logo

иқтисод

ИСТЕҲСОЛИ ШИША АШЁИ ХОМ ҲАСТ, АММО…

Дар замони мо биноҳои навсохт бештар шишабандӣ мешаванд ва ин талабот ба шишаро торафт зиёд мекунад. Мутаассифона, шишаи сохтмонӣ ва дигар маҳсулоти шишагӣ, ба Тоҷикистон пурра аз хориҷ ворид мегарданд. Танҳо соли гузашта ба ҷумҳурӣ ба маблағи 10, 9 миллион доллари амрикоӣ 31 ҳазор тонна шиша ва маҳсулоти шишагӣ ворид шудаанд.
Ба андешаи мутахассисони соҳа, муззама - ашёи хоми истеҳсоли шиша як навъи сангу рег мебошад, ки захираҳои он дар кишвари мо хеле зиёданд. Санги нодири кофур низ дар олам камёб аст, аммо дар кишвари мо фаровон. Аз ин намуди ашёи хоми ватанӣ метавон бо ҳаҷми зиёд истеҳсоли шиша ва маҳсулоти ба он монанд ба роҳ монда шавад. Дар Тоҷикистон ин ашёи хом дар конҳои қуми кварсии Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Тагоби ноҳияи Варзоб ба андозаи кофӣ мавҷуд аст, ки метавонад талаботи кишварро ба пуррагӣ қонеъ созад.Мутаассифона, алҳол дар кишвар ягон корхонаи истеҳсоли шиша вуҷуд надорад. 
Ба гуфтаи Шамсиддин Иброҳимов, сардори раёсати масолеҳи сохтмонии Вазорати саноат ва технологияҳои нав, ҳоло дар кишвар танҳо як корхона шишаи сохтмонӣ ва маҳсулоти ба он монанд (зарфи шишагӣ барои консерв, обҳои нӯшокӣ ва дигар намуди маҳсулоти хӯрока) истеҳсол мекунад, он ҳам бошад, дар заминаи корхонаи қаннодӣ - нонпазии шаҳри Гулистон. Тоҷикистон аз ҷиҳати ашёи хом барои истеҳсоли шиша ягон мушкилӣ надорад, танҳо барои омода намудани он баъзе моддаҳои химиявиро ба кишвар ворид сохтан зарур аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намуд. Ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Барои бунёди корхонаҳои истеҳсоли шиша бояд бахши хусусӣ ба ҷалби сармояи хориҷӣ бештар ҳавасманд бошад.
Шамсиддин Иброҳимов гуфт, ки соли сипаришуда 14 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти шишаи сохтмонӣ истеҳсол шудааст. Масалан, бо теъдоди 16 миллиону 531 ҳазор дона танҳо зарфҳои шишагии 0,5 - литра истеҳсол гардид. Ҳоло ба ғайр аз корхонаҳои «Лаъл» (зарфҳои шишагӣ) ва қаннодӣ - нонпазии шаҳри Гулистон (зарфҳои шишагӣ ва шишаи сохтмонӣ) дигар ягон корхона ба истеҳсоли ин маҳсулот машғул нест. 
- Алҳол барои бунёди корхонаҳои истеҳсоли шиша соҳибкорон таваҷҷуҳ зоҳир намуда истодаанд. Аз ҷониби ҶСК «Сомон Суғд» лоиҳаи сармоягузории сохтмони корхонаи шишабарорӣ дар вилояти Суғд дар ҳоли татбиқ гардидан аст. Дар ҳоли пайдо шудани сармоя имконият аст, ки дар ҳудуди вилоят - наздикии кони қуми кварсии Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов корхонаи истеҳсоли шиша бунёд шавад. Инчунин, ҶДММ «Ғаюр» низ тасмим гирифтааст, ки дар наздикии ҳудуди шаҳри Душанбе як корхонаи шишабарорӣ бунёд кунад. Онҳо низ ҷиҳати татбиқи ин кор дар ҷустуҷӯи сармоягузоранд, - гуфт Ш. Иброҳимов.
Иноғбек Бобоев, муовини директори генералии ҶСК «Сомон Суғд», зимни суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» гуфт, ки корхона соли 2012 иҷозатномаи ҳуқуқи истифодаи канданиҳои зеризаминиро гирифтааст. «Сомон Суғд» аз канданиҳои кони қуми кварсии Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ашёи хомро ба корхонаҳои шишабарории шаҳри Қувасойи вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мефурӯшад. Кон дорои захираҳои азими кварс аст. Ширкат талош дорад, то бо ҷалби сармоя барои истеҳсоли шиша дар наздикии кон корхонаи истеҳсолӣ бунёд намояд. Пас аз дастури Сарвари давлат барои коркарди ашёи хоми кишвар то ҳадди ниҳоӣ аз ҷониби ширкат лоиҳаи ҷалби сармоя тартиб дода шуд. Ҳоло ширкат ба сармоягузор эҳтиёҷ дорад, зеро барои ташкили корхонаи шишабарорӣ маблағҳои калон лозиманд. Корхона худ ин миқдор маблағро барои бунёди корхонаи истеҳсолӣ надорад.
Мутахассисони соҳа мушкили асосиро ҷиҳати рушди соҳа танҳо дар ҷалби сармоя медонанд. Албатта, солҳои охир таваҷҷуҳи сармоягузорҳо ба соҳа зиёд гардидааст, аммо ҳоло онҳо ба омӯзиши масъала ва дарёфти даромад аз рушди соҳа машғуланд.
Барои рушди соҳа дар кишвар ҷиҳати омода намудани мутахассисон муассисаҳои касбиву олӣ фаъолият мекунанд. Яъне, корхонаҳои истеҳсолие, ки бунёд мешаванд, бе мутахассис намемонанд ва мушкили нарасидани коргар ба вуҷуд намеояд.
Ҳайдар Одиназода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, гуфт, ки дар кишвар аз ҷиҳати мутахассис ягон мушкилие вуҷуд надорад. Танҳо бояд ҷалби сармоя аз ҷониби бахши хусусӣ ба роҳ монда шавад. Мо конҳои кварсие дорем, ки аз ҷиҳати сифат дар ҷаҳон беҳтаринанд. Яъне, мо ашёи хом барои истеҳсоли шиша дорем, танҳо соҳибкоронро лозим аст, ки корхонаҳои истеҳсолӣ бисозанд.
Мавриди зикр аст, ки барои ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ҷалби сармояи мустақим аз ҷониби давлату Ҳукумат тамоми шароитҳо муҳайё гардидаанд. Аз ҷумла, барои соҳибкорони истеҳсолӣ имтиёзу сабукиҳои зиёд амал мекунанд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирии соҳибкорони истеҳсолиро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор додааст. Пас, соҳибкорон ва сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби сармоя чораҳои дахлдор андешанд. Зеро дар мамлакат имконияту захираҳои табиӣ ва тамоми шароитҳо барои фаъолият фароҳаманд. Ҳоло вақте расидааст, ки ашёи хоми дар кишвар бекорхобидаро коркард намуда, аз он шишаҳои сохтмонӣ ва маҳсулоти шишагӣ истеҳсол намоем, то зарурати воридоти ин намуди маҳсулот ба кишвар аз байн равад.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2019    №: 51    Мутолиа карданд: 114

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед