logo

Хабарҳо

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

Бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид.
Бояд гуфт, ки ба  озмун 32 лоиҳа пешниҳод гардида буд ва баъди омӯзиши аъзои комиссия лоиҳа бо рамзи «Тоҷ», ки аз ҷониби гурӯҳи эҷодии сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии раиси шаҳри Душанбе Рустамӣ Эмомалӣ таҳия шудааст, бо гирифтани 45 имтиёз сазовори ҷойи якум гашт. Ин лоиҳа бо бартариҳои афзалиятдор ифодакунандаи тамоми талаботи озмун   ва рамзи давлатдорию таъриху тамаддуни миллати тоҷик  арзёбӣ гардид.
Лоиҳа бо рамзи «Амал»-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» ва лоиҳа бо рамзи «335577» - и гурӯҳи эҷодии Иттифоқи меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи байналхалқии иттифоқҳои меъморон мутаносибан сазовори ҷойҳои дуюму  сеюм гардиданд.
Fолиб  ва соҳибони ҷойҳои ифтихорӣ  бо туҳфаҳои пулӣ, дипломи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гаштанд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба иштирокчиёни озмун изҳори сипос намуда, пешниҳоди лоиҳаҳоро барои рушду шукуфоии шаҳри Душанбе, дар маҷмӯъ, Тоҷикистони соҳибистиқлол, муҳим арзёбӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки боғи «Истиқлолият» бо майдони Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати марказии пойтахт, дар масоҳати 30 гектар бунёд мегардад.
Ин иншооти муҳташам аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳ иборат хоҳад буд. Баландии муҷассамаи Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» 121 метрро ташкил медиҳад. Пояи муҷассама пирамидаи ҳаштрӯя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад. Дар дохили муҷассама осорхона ва толорҳои баргузории чорабиниву маҳфилҳо ҷойгир мешаванд.
Дар муҷассама тоҷ рамзи давлатдорӣ, истиқлолият, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 191

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед