарозии он 336 км - ро дар бар мегирад, аз ҷумлаи онҳоанд. Инчунин, маҳсулоти истеҳсоли Чин, аз қабили техникаҳои азим, либосворӣ, пойафзол, асбобу анҷоми рӯзгор дар бозорҳои кишвар хеле фаровонанд.
Дар шароити кунунӣ барои вусъати ҳамкориҳо байни ин ду кишвар тамоми шароитҳо мавҷуданд ва ин имкон фароҳам меорад, ки робитаҳо ҳамвора қавитар шаванд. Танҳо дар муддати 10 соли аввал гардиши мол байни Тоҷикистону Чин беш аз 100 маротиба афзуд. Тайи ин солҳо Тоҷикистону Чин лоиҳаҳои зиёди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи хешро амалӣ сохтанд, ки нишонаи дӯстӣ ва ҳамкориҳои бобарори ҷонибҳо мебошад. Корхонаҳои Чин пайваста ҷараёни сармоягузориро дар Тоҷикистон вусъат мебахшанд.
Аслан, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя металлҳои ранга, алюминий, меваи хушк ва нахи пахта содирот мешавад. Ҳар ду ҷониб нақша доранд, ки то соли 2020 гардиши молро байни Тоҷикистон ва Чин ба 3 миллиард доллар расонанд.
Дар баробари равнақ ёфтани тиҷорат бунёди корхонаҳои муштарак шурӯъ шуд. Алҳол дар асоси Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин “Дар бораи ҳавасмандкунӣ ва ҳимояи сармоягузорӣ” бунёди якчанд корхонаҳои муштарак, ба мисли “Тоҷин-Л”, “Корвон ЛТД”, “Корхонаи тамокуи шаҳри Душанбе”, корхонаи “Ришта”, намояндагии корпоратсияи “Хай Ю”, филиали корхонаи  муштараки “Рокит интернешнл компани”, инчунин, корхонаҳои “Хе Тян Нункен” ва “Шун Да”, ки пурра бо маблағи сармоядорони Чин сохта мешаванд, дар назар аст.
Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар чаҳорчӯбаи фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай барои Тоҷикистон ҷиҳати андӯхтани таҷрибаи мусбат ва пешқадам дар бахши ислоҳоти иқтисодӣ ва идорӣ, рушди микроиқтисодӣ, истифодаи технологияи пешқадам дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ва хизматрасонию низомӣ, амалӣ гардондани бозсозии сохтори иқтисод ва реструктуризатсияи мақомоти молиявию қарзӣ омӯзанда мебошад.
Созмони ҳамкории Шанхай бонуфузтарин ниҳоди  минтақавист, ки Тоҷикистон дар қатори Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон, Қирғизистон муассиси он буда, дар фаъолияти ин созмон нақши муассир мебозад.
Рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ин созмон яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, алъон Нақшаи ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ байни давлатҳои аъзо қабул шудааст, ки тибқи он то соли 2020 гардиши озоди мол, хизматрасонӣ ва технологияҳо афзоиш ёфта, ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илму техника, кишоварзӣ, гумрук, нақлиёту коммуникатсия, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ ва терроризм ривоҷ меёбанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи аъзои Созмони ҳамкории Шанхай равобити густурдаро ба роҳ мондааст. Шарики муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳисоб меравад. Ин кишварҳоро риштаи мустаҳками дӯстӣ ва ҳамсоягӣ, ки ҳанӯз аз давраи пайдоиши Роҳи бузурги Абрешим сарчашма гирифтааст, ба ҳам мепайвандад. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин ба таъмини амнияти дуҷониба, эҳтиром, баробарӣ ва боварӣ, манфиати тарафайн, муқобилият ба хатарҳои глобалӣ, мустаҳкамсозии иқтидори минтақа, фарохшавии ҳамкориҳо дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ғайра равона гардидаанд.
Узвияти Тоҷикистон дар созмон ба равобити густурда бо аъзои он, алалхусус бо Чин, дар амалисозии нақшаҳои кишвар баҳри таҳкими суботу амният ва рушди иқтисодии ҷумҳурӣ нақши муассир бозида, имконияти таъмини ҳадафи стратегии баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, эҳёи Роҳи бузурги Абрешим, роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишварро бо сохтмони  барномаи CASA - 1000 муҳайё месозад. Иштироки Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия, ки имрӯз аз лиҳози иқтисодӣ давлатҳои абарқудрати ҷаҳонанд, барои ҳимояи манфиатҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунанд.
То имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин қариб 200 аҳднома ва созишнома ба имзо расидааст, ки соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, техника, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм, кишоварзӣ, алоқаро дар бар мегиранд.
Ҳамкориҳо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай дар самти иқтисодӣ ҷиҳатҳои зеринро дар бар мегиранд: муттаҳидсозии кӯшишҳои якҷоя барои ҷалби бахши хусусии мамлакатҳои аъзои СҲШ ба тиҷорати байналмилалӣ ва фарогирии бозорҳои беруна, ҷорӣ намудани низоми тиҷорати электронӣ, истифодаи технологияҳои истеҳсолоти рақобатпазир, баромадан ба бозори беруна, паст кардани арзиши молҳои содиротӣ, низоми суғурта, татбиқи амалии барномаи омодасозии кадрҳои баландихтисос барои бахшҳои гуногуни иқтисодиёт, ташкили фазои ягонаи соҳибкорӣ дар асоси технологияҳои иттилоотию инноватсионӣ, таъмини ҳамлу нақли озоди мол, сармоя, хизмат ва технологияҳо, ҷалби сармояҳои ҳамдигарӣ ва ғайра.
Инчунин, тарҳи нави ҷаҳонишавӣ, бо номи “Як камарбанд - як роҳ”, ки бояд Чин ва Аврупоро бипайвандад ва низоми нави бисёрҷонибаи ҷаҳонро ташкил диҳад, барои кишвари мо судовар аст, зеро ин роҳ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мегузарад.
Абубакр ҚУВВАТОВ, магистри Донишгоҳи Ҷиао Тонги
шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2019    №: 42    Мутолиа карданд: 228

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед