logo

сиёсат

ПРОКУРАТУРА ВА ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН ДАР ҶОМЕА

Мақомоти прокуратура чун дигар сохторҳои давлатӣ дар замони истиқлолият таҳаввулоти азимеро аз сар гузаронда, ба мақомоти мустақили созгор ба принсипҳои демократии давлатдорӣ табдил ёфт. Дар ин давра барои фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ - конститутсионӣ ташаккул ёфта, ваколату салоҳияти назоративу мурофиавии он дақиқ карда шуданд. Ташаккул ва таҳкими фаъолияти мақомоти прокуратура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мустақили давлатӣ ба таърихи давлатдории навини тоҷикон, яъне ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, пайванди ногусастанӣ дорад. Зеро, маҳз дар ҳамин давраи барои миллати куҳанбунёди мо тақдирсоз мустақилияти пурраи прокуратураи Тоҷикистон таъмин гашта, имкон фароҳам омад, ки вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти он бо назардошти манфиатҳои миллӣ, вазъи  қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар муайян карда шаванд.
Дар рӯзи кормандони мақомоти прокуратура ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҳанӯз 14 марти соли 1992 се санади ҳуқуқии барои мақомоти прокуратура тақдирсоз қабул  гардида, заминаи ҳуқуқии фаъолияти онро фароҳам оварданд. Бо дарназардошти аҳамияти ин рӯйдодҳо, 14 марти соли 1992 ҳамчун рӯзи таъсисёбии прокуратураи Тоҷикистон ҳисобида шуда, 8 августи соли 2015 бо ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 14 март Иди касбии кормандони прокуратура эълон гардид.
Чун дар бораи роҳи тайнамудаи мақомоти прокуратура ҳарф мезанем, беихтиёр ҳаводиси солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ пеши назар меоянд. Хушбахтона, кормандони мақомот дар душвортарин лаҳзаҳои таърихи давлатдории навин садоқати худро ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва рисолати конститутсионии худ собит намудаанд. Ҳоло дар ҳар саҳифаи таърихи истиқлолият нишоне аз талошҳои мақомоти прокуратура дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд сабт шудааст.
Ҳамагон дар хотир доранд, ки ҳанӯз оғози даврони истиқлолият дар натиҷаи дасисаи душманони дохилию хориҷӣ кишвари мо ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари аз даст рафтани давлатдории миллӣ ба миён омада буд. Куштори мардуми бегуноҳ, тарафдорони сохти конститутсионӣ, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, роҳзанӣ ва ғоратгарӣ мардуми кишварро ноумеду маъюс гардонда буд. Пӯшида нест, ки дар чунин вазъ фаъолияти мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура,  фалаҷ гардида,  амнияти  кормандон ҳам дар ҷои кор ва ҳам дар ҷои зист таъмин набуд.
Хушбахтона, баъд аз Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ва таъсиси ҳукумати қонунӣ фаъолияти мақомоти давлатӣ барқарор шуда, муборизаи оштинопазир бо гурӯҳҳои ҷинояткор оғоз ёфт. Дар он замон яке аз талабҳои Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Прокурори генералӣ он буд, ки ҳодисаи ғасби ҳокимият бо роҳи табаддулоти давлатӣ, кушторҳои ходимони давлатӣ, шаҳрвандон ва дигар ҷиноятҳои дар ин давра содиршуда пурра ва ҳаматарафа тафтишу гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ба ин мақсад, дар назди Прокуратураи генералӣ  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба тафтиши ҷиноятҳои  дар ин давра содиршуда иборат аз 35 гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ  дар ҳайати 250 нафар корманди  мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ таъсис дода шуд. Аз ҷониби ситод садҳо ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла актҳои террористӣ нисбат ба чеҳраҳои намоёни давлатию ҷамъиятӣ, ки аз тарафи  гурӯҳҳои ҷинояткор содир гардидаанд, мавриди тафтиш қарор дода шуданд.
Дар ҷаҳони ҳассоси имрӯза, ки хатарҳои терроризму экстремизм ба амнияти кишварҳои олам таҳдид мекунанд, кормандони мақомоти прокуратура дар ҳифзи волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, муқовимат бо терроризму экстремизм, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон талошҳои бештар ба харҷ медиҳанд. Аз ҷумла, бо мақсади тақвияти нақши мақомоти прокуратура дар мубориза бо хавфи афзояндаи терроризм ва экстремизм дар сохтори дастгоҳи марказӣ - раёсати муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ, инчунин, шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ таъсис дода шуданд. Гузашта аз ин, воҳидҳои нав - шуъбаи қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои онҳо, шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуот, инчунин, шуъбаи амнияти дохилӣ созмон дода шуданд.
Боиси фараҳмандист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тавсеаи фаъолияти мақомоти прокуратура, аз ҷумла ҷиҳати таъминоти моддиву кадрӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари хизмативу маишӣ барои кормандон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Барои хизматҳои арзанда дар таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мубориза бо ҷинояткорӣ аз соли 1993  то инҷониб беш аз 60 нафар корманди мақомот аз ҷониби Сарвари давлат ба рутбаи олии дараҷавӣ  ва зиёда аз 200 нафар бо мукофотҳои давлатӣ  ва унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шуданд.
Мо - кормандони прокуратура дар партави дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат худро вазифадор мешуморем, ки барои тақвият додани самаранокии фаъолият дар ҳама самтҳои назорати прокурорӣ масъулияти бештар нишон дода, бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат баҳри пешрафт, рушд ва инкишофи Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошем.
Раҳмон Юсуф АҲМАДЗОД, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2019    №: 52    Мутолиа карданд: 481
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед