logo

иқтисод

БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ. ЧӢ ГУНА БОЯД АЗ ҲУҚУҚҲОИ ХУД ҲИМОЯ КАРД?

Риоя нагардидани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон асосан ҳангоми хариди мол (кору хизматрасонӣ) рӯй медиҳад, ки дар ин ҳолат на ҳама ба куҷо муроҷиат кардану чи гуна аз ҳуқуқи худ дифоъ карданро медонанд. Суҳбати хабарнигори «Ҷумҳурият» бо сардори раёсати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Синбоди Асадулло ба ин масъала рӯшанӣ андохта, маълумоти заруриро дар ихтиёри хонанда мегузорад.
- Чун суҳбатамон дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон сурат мегирад, дар оғози он аз таърихи пайдоиш ва аҳамияти ин чорабинии сайёравӣ чанд сухан мегуфтед?
- 9 апрели соли 1985 Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Асосҳои роҳбарӣ барои ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон» қабул гашт, ки зарурати ҳалли масъалаи мазкурро ба сатҳи байналмилалӣ бардошт. 25 ноябри соли 2011 бошад, ҷаласаи нахустини Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ин бобат қарори махсусро ба тасвиб расонд ва минбаъд миёни мамлакатҳои иттиҳод низ 15 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» пазируфта шуда, ҳамасола таҷлил мегардад. Аз ҷумла, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар доираи ин санаи байналмилалӣ ташкили чорабиниҳои маърифатӣ сол ба сол ранги дигар мегиранд.
- Шумо «чорабиниҳои маърифатӣ» гуфтед. Манзуратон маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон аст?
- Бале. Пеш аз ҷавоб ба ин савол мехоҳам, таъкид созам, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ маҳз ҳимоя аз ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон маҳсуб меёбад. Он дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” сурат мегирад. Тибқи қонун дар бозори истеъмолӣ субъектҳои хоҷагидор – фурӯшанда, иҷрокунандаи кор ва хизматрасонӣ бояд ба истеъмолкунанда, яъне харидор (кору хизматрасонӣ) - и хушсифат, безарар, ҳамчунин, маълумоти заруриро дар бораи он пешниҳод кунанд. Аммо, ҳолатҳое кам нестанд, ки фурӯшанда бо истифода аз маърифати пасти ҳуқуқии истеъмолкунанда даст ба фиреб мезанад. Ба таври дигар гӯем, ҳоло ҳам кам нестанд онҳое, ки аз ҳуқуқҳояшон чун истеъмолкунанда истифода бурда наметавонанд.
-То ҷое воқифем, солҳои охир фаъолияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар самти мазкур бо истифода аз воситаҳои муосири таблиғ, мушаххас машғул шудан бо мушкилоти истеъмолкунандагон густурдатар мегардад...
- Аслан, тарғибу ташвиқ, хосса дар масоили ҳуқуқӣ раванди тӯлонист, ки натиҷааш якбора рӯзи дигар маълум намешавад. Корбарӣ бо аҳолӣ, ки сатҳи донишашон, ҳатто муносибаташон ба ҳуқуқҳои худ гуногун аст, вижагиҳои худро дорад. Барои ҳамин вохӯрӣ, ҷамъомаду семинарҳо бо донишҷӯёну омӯзгорон, соҳибкорон, сокинони маҳалҳо бо назардошти чи гуна будани аудитория гузаронда мешавад. Ҳамчунин, мо аз видеороликҳо, сатрҳои равони телевизионӣ, банерҳо, буклету дастурҳо ва дигар воситаҳои муосири реклама васеъ истифода мебарем. Ин ҳама дар маҷмӯъ, ба баланд шудани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон мусоидат карда истодаанд.
- Солҳои охир дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ марказҳои машваратӣ ташкил шудаанд, ки бо истеъмолкунандагон бевосита кор мебаранд.
- Воқеан, айни замон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 64 марказ амал мекунад. Ҷиҳати мусбати кори онҳо дар он аст, ки қаблан истеъмолкунанда, агар ба мушкиле дучор мешуд, масалан, моле мехарид, ки нуқс доштаасту фурӯшанда онро бозпас гирифтан ё иваз кардан намехоҳад, маҷбур мешуд, ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ муроҷиат кунад. Бо фаъол гардидани марказҳои машваратӣ имконияти дар худи маҳал бартараф кардани нақзи ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо фароҳам омад. Зимнан, хотиррасон мекунам, ки ҳангоми хариди мол истеъмолкунанда тибқи қонун ҳуқуқ дорад дар муддати 14 рӯз онро баргардонда, пулашро талаб намояд ё иваз кунад.
- Соли гузашта Тоҷикистон Ҷаласаи 15 - уми Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мизбонӣ кард. Аз назари Шумо, кадом масоили умда дар чунин сатҳи баланд бори нахуст баррасӣ гашт?
- Ҷаласа 25 октябри соли 2018 дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони воломақоми соҳавии ҷумҳуриҳои Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, намояндагони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, комиссияи иқтисодии АвруОсиё баргузор гардид. Дар баробари баррасии дурнамои ҳамкориҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳамчунин, масъалаи истифодаи «ҷаримаҳои гардишӣ» ба сифати воситаи муассири мубориза бо маҳсулоти қалбакӣ ва бардурӯғ, таъмини ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар соҳаи тиҷорати электронӣ дар давлатҳои аъзои ИДМ - ро метавон ном бурд. Татбиқи қарорҳои ҷаласа имкон медиҳад, ки дар кори муштараки ҳимояи истеъмолкунандагон қадаме ба пеш гузошта шавад.
- Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо раванди доманадору гуногунпаҳлуст. Мешавад, ки аз натиҷаи кори хадамот дар ин самт мисолҳои мушаххас оред?
- Воқеан ҳам, агар як самти умдаи фаъолиятамон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию молиявии истеъмолкунандагон бошад, дигар паҳлуи муҳим санҷиши он аст, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чи андоза риояю иҷро мешавад. Ва ин назорат дар асоси «Санҷиши нақшавии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» сурат мегирифт. Аз ҷумла, санҷиш дар Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ» нишон дод, ки аз ҷониби шахсони масъули марказ (хазинадорон) барои ташхиси фаросавтии тиҳигоҳи тарафи рост ҷиҳати муайян намудани бемории кӯррӯда аз ҳар бемор 6 сомонӣ гирифта мешавад. Ҳол он ки дар номгӯи хизматрасониҳои аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқашуда чунин ташхис пешбинӣ нагардидааст ва ин нақзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мебошад. Бо амрномаи хадамот маблағи беасос аз беморон ситонда ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта шуд.
Мисоли дигар. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова» - и ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар давраи солҳои хониши 2016 - 2017 ва 2017 - 2018 бо сабабҳои гуногун 6 донишҷӯ аз курси як то се хориҷ карда шудааст. Лекин маблағи шартномавии таҳсил барои соли ояндаи хониш ба онҳо баргардонда нашудааст. Бо дахолати Хадамот ҳуқуқи собиқ донишҷӯён ҳимоя ва маблағ баргардонда шуд.
Сокини шаҳри Душанбе Сафармо Алиева аз хизматрасонии номуносиби нуқтаи фурӯши атриёти маркази савдои «Садбарг» - и шаҳри Душанбе ба мо шикоят кард. Пас аз дахолати кормандони хадамот соҳибкор З. Ҳамидова маҳсулоти атториро бозпас гирифта, маблағи шаҳрвандро баргардонд.
Як соли охир ба хадамот 52 аризаи хаттӣ, 28 муроҷиати шифоҳӣ ва 3 электронии шаҳрвандон ворид гардид. Дар натиҷаи баррасии онҳо дар асоси муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 54 ҳазор сомонӣ ба истеъмолкунандагон баргардонда шуд. Инчунин, зиёда аз 121 ҳазор сомонӣ даромади беасоси субъектҳои хоҷагидор ошкор гардида, он ба буҷети давлатӣ гузаронда шуд.
Мусоҳиб Хуршеди ҶОВИД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2019    №: 53    Мутолиа карданд: 357

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед