logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Ҳамроҳ Тоҳирова чун дигар бонувони пешсафи ҷомеаи муосири тоҷик умри бобаракати хешро баҳри рушд,  ободонӣ ва сарсабзиву хуррамии диёри азизаш бахшидааст.

Аз соли 1941 дар синни 17 - солагӣ бо дуои падар ба ҳайси бофанда ба кор оғоз кард.
- Фикру зикри хурду калон фақат ба он банд буд, ки душманро зудтар торумор кунему аз хоки Ватан берун андозем ва ба рӯзҳои осоишта бирасем. “Ҳама чиз ба фронт, ҳама чиз барои ғалаба” шиори ҳамарӯзаи мардум ҳисоб меёфт, - бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо ҳарф мезанад ӯ.
Баъди анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ қариб тамоми корҳо дастӣ ба анҷом мерасиданд. Соли 1955 дастгоҳҳои дар ҳамон давр замонавии нахустин пайдо шуданд ва кори бофандагон нисбатан осон гашт. Вай чун машъали истеҳсолот шинохта шуд ва ному шуҳрат ёфт.
Ҳамроҳ Тоҳирова аз зумраи инсонҳоест, ки устухонаш аз даврони тифлӣ бо меҳнат шах шудааст. Бо меҳнати ҳалол як бурда нони худро ёфта хӯрдан барои ӯ муқаддастарину бошарафтарин кор ҳисоб мешавад.
Соли 1964 дар комбинати «Абрешим» истеҳсоли матои капрон ба роҳ монда шуд. Навъи чун мӯй борики капрон аз бофанда маҳорати баланду дақиқ ва кори зиёдро талаб мекард. Маъмурияти корхона ин корро ба ӯ супурд, чунки басо масъулиятшиносу тозакорӣ, дилсӯзӣ ва фидокориҳо хоссаш буд.  Мавсуф сарбаландона аз уҳдаи иҷрои супориш баромад.
Соли 1965 дар ҳаёти Ҳамроҳ Тоҳирова воқеаи фараҳбахш рух дод. Бо унвони олии давр - Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ сарфароз гардид.
Ӯ аз зумраи он занони арҷманди шаҳри Хуҷанди бостонӣ мебошад, ки солҳои гузаштаи 60 - 90 - уми  асри ХХ номаш на танҳо дар вилояту ҷумҳурӣ, балки дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ вирди забонҳо буд. Тавассути меҳнати ҳалолу пурсамар ба қуллаҳои баланди шуҳрат расид. Кору фаъолияташ мактаби омӯзиш, ҳаёти шахсиаш намунаи ибрати дигарон буд. Дар тамоми гӯшаю канори мамлакати паҳновар пайравон дошт.
Ҷовиди АШТӢ,   «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.03.2019    №: 48    Мутолиа карданд: 365
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед