logo

иҷтимоиёт

ИНТИҚОДИ РӮЗНОМА ВОҚЕЪБИНОНА АСТ

Мақолаи «Даҳкатсой – Даҳанасой. Мардум интизориҳои зиёд дорад», ки 22 январи соли рафта дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расида буд, дар ҷаласаи васеи назди муовини соҳавии раиси ноҳия бо иштироки масъулони соҳа, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарони корхонаю муассисаҳои ноҳия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Ширкатдорони ҷаласа зикр намуданд, ки дар ҳақиқат, далелҳои дар мақола овардашуда дурустанд, интиқод аз камбудиҳо саривақтӣ ва ба нафъи ҷомеаи кишвара аст, хусусан ба манфиати сокинони ноҳияи Деваштич. Мардуми ноҳия аз рӯзе, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони хати оби Даҳкатсой – Даҳанасой оғоз гардид, интизории зиёд мекашанд. Деваштич ноҳияи аграрист ва аҳолии он ба бунёди ин хати оби дорои аҳамияти калони иқтисодию иҷтимоӣ ҷиддан ниёз дорад.
Айни ҳол дар иншооти Даҳкатсой – Даҳанасой ҳавзи обҷамъкунӣ кофта, дар масофаи 143 метр 13 лӯла хобондаанд, ки рӯйпӯшнамоӣ ва корҳои дигар ҷараён доранд. Аз 64 миллиони маблағи лоиҳавии бунёди хати об то аввали соли равон 9 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
Масъулони ноҳия барои ислоҳи камбудиҳо ва тезондани суръати кор дастурҳои мушаххас гирифтанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз робитаҳои босамар бо рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки инъикоси воқеъбинонаи ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва матлабҳои хонданбобро нашр менамояд, онро дар Деваштич боэътибору сермуштарӣ гардондааст, қаноатманд буда, хостори тақвияти ҳамкориҳои созанда ба нафъи ҷомеаи кишвар мебошад.
Сулаймон ЗИЁЗОДА, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Деваштич 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.03.2019    №: 46    Мутолиа карданд: 202

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед