logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

МИҚДОРИ ЧАРОҒҲОРО МУАЙЯН КУНЕД
Толоре, ки дарозиаш 14 ва бараш 8 метр аст, бояд бо чароғ таъмин гардад.  Агар баъди ҳар як 2 метр бо дарозӣ ва 4 метр бар яктоӣ чароғ гузорем, ҳамагӣ дар толор чанд чароғ лозим аст?
Масъули рубрика Комрон САФАР
komron-safar95@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 93-320-00-15


БО ЧАШМИ МОДАР НИГАРЕМ...
Пирамарде бо наберааш канори роҳ меистод. Ин лаҳза наздашон пиразане омада пурсид, ки ҷавони болобаланди зебое аз барашон нагузаштааст?
- Ӯ ҷониби дарё рафт, - дарҳол гуфт мӯйсафед.
- Чаро ин тавр ҷавобаш додӣ? Охир, аз наздамон марди солхӯрдаи қадпасте гузашта буд, - ҳайрон шуд набера.
- Дуруст, аммо зан аз писари худ пурсид. Ба чашми модар чи қадар сол нагузарад ҳам, писар дар назари ӯ ҳамеша ҷавону зебо менамояд.
Аз русӣ тарҷумаи Хуршеди ҶОВИД


РӮЗИ МОДАР ДАР КУҶО ЧӢ ГУНА АСТ?
1. Дар Амрико дар Рӯзи модар ҳамасола барои харидани туҳфаҳо 14 миллиард доллар сарф мешавад.
2. Рамзи Рӯзи модар дар Россия марзангӯш (marzangush) аст, ки як навъи гиёҳест. Исмаш ба русӣ незабудка аст.
3. Рӯзи модар дар Амрико 122 миллион зангҳои телефонӣ ба унвони бонувон қайд гардидааст. Яъне, ҳама ба табрикоти модару ҳамсару духтарони хеш кӯшидаанд.
4. Соли 1907 ҷавондухтари амрикоӣ Анна Ҷервис модари худро аз даст дод. Баъди ҷудоӣ ба хулосае омад, ки бояд дар Амрико як рӯзи арҷгузорӣ ба зан – модар мавҷуд бошад. То соли 1914 ҳамфикронаш зиёд шуда, ба ҳукумат бо пешниҳод муроҷиат карданд. Президенти вақти ИМА Вудро Вилсон якшанбеи дуюми моҳи майро Рӯзи модар эълон кард.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


БОНУВОН
ФАКТҲОИ БОВАРНОКАРДАНӢ
Дар як рӯз занҳо 20 ҳазор калима истифода мебаранд, ки нисбат ба мардон 13 ҳазор зиёд мебошад.
Занҳо дар як сол аз 30 то 64 маротиба ашк мерезанд, мардон бошанд, 6-7 маротиба.
Исроил ягона давлатест, ки даъвати  занҳо ба хизмати ҳарбӣ ҳатмӣ мебошад.
Соли 1900 аввалин маротиба занҳо дар бозиҳои олимпӣ иштирок карданд.
Дар Амрико 30 дарсади занҳо тоҷиранд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


ФАРЗАНД
 БУЗУРГӢ НА БА СОЛ АСТ
Дар шаҳри Волгогради Росия ба писарбачаи 13 – сола Иван Шитик, ки барои табобати модараш дору меҷуст, медали «Барои наҷоти ҳаёт» тақдим намуданд. Ба шарофати амали шоиставу тараҳҳумовари наврас модараш пас аз инсулт умри дубора дид. Қисса аст, ки модар баъди он ки  аз вазнинхона рухсат шуд, ба доруи истеҳсоли хориҷӣ ниёз дошт, вале воридоти он аллакай қатъ шуда буд. Писарбача барои ҳалли ин масъала ба мардум рӯ овард ва дар девори хонаҳо эълон насб намуда, хоҳиш кард, ки ҷиҳати наҷоти модараш дар дарёфти  доруи зарурӣ ба хонаводаи онҳо ёрӣ расонанд. Ба хоҳиши Иван оид ба ёрӣ одамон аз кишварҳои гуногун посух доданд. Дар натиҷа доруро пайдо ва ба хонаводаи писарбача дастрас намуданд. Модар низ ҷарроҳиро муваффақона пушти сар кард.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


НОБИҒАИ ШИНОВАР
ЛЕДЕКИ КЕТИ
Кетлин Женевйев (Кети) Ледеки шиноварбонуи амрикоӣ 17 марти соли 1997 дар Вашингтон ба дунё омадааст. Дар шиноварии тарзи озод – масофаҳои миёна ва тӯлонӣ натиҷаҳои рекордиро мушарраф гаштааст. Ӯ қаҳрамони панҷкаратаи Бозиҳои олимпӣ ва 14 - каратаи ҷаҳон маҳсуб мегардад.
Бори нахуст дар синни 15 - солагӣ узви ҳайати мунтахаби Амрико гардида, дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон ширкат варзид ва дар масофаи 800 метр медали тиллои олимпиро ба даст овард.
Соли 2013 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба намудҳои варзиши обӣ дар масофаҳои 800 ва 1500 метр (тарзи озод) рекордҳои навро нишон дода, чемпиони чоркаратаи ҷаҳон шуд.
Моҳи августи соли 2014 дар мусобиқоти уқёнуси Ором дар Австралия дар масофаи 400 метр бо тарзи озод дар шиноварӣ рекорди нави ҷаҳониро гузошт.
Соли 2015 бошад, Кети дар чемпионати навбатӣ оид ба намудҳои варзиши обӣ дар шаҳри Қазон (Россия) натиҷаҳои қаблан бадастовардаашро боз ҳам беҳтар намуда, дар масофаҳои 1500, 800, 400 ва 200 метр ба гузоштани рекордҳои нав муваффақ шуд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


БОНУФУЗТАРИН ЗАНОНИ СИЁСАТМАДОРИ ТАЪРИХ
ЖАННА Д' АРК
Қаҳрамони Фаронса, сардори яке аз дастаҳои ҳарбӣ  дар Ҷанги садсола.
Ин зани ҷанговар сиёсати ҳарбиро хуб медонист ва барои музаффарияти кишвараш  дар Ҷанги садсола, ки миёни шоҳигариҳои Англияву Фаронса аз соли 1337 то 1453 идома дошт, нақши созгор дорад.
Жанна дар корнамоии ҳарбӣ, нотарсиву далерӣ барои ҷанговарони фаронсавӣ намунаи ибрат ва илҳомбахш буд. Ӯ истеъдоди хуби аз паси худ бурдани ҷанговаронро дошт. Аммо ҳукуматдорон аз маъруфияте, ки Жанна миёни ҷанговарон дошт, меҳаросиданд. Ба ин хотир, ӯро ба ҷодугарӣ гунаҳгор намуданд.
Ба ҳар сурат, номи ин қаҳрамон дар солномаи таърих ворид шудаасту, ҳамасола  8 май дар Фаронса ҳамчун “Рӯзи  Жанна д, Арк” ҷашн гирифта мешавад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


ҚОИДАҲОИ ТИЛЛОИИ ҲАЁТИ ОИЛАВӢ
Оилае хушбахт аст, ки мард ҳар сухани нагуфтаи ҳамсарашро мефаҳмад.
Алфред Хичкок

Хонадоршавӣ - ин ҳуқуқҳои худро нисф каму уҳдадориҳоро дучанд зиёд кардан аст.
Артур Шопенгауэр

Беҳтарин амале, ки падар барои фарзандонаш ба ҷо оварда метавонад, дӯст доштани модари онҳост.
Т. Хесберг
Гирдоваранда Хуршеди ҶОВИД


ТАЛОШ ВА 74 СОЛИ ОРЗУ
Хонум Чха Ча Сун аз Кореяи Ҷанубӣ дар синни 69 - солагӣ орзуи бадастовардани шаҳодатномаи ронандагиро карда, дар 74 - солагӣ ба орзуяш расид. Аммо, барои ба ин мақсад расидан, ӯ 950 маротиба имтиҳон супурда, 10 бори дигар назди масъулон мошин ронд, то аз санҷиш гузарад. Ширкати «Hyundai» ин ронандаи калонсолро барои талошҳои пайвастааш бо мошини истеҳсоли ширкат сарфароз гардонд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


ИЗАБЕЛЛА БАРРЕТ
Соҳибҷамоли хурдакак – Изобелла иштирокчии доимии озмуни зебосанамҳо, шоу – барномаҳои телевизионӣ барои кӯдакон асту шабакаҳои хусусии ҷавоҳироту ороишотро барои кӯдакон таъсис додааст.
Иштирокчии собиқи барномаҳои телевизионии “Toddlers and Tiaras” Изабелла Баррет куртае ба бар мекунад, ки 10 ҳазор доллар нарх дорад. Ҳазорҳо долларро сарфи хӯроки шом, офтобхӯрии сунъӣ ва ороиши мӯй менамояд.
Изобелла дӯстдори пойафзоли пошнабаланд аст. Дар коллексияаш 60 ҷуфт кафш дорад.
Даромади ҳарсолаи ӯ 2 миллион долларро ташкил медиҳад.
 Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


ГИЛБЕРТ ҶАВОНИ САДСОЛА
Инъикоси сурати Бо Гилберт дар саҳифаи аввали маҷаллаи бонуфузи «Vogue»  ҳамагонро ба ҳайрат овард. Ин зани бритониёӣ як бори дигар исбот кард, ки ҳифз намудани зебоӣ ба синну сол рабте  надорад. Гарчанде ӯ дар хонаи пиронсолони    Бирмингем ба сар мебарад, аммо зебоиву зебоипарастӣ кори ҳамешагии ӯст. 
- Ман зебоиро танҳо барои ҷавон монданам мепарастам ва кореро иҷро менамоям, ки на ҳама ҳамсолонам онро  анҷом медиҳанд. Воқеан ҳам, зебоӣ қурбониро металабад, - мегӯяд ӯ. 
Бо Гилберт брендҳои машҳури олам, аз қабили  Valentino, Victoria Beckham,  Cйline, Dries Van Noten,  The Row ва Lanvin - ро ба бар менамояд. Айни  замон  ӯ  100 – сола буда, ҳамчун солортарин модел дар дунё эътироф гардидааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


10 ФАКТИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ МУСАВВАРАҲОИ РАССОМОНИ МАШҲУР
ИЛЯ РЕПИН ВА МУСАВВАРАИ БЕМУАЛЛИФ
Бонуе мусаввараи беҳунаронаеро бо имзои рассоми машҳури рус И. Репин ба бозор бароварда, 100 рубл нарх гузошт.
Ғайриинтизор рассом аз он ҷо мегузашту фурӯшанда ҳам бо дидани ӯ ба гап даромада, расмро нишон дод. Репин лабханд заду зери он навишт: “Ин Репин нест” ва соядасташро гузошт.
Баъд аз фурсате фурӯшандаи чашмикордон мусаввараи рассоми номаълумро бо имзои ҳунарманди чирадаст бо нархи 1000 рубл фурӯхт.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


НУТҚ. ДАВРАҲОИ АСОСИИ ТАШАККУЛ
Дар охири якмоҳагӣ кӯдак овозҳои норавшан, ба монанди «а», «и»-ро талаффуз мекунад. Дар думоҳагӣ, аллакай ҳангоми муносибат табассум менамояд. Ширингуфторӣ карда, «ихи», «икхи», «иги» мегӯяд.
Семоҳагӣ айёмест, ки кӯдак садоҳои гуногун мебарорад. Дар чормоҳагӣ ханда карда, ҳангоми муносибат ғур - ғуркунон, овози ба худ хос мебарорад.
Дар панҷмоҳагӣ бошад, тифл худ ба худ гап заданро сар мекунад. Дар шашмоҳагӣ гапҳои беробита пайдо мешавад.
Дар ҳафтмоҳагӣ кӯдак суханро дарк карда, барои нишон додани ашё сарашро ба он сӯ тоб медиҳад. Дар ҳаштмоҳагӣ такроркунии пайиҳамии ҳиҷоҳои «ба-ба», «ма-ма»... Дар ин давра кӯдак тақлиди овозҳоро аз худ мекунад. Пичир-пичир карда, гап ҳам мезанад.
Дар нуҳмоҳагӣ тариқи имову ишора муоширатро ёд гирифта, бозӣ карданро меомӯзад. Дар даҳмоҳагӣ калимаҳои «оча», «дада»-ро озодона мегӯяд ва дигар калимаҳоро аз забони калонсолон такрор мекунад.
Дар ёздаҳмоҳагӣ суханҳои маънидор мегӯяд. Дар яксолагӣ дастурҳои одии «мошинчаро биёр», «лухтакчаро ба очаат деҳ»-ро дарк мекунад.
Дар яку нимсолагӣ захираи луғавии кӯдак 7-20 калимаро фаро мегирад. Ҳамроҳи калонсолон сурудҳои кӯдаконаро хонда, калимаҳои шиносро такрор мекунад. Дар дусолагӣ захираи луғавиаш наздики 50 калимаро ташкил дода, маънии 100 – 300 калимаро мефаҳмад. Пайдо шудани ибораҳо аз ду калима ба назар мерасад ва номи худро дар вақти суҳбат истифода мебарад.
Дар сесолагӣ захираи луғавиаш ба беш аз 250 калима мерасад. Бо ҷумлаҳои аз 3 ва зиёда калимадор суҳбат мекунад. Исм ва феълҳои зиёдро такрор намуда, ном ва ҷинси худро ба забон меорад.
Таҳияи Умар АЛӢ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
ФАРИШТАИ НАҶОТБАХШ
Аз ошёнаи 5 – уми бинои истиқоматии шаҳри Мюнхени Олмон тифли 17 – моҳа ба замин афтодан дошт: вай ба зертахтаи тиреза чи тавр баромадааст, касе намедонад. Гӯё Худо фиристода бошад, дар ҳамин лаҳза Михаэли 45 – сола аз кӯчаи шафати бино мегузашт ва ногоҳ чашмаш ба кӯдаки афтодаистода бархӯрд. Бо тамоми неру давид ва ӯро дошта гирифт. Тифл осебе надид. Ин аллакай бори сеюм буд, ки Михаэл одамонро аз марг чун фаришта наҷот медод.
Қурбон МАДАЛИЕВ,   тарҷума аз русӣ


10 КИШВАРЧАИ БОЙ
5. НОРВЕГИЯ
Шоҳигарии Норвегия дар нимҷазираи Скандинав, ҷазираҳои Ян-Майен, галаҷазираҳои Шпитсберген ва ҷазираи Буве, ки қисман дар ҳудуди Арктика воқеъ аст, ҷой гирифтааст. Тавре аз ин акс дида мешавад, Норвегия пурафсун, зебо ва табиӣ мебошад. Кишвар дар масоҳати 385 186 километри мураббаъ ҷойгир аст. Аҳолиаш тақрибан 5,1 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Ин кишвар яке аз бойтаринҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад. Ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба сари ҳар нафар аҳолӣ 100 400 долларро ташкил медиҳад. Омили чунин нишондиҳандаи баланд иқтисодиётест, ки дар асоси бозори озод роҳандозӣ шудааст. Бахши тандурустӣ аз ҷониби давлат назорат мешавад ва рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак аз 46 ҳафта иборат аст.
Мусиқӣ, кино, санъат ва фарҳанг, бешубҳа, сабабгори асосии онанд, ки саёҳаткунандагон Норвегияро хуш мепазиранд. Релефи беназир бо кӯҳҳои дар соҳили дарё қадкашида, халиҷҳои печ дар печи танги бо харсангҳо иҳотагашта, фаҷри шимолӣ ва офтоби шабзиндадор таваҷҷуҳи сайёҳонро ба ин кишвар мекашанд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


ҚАТОРАЕ, КИ БО ОБ ҲАРАКАТ МЕКУНАД
Дар Олмон қатораи мусофиркашеро сохта истодаанд, ки бо об ҳаракат мекунад. Тибқи маълумот он дар 1 соат метавонад то 140 километр роҳро тай намояд. Қатораи мазкур аз ҷониби ширкати мошинсозии “Alstom” омода шудааст. Ширкат, аллакай эълон намудааст, ки то соли 2021 дар Олмон 14 - то чунин қатора ба роҳ мебарояд.
Тибқи нақша, онҳо дар роҳҳои масоҳаташон кӯтоҳ аз ҷумла миёни чор шаҳри Олмон - Куксхафен, Бремерхафен, Бремерфёрде ва Бкустахуде ҳаракат хоҳанд намуд. Воқеан, барои пиёда намудани ин мақсад, беш аз 81,3 миллион евро ҷудо гардидааст.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


ЕЛЕНА ИСИНБАЕВА
ҚАҲРАМОНИҲОИ ЯК ЗАН
Елена Исинбаева, варзишгарбонуи Россияро дар ҷаҳон қариб ҳама бо рекордҳои пайдарпайи гузоштааш мешиносанд. Аввалин рекордашро ӯ соли 2001, пас аз ҷаҳиш бо чӯб ба баланди 4,46 метр миёни наврасон гузошт. Баъд аз ин, рекордҳои Елена нав шудан гирифтанд. 13 июли соли 2003 дар Спартакиадаи варзиши сабук дар Гатесхед баъди паридан ба баландии 4,82 метр аввалин рекорди худро миёни калонсолон сабт кард.
Моҳи июли соли 2005 барои Елена ба моҳи рекордҳо табдил ёфт. Ӯ 7 июл –  4,93 метр, 16 июл – 4,95 метр, 22 июл – 4,96 метр ҷаҳид.  Инчунин, 22 июл ду рекорд дар як рӯз ба номаш сабт намуда, ба баландии 5 метр ҷаҳид. Дар таърих аввалин зане шуд, ки бо чӯб ба  ин баландӣ паридааст. 
Рекорди шахсиаш 5,06 метр (соли 2009, «Золотая лига», Сюррих)  мебошад. 
Елена ду карат қаҳрамони бозиҳои олимпӣ, 7 карат чемпиони ҷаҳон, ду карат чемпиони Аврупо ва барандаи Ҷоми ҷаҳон мебошад. Бар замми ин, медалҳои нуқраву биринҷии ин мусобиқаҳоро ба даст овардааст.


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
Бонувони амрикоӣ иштирок накарда, рекорд гузоштанд
Тими мунтахаби олимпии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то иштирок дар Бозиҳои олимпии Рио – де – Жанейрои Бразилия рекорди аввали худро гузошт.
Чӣ хел, оё иштирок накарда рекорд гузоштан мумкин?
Гап сари он аст, ки дар ин бозиҳо аз шумораи умумии иштирокдорони ин кишвар 292 нафарро зан ташкил медод, ки 53 дарсадро дар бар гирифта буд. Ин ҳолат маротибаи аввал дар таърихи Бозиҳои олимпӣ рух дод.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.03.2019    №: 49    Мутолиа карданд: 366

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед