logo

иҷтимоиёт

МАЪЮБИ ГУРӮҲИ II: «НОМАИ МАРО ЧОП КУНЕД!»

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Маъюби гурӯҳи II:  «Номаи маро чоп кунед!» - ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад:
Бемор Қурбоналӣ Юсуфов давоми ду соли охир зери назорати мутахассисони Маркази миллии тиббии «Шифобахш» ва Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии «Истиқлол» қарор дорад. Номбурда дар ин муддат якчанд маротиба ба шуъбаҳои гуногуни марказҳои мазкур муроҷиат намуда, ба таври ройгон аз ташхис ва табобат гузаштааст.
Инчунин,  бемор чандин маротиба  аз тарафи сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор А.А. Раззоқов дар якҷоягӣ бо дигар олимони кафедраи травматология ва ортопедияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» аз муоинаи амбулаторӣ гузаштааст. Ба ӯ ташхисҳои некрози ассептикии сараки ронҳо бо коксарторзи дистрофикӣ, бемории шуоӣ, бемории ишемиявии дил, стенокардияи фаъолияти ҷисмонӣ, фишорбаландии шараёнии дараҷаи 2, атеросклерози шоҳраг ва шараёнҳои майнаи сар, диабети қанд навъи 2, марҳилаи субкомпенсаторию бронхити музмини дутарафа, тарбод, остеопороз, невропатияи асаби соиди чап гузошта шудааст.
Тибқи муроҷиати бемор ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба ташхис ва табобати ӯ хулоса пешниҳод карда шудааст. Мутобиқи натиҷаҳои муоинаи клиникии бемор бо сабаби некрози ассептикии сараки ронҳо бо коксартроз нишондод барои гузарондани амалиёти ҷарроҳии эндопротезкунии буғуми косу рон ҷой дорад. Лекин дар қатори нишондодҳо дар бемор ғайринишондод барои ҷарроҳӣ низ ҷой дорад. Сабаби ҷой доштани ғайринишондод барои ҷарроҳӣ бемории шуоӣ бо нишонаҳои дерсиҳатёбии захм, оризаҳои дуюминдараҷаи бемории шуоӣ, ба монанди гидроторакс, невропатия, плевропулмония, диабети қанд ва тарбод мебошанд.
Дар натиҷаи бемории шуоӣ ва қанд аломатҳои клиникии вайроншавии протсесҳои репаративии баръало бо дерсиҳатшавии захм ҷой доранд. Инчунин, дар бемор якчанд намуд бемориҳо, ба монанди дил, шуш ва дигар узвҳо ҷой доранд, ки бо бемории  қанд ва ревматизм сабаби рӯй додани фасодгарии захм пас аз ҷарроҳӣ шуда метавонанд.
Гузарондани амалиёти ҷарроҳии эндопротезкунии буғуми косу ронҳо дар ин ҳолатҳо мумкин нест. Дар ин бора якчанд маротиба ба бемор корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шудаанд. 
М. КАМОЛЗОДА, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2019    №: 44    Мутолиа карданд: 262
16.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 51 КАС ШИФО ЁФТ

САФАРИ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО АБДУЛАЗИЗ МУҲАММАД АЛ-БОДИ

ЁВОН. КОНФЕРЕНСИЯ НАҲЗАТИЁНРО МАҲКУМ КАРД

АБДУЛМАҶИД МУМИНЗОД: «БОЛО БУРДАНИ НАРХИ СӮЗИШВОРӢ АСОС НАДОРАД»

ТАҚОЗОИ ЗАМОН. БОЯД БА ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ГУЗАРЕМ

ТАҶҲИЗОТИ ПАРМАКУНӢ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ

ДМТ. ТАҚСИМОТ МОҲИ СЕНТЯБР СУРАТ МЕГИРАД

ДДОТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

ЁВОН. ПУЛИ МОШИНГАРД БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020

ҚАЗОҚИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ДАСТГОҲҲОИ НАФАСДИҲӢ МЕФИРИСТАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.07.2020


ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 5332 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ХОРУҒ. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ПЕШОРӮИ ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ХАДАМОТ. ШАХСОНИ МАСЪУЛ БЕШ АЗ 300 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА ШУДАНД

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. 11 112 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

МУҲИТИ ЗИСТ. 607 ҲОЛАТИ ВАЙРОН КАРДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. ТЕЪДОДИ ҶИНОЯТҲОИ ВАЗНИН ВА МАХСУСАН ВАЗНИН КОҲИШ ЁФТ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ НИМСОЛА

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБО» ВА «ХАТЛОН» ДАР САДРИ ҶАДВАЛ

14.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 80 ДАРСАД РАСИД

ХУҶАНД. КОРХОНАИ «СОМОН ГУРӮҲ» БА ФАЪОЛИЯТ МЕПАРДОЗАД

200 000 СОМОНӢ КУМАКИ БОБОИ МУҲИБ БА ТАБИБОНИ РАШТ

ЭНЕРГЕТИКА. НИЗОМИ МУОСИРИ НАЗОРАТ ВА ҲИСОБИ НЕРУИ БАРҚ

НИГАРОНӢ! 25 ҲОЛАТИ МАЙДААВБОШӢ ДАР ЯК РӮЗ

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ БА 3916 ШАҲРВАНД ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН РАСОНД

ЗАМИНА БА ТУХМИПАРВАРИИ ИБТИДОӢ

ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ РАФЪ СОХТАНИ МУШКИЛИҲО

“ДАСТ БА ДАСТ”. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР ХОҲАД БУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО «МАНЧЕСТЕР СИТИ» ДАР ОН МЕМОНАД

РОССИЯ КАРАНТИНИ ҲАТМӢ БАРОИ ВОРИДШУДАҲОРО БЕКОР КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТОҶИКИСТОН. 5228 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ШАҲРИ КӮЛОБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед