logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. 750 000 СОМОНӢ БАРОИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ВИЛОЯТӢ

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ бо шароити корӣ ва нақшаҳои эҷодӣ аз Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон боздид ба амал овард.

Таъкид шуд, ки то кунун ба таъмири куллӣ фаро нагирифтани бинои идора боиси қисман вайрону ҳузнангез шудани симои меъмории он гардидааст. Норасоии таҷҳизоти муосири корӣ аз мушкили ҷиддии дигари ин муассиса маҳсуб меёбад. Бо назардошти ин, роҳбарони бахшҳои иқтисодии вилоят муваззаф шуданд, ки барои хариди таҷҳизоти нав соли равон аз буҷети вилоят 750 ҳазор сомонӣ ҷудо намоянд. Дар ин радиф, раиси вилоят иброз дошт,ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон телевизионҳои вилоят низ бояд зина ба зина ба пахши рақамӣ гузашта, ба моҳвора пайваст шаванд. Барои ин, пеш аз ҳама, зарур аст, ки ҷиҳати кормандони эҷодию техникии телевизион шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда, телевизиони вилоятро бо дастгоҳи таҷҳизоти бозгӯ ба талаботи замони муосир таъмин намоем. Дар баробари ин, зимни боздид аз танзимгоҳҳо ва студияҳои сабти барномаҳои телевизионӣ ба роҳбарияти телевизиони Хатлон дастур дода шуд, ки дар масъалаи ҷо ба ҷогузории мутахассисон, ҷалби ҷавонони баистеъдоду эҷодкор ба кор, ободонии атрофи бино ва дохили он чораандешӣ намоянд, зеро хуб шудани сатҳу сифати барномаҳо аз бисёр ҷиҳат ба мутахассисони касбияташон баланд, эҷодкорони асил ва чеҳраҳои нави телевизионӣ марбут мебошад.
Раиси вилоят иброз намуд, ки барномаи «Рӯ ба рӯ бо тамошобин» тавассути пахши мустақим аз нав эҳё карда шавад. Танқид воқеӣ, холисона ва беғараз бояд бошад. Он ба пешравии кор мусоидат менамояд.
Қурбон Ҳакимзода таъкид дошт, ки сифати барномаҳоро беҳтар намуда, талаботи имрӯзаи тамошобини закиро қонеъ бояд кард. Журналистонро ба ҳамкории зич, муттаҳидӣ атрофи сиёсати созандаю бунёдкор, худшиносии миллӣ, эҳтиром, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва давлату миллати худ даъват намуд.
Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2019    №: 52    Мутолиа карданд: 267
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед