logo

иҷтимоиёт

ГУЛИСТОН ШАҲРИ ГУЛБОҒУ ФАРОҒАТГОҲҲО

Дар рӯзҳои тантанаи Наврӯз дар шаҳри Гулистон бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ чанд иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Ба фаъолият оғоз кардани корхонаи истеҳсоли арматура - «Маҳмуд-Ко»  дар минтақаи саноатии шаҳр натиҷаи иҷрои дастуру супориш ва ҷонибдорӣ аз ташаббуси пешгирифтаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон доштани ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии мамлакат маҳсуб меёбад. Корхона бо иқтидори истеҳсолии 60 ҳазор тонна маҳсулот фаъолият карда, беш аз 90 сокини маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин менамояд.
Наврӯзи оламафрӯз ба сокинони шаҳри Гулистон боз як армуғони идона ҳадия меорад. Акнун дар ин ҷо майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 0,8 гектар доман густурда, дар баландии 50 метр партавфишонӣ хоҳад кард. Бунёди иншоотро паймонкорони ҶДММ «КММ-44» ба зимма гирифтаанд.
Таҷлили Наврӯзи хуҷастапай барои падару модарон, ки солиёни зиёд ба хотири фарогирии фарзандони худ ба кӯдакистонҳо навбат мепоиданд низ, хотирмон хоҳад буд. Бинои кӯдакистони фарсудаву харобгашта бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо маблағи 3,5 миллион сомонӣ пурра навсозӣ шуда, барои 360 нафар кӯдак бо номи «Дилноз» дар рӯзҳои баҳорӣ оғӯш мекушояд.
Дар даромадгоҳи шаҳр - кӯчаи Истиқлол барои фароғати  кӯдакону наврасон дар масоҳати 0,55 гектар замин боғи фарҳангию истироҳатӣ бунёд мешавад, ки бо фарорасии ҷашни бузурги миллӣ аввалин меҳмонон ва сокинони шаҳрро истиқбол мегирад. Дар боғ фароҳам овардани тамоми шароити муосир, аз ҷумла фаввораҳои замонавӣ, чархофалак ва гулгашту боғи иборат аз дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ ва  буттаҳои сарсабз, тарҳрезӣ гардидааст.
Гулистон шаҳри қолинбофону энергетикҳо ва геологҳову моҳидорон буда, бо бузургтарин корхонаҳои саноатии КМ «Апрелевка», ҶДММ "Ширкати кӯҳӣ – саноатии Тоҷикистону Чин", комбинати «Адрасмон» ва фаъолияти осоишгоҳҳои машҳур, аз қабили «Шифо», «Баҳористон» ва «Соҳил» имрӯз, воқеан ҳам, шаҳри саноатӣ ва сайёҳию фароғатиро мемонад. Ин шаҳр маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ, корҳои ободониву созандагӣ ва баргузории чорабиниҳои дорои аҳамияти минтақавию ҷумҳуриявӣ ба мавзеи басо зебову рангин ва муаррифи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Бо назардошти мавқеи  ҷуғрофӣ шаҳри Гулистон доимо дар меҳвари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат  қарор дорад ва барои рушду нумӯи он ҳамасола тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҳар сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд маҳз аз ин шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» оғоз гардида, масъулони вилояту шаҳр ҷиҳати боз ҳам ривоҷу равнақ додани он дастуру супоришҳои мушаххас мегиранд ва баҳри татбиқи онҳо талош меварзанд.
Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр, иброз дошт, ки рушди соҳаи саноат барои вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва албатта, таъмини зиндагии шоистаи мардум заминаи боэътимод ва мустаҳкам мегузорад. Ба гуфтаи ӯ, соли сипаришуда корхонаҳои саноатии шаҳр бори нахуст дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 3,4 миллиард сомонӣ расонда, вазни қиёсии онро дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят то ба 30,1 дарсад боло бурданд. Масъулини корхонаҳои саноатӣ содироти маҳсулотро ба хориҷи кишвар марҳила ба марҳила афзоиш дода, айни замон бо 19 кишвари ҷаҳон додугирифт доранд.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.03.2019    №: 46    Мутолиа карданд: 302
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед