logo

иҷтимоиёт

НУРОБОД. ҲАРАКАТИ МУНТАЗАМИ НАҚЛИЁТ ТАЪМИН АСТ

Солҳои пеш дар фасли зимистон бар асари боридани барфи зиёд, фаромадани тарма ва яхбандиҳо барои ҳаракати муназзами нақлиёт дар роҳҳои мошингарди мавзеи Нуробод, аз ҷумла шоҳроҳи Душанбе - Саритош, мушкилии зиёд пеш меомад. Ҳоло вазъ ба куллӣ дигаргун шудааст.
Алҳол муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо техника ва таҷҳизоти зарурии корӣ таъмин  гардида, барои пешгирии саривақтӣ ва бартараф намудани монеаҳо дар қитъаҳои душворгузар чораҳои зарурӣ меандешад. Мавзеъҳои эҳтимолии сар задани хавф зери назорати шабонарӯзии кормандони муассиса қарор доранд.
Валӣ Раҳмонов, сардори муассиса, зимни суҳбат иброз дошт, ки соли 2018 бо кумаку дастгириҳои Ҳукумат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони ташаббускор зиёда аз 11 километр роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалии ҳудуди ноҳия бо маблағи 5 миллиону 755 ҳазор сомонӣ мумфарш гардид. Инчунин, се пули оҳанини мошингузар ва 28 километр роҳи маҳаллӣ таъмиру навсозӣ шуд.
Имрӯзҳо дар ҳамаи қитъаи роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳия корҳои васеъкунии гардишҳо, пур кардани чуқуриҳои обшустаи канори роҳ, насб намудани аломатҳои зарурӣ, инчунин, тоза намудани қубурҳои обпарто шурӯъ шудаанд.
Муассиса таъмиру нигоҳдории 161,4 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро ба уҳда дорад. Соли гузашта кормандони муассиса зиёда аз 560 метри мукааб маводи зидди лағжиш, 2200 литр сӯзишвории дизелӣ, 5 тонна намак ва 4 тонна ангиштсанг захира намуда буданд, ки барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳо дар фасли зимистон ва ҳаракати бемонеаи нақлиёт истифода шуданд.                                                                   
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.03.2019    №: 46    Мутолиа карданд: 322
12.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 39 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ВИДЕОКОНФРОНСИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ЯПОНИЯ”

ВОХӮРИИ МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО МУҲАММАД ЗОҲИР АҒБАР

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФОСИЛАВИИ «ТОЗАГӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ»

ЛИГАИ АВРУПО. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМНИҲОӢ МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед