logo

фарҳанг

"ҶУМҲУРИЯТ". ШИНОХТИ ОН ШИНОХТИ ТАЪРИХ АСТ

Матбуоти даврии тоҷик бо таърихи беш аз садсолаи худ дар иҷрои рисолати пуршараф, яъне танвири афкори мардум, ба вуҷуд овардани инқилоби фикрӣ, тавсеаи ғояву андешаҳои миллӣ ва дифоъ аз манофеи он ба таври мудовим гомҳои устувор гузоштаву ба муваффақият расидааст. Бо варақгардон намудани шумораву саҳифаҳои рӯзномаҳои тоҷикӣ ва ковишу пажӯҳишҳои ҷудогона, бисёре аз санадҳои ноомӯхта ва паҳлуҳои гуногунҷабҳаи таърих равшан мешаванд.
Дар таърихи матбуоти тоҷик рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба сифати нахустин рӯзномаи тоҷикӣ аз ҷойгоҳу мақоми вижае бархӯрдор аст. Пас аз ташкили Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон дар таҷаммӯи сохтмони ҳаёти нав, бунёди сохтори давлатӣ ва ташкилотҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, яке аз масъалаи асосӣ таъсиси матбуот ба шумор мерафт, зеро танҳо матбуот метавонист ба халқ сиёсату ҳадафи Ҳукуматро тарғиб намояд.
Бо дарки муҳимияти ин нукта 15-уми марти соли 1925 дар пойтахти навтаъсиси Тоҷикистон - Душанбе, ки он замон ҳамчун  маркази Бухорои Шарқӣ маъруф буд, шумораи аввалини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» нашр шуд. Бинобар маълумоти сарчашмаҳо, шумораи нахустини рӯзномаи «Иди тоҷик» бо теъдоди 1000 нусха бо ҳуруфи арабиасоси форсӣ дар фазои идона, ки он рӯз ба хотири таъсиси ҷумҳурӣ тантана мекард, дастраси мардум гардид. Зимнан, ин ҷо ба зикри як нукта таваҷҷуҳ бояд кард, ки барои ҳар як нашрия интихоби ном тасодуфӣ сурат намегирад. Ном бояд ифодакунандаи ғояву ҳадафи нашрия ва муассиси он бошад. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳам бори нахуст бо номи «Иди тоҷик» нашр шуд, ки рӯҳияи замонро аз таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дубора соҳиби давлат, забон ва маданияти моддиву маънавии қадимии худ шудани тоҷикон ифода мекард. Дар он шабу рӯз, ки сарнавишти ояндаи мардуми тоҷик бар асари ноадолатиҳои таърих зери суол мерафт, рӯзнома бо унвони худ на танҳо аз соҳибдавлату соҳибтамаддун будани миллати тоҷик дарак дод, балки дар дили мардум ҳисси хурсандиву умеди нек ба ояндаро бедор намуд. Баъдан, шумораи дуюми он, ки бо номи «Бедории тоҷик» нашр шуд, идомаи мантиқии ҳамон бедорсозии халқи тоҷик гардид.
Чун он замон нависандагони корозмудаи миллӣ ангуштшумор буданд, рӯзномаи «Иди тоҷик» бо мадади як гурӯҳ кормандони Комиссариати халқии маорифи Тоҷикистон, ки вазифаи тарҷумонӣ, мусаҳҳеҳӣ ва саҳифабандиро иҷро мекарданд, бахусус зери таҳрири аввалин нозири маорифи Тоҷикистон Аббос Алиев нашр шуд. Бо мадади кормандони Комиссариати маориф Саидбоғир Қосимов, Маҳдӣ Таҳмосов, Абулқосим Лоҳутӣ, Муҳаммадҷон Ҳасанӣ, Миртолиб Саидзода, Қосим Дайламӣ нашр шудани рӯзнома шаҳодати он аст, ки ин тоифа дар рушди неруи зеҳнии мардуми тоҷик хизмати арзишмандеро анҷом додаанд. Тақдиру қисмати ҳар кадоме аз онҳо ба сарнавишти миллати фарҳангофари тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз нахустин рӯзи таъсисёбиаш пойдор гардондани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ривоҷ бахшидани маорифу маданияти халқи тоҷикро ҳадафи ниҳоии худ қарор дод. Ба ин хотир, нақши рӯзнома дар ҳама ҷабҳаҳои ташаккули маърифати миллати тоҷик мондагор буда, ҳар як саҳифаи он бозгӯи воқеаҳои нодири замон аст. Бинобар ин, роҳи дар тӯли 95 сол тайкардаи рӯзнома ниёз ба пажӯҳиши ҳамаҷонибаро дорад, ки албатта, аз назари аҳли илму эҷод дар канор намондааст. Дар робита ба таърихи таъсиси рӯзномаи мавриди назар ва ҷойгоҳи он дар низоми матбуоти даврии тоҷик чанде аз асару мақолаҳои ҷудогона таълиф шудаанд, ки омӯхтани онҳо барои баҳои воқеӣ додан ба ҳодисаҳои давр, бахусус муайян кардани моҳияти сохториву мундариҷавии рӯзнома ва рисолати таърихии он мусоидат намуда, чун манбаи боэътимод ҷиҳати таҳқиқи минбаъдаи ин нашрия, ҳамчунин, таърихи матбуоти тоҷик хидмат хоҳанд кард. 
Дар силсилаи пажӯҳишҳои муҳаққиқони таърихи матбуоти тоҷик ва нигоштаҳои кормандони рӯзнома нақши «Ҷумҳурият» ба сифати инъикосгари воқеиёти давр, баёнгари рӯҳи замон, мунодии афкори халқ, модари матбуоти тоҷик, сарахбори матбуоти тоҷик ва амсоли ин арзёбӣ шудааст. Ин нигоштаҳоро аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва муносибат ба мавзӯъ ва масъалаи мавриди назар метавон ба ду гурӯҳ ҷудо кард. 
Гурӯҳи аввал мақолаҳои оммавӣ, ки дар онҳо паҳлуҳои гуногуни рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар иртибот бо ин ё он масъала ва ё бахшида ба ин ё он ҷашни таърихӣ, хосатан ҷашни матбуоти тоҷик ва санаи таъсиси худи нашрия таҳлилу баррасӣ шудааст. Дар ин радиф, мақолаҳо ва ёддоштҳои кормандони «Ҷумҳурият», рӯзноманигорон ва муҳаққиқони публитсистикаи тоҷикро, ки ба муносибати 15, 50, 60, 70, 80, 85, 90 - солагии нашрия ва ё санаҳои алоҳидаи таърихи матбуоти тоҷик, аз ҷумла Рӯзи матбуоти тоҷик (11-уми март) дар нашрияҳои даврӣ ва маҷмӯаҳои алоҳида нашр шудаанд, дохил кардан мумкин аст. Ин гуна мақолаҳо теъдодан хеле зиёданд, ки агар танҳо номгӯйи онҳоро зикр намоем, феҳристи азиме тартиб меёбад. Дар ин нигоштаҳо таърихи рӯзнома, муҳтавои матолиб ва нақши он дар ташаккули афкори ҷомеа таҳлил ва баррасӣ шудааст.
Устод Садриддин Айнӣ, ки худ ходими фаъоли рӯзнома буд, онро «Модари матбуоти Тоҷикистони советӣ» номидааст, ки барҳақ дуруст аст. Воқеан, рӯзномаи «Иди тоҷик» дар асл барои пайдоиши рӯзномаҳои минбаъда дар кишварамон заминаи маънавӣ фароҳам сохт. Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат дар такя ба андешаҳои устод С. Айнӣ нақши бузург доштани ин рӯзномаро дар инъикоси тамоми паҳлуҳои рӯзгору зиндагии халқи тоҷик ва ташаккули маданияту маърифати он арзёбӣ карда, аз ҷумла меафзояд, ки «Бедории тоҷик» барои намоиши истеъдоди дар тангӣ мондаи халқ чун минбар кор мекард...».
Дар ин радиф, ҳамчунин, метавон аз маҷмӯаи «Оинаи миллат», ки ба муносибати ҷашни 80-солагии нашрия интишор гардидааст, ёд кард. Дар ин маҷмӯа  маводи зиёди арзишманд, ки ба қалами кормандони собиқ ва имрӯзаи рӯзнома мансуб аст, дар жанрҳои мақолаву мусоҳиба, хотира, ёддошт ва лавҳа гирдоварӣ шудааст. Нигоштаҳои ин маҷмӯа бо вуҷуди аз ҳамдигар фарқ доштан, аз ҷиҳати арзёбии нақши ин рӯзнома дар рушди ҷомеа ба ҳам умумият доранд. Ба ибораи дигар, ҳамаи муаллифон ба «Ҷумҳурият» ва нақши он дар инъикоси раванди зиндагӣ ва ташаккули афкори омма қоиланд. Ҳамчунин, ин маҷмӯа аз он ҷиҳат ҷолиби диққат аст, ки дар охири он феҳрасти рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо шумули маводи фаровон оид ба таърихи матбуоти тоҷик, рӯзноманигорӣ аз соли 1925 то имрӯз ва феҳристи ашхосе, ки бо рӯзнома алоқамандӣ доштанд ба тартиби алифбо гирдоварӣ шудааст, ки бешубҳа барои таҳқиқи худи рӯзнома ва таърихи журналистикаи тоҷик ёрӣ дода метавонад.           
Ба гурӯҳи дуюм мақолаҳои илмӣ ва асарҳои муҳаққиқони таърихи матбуоти тоҷикро метавон дохил кард, ки дар онҳо бевосита давраҳои гуногуни рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва ё дар алоқамандӣ бо дигар нашрияҳои даврӣ ба таҳқиқ кашида шудааст. Аз ҷумла, дар нигоштаҳои муҳаққиқон Ҷ. Усмонов, И. Усмонов, Д. Давронов, А. Азимов, П. Гулмуродзода, М. Муродов ва дигарон бевосита паҳлуҳои гуногуни ин рӯзнома мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст ва ё дар иртибот ба масъалаҳои дигари матбуоти тоҷик ба он ишораҳо шудааст.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар рушду ташаккули адабиёт, публитсистика ва фарҳанги рӯзноманигории тоҷик низ нақши сазовор дорад. Даҳҳо ҳикоя, очерк, лавҳа ва дигар асарҳо, ки дар анвои гуногуни жанрҳои публитсистиву адабӣ кормандони он эҷод кардаанд, дар роҳи таҳқиқу омӯзиши публитсистикаи тоҷик сабақҳои омӯзандаанд.
Аз адабиёт ва сарчашмаҳои зикршуда метавон ба чунин хулоса расид, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавии миллати тоҷик нақши созгор гузоштааст ва маҳз ҳамин нукта зарурати таҳқиқи минбаъдаи онро ба сифати нашрияи расмӣ, соҳибмактаб, собиқадор ва соҳиби услубу шеваи хос дар низоми матбуоти даврии тоҷик ба миён меорад. Ҷилдҳои ҳарсолаи он ҳуҷҷати пурқимат ва оинаи рӯзгору сарнавишти роҳи тайнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 95 сол аст. Сафҳаҳои сӯдаву рангпаридаи он ба мо садои анқариб якасраи замонро гӯшрас мекунанд, садое, аз он мушкилоту душвориҳо ва муваффақиятҳои дирӯзу имрӯзи пурифтихори миллати тоҷик ба гӯш мерасанд. Хушбахтона, анъанаи пуршарафи инъикос ва дифоъ аз ҳама гуна масъалаҳои миллӣ ва тарғиби  дастовардҳои миллати тоҷикро имрӯз рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо масъулияти баланд идома медиҳад.
Фаридуни УМАРБЕК, аспиранти ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2019    №: 52    Мутолиа карданд: 167

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед